Дар як сатр
» » СӮГВОРӢ: МАРГИ СОҲИБДИЛ ҶАҲОНЕРО ДАЛЕЛИ КУЛФАТ АСТ

СӮГВОРӢ: МАРГИ СОҲИБДИЛ ҶАҲОНЕРО ДАЛЕЛИ КУЛФАТ АСТ

12-12-2019, 14:35

Марги соҳибдил ҷаҳонеро далели

кулфат аст,

Шамъ чун хомӯш гардад, доғи

маҳфил мешавад.

Марги дӯсту бародар, ҳамкасбу ҳамкор Ҳусейнҷон Маликов, ки он 30 ноябри соли 2019 рух дод, ҳамаи моро қомат шикаст. Барои мо шунидани ин хабари шум сангин буд. Боварамон намеомад, ки ин инсони шариф дунёи фониро тарк кардаю дигар ба идора намеояд, ҳолу аҳволпурсӣ ва қиссаҳои рангинро аз ҳаёти эҷодӣ нақл намекунад. Аз ин ҷост, ки дил мехост фарёд занад, то ба гӯши само оҳу фиғони мо бирасад. Баробари шунидани ин хабар ба ҳамкорам Исматулло Ҳасанов, ки дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ сукунат дорад, занг зада, ӯро низ аз ин мусибат огаҳ карданӣ шудам.

-Исматулло, ягон хабаре шунидаӣ? - пурсидамаш.

-Бародари азиз, ақаллан ту бигӯ, ки ин хабар дурӯғ аст,-бо овози канда-кандаю ларзон гуфт Исматулло.

Оҳ, кошки чунин мебуд, зеро то ҳол худи ман ҳам ба марги Ҳусейнҷон бовар намекардам. Забон ҳам ба гуфтани ин вожа оҷиз монда. Боз дубора танам ларзид, сардӣ вуҷудамро пахш кард, бехуд шудам. Агар бо "ин гап дурӯғ аст” гуфтанам ба Ҳусейнҷон ҷон мебахшидам, шабу рӯз такрор ба такрор фарёд мезадам: "Хабари марги Ҳусейнҷон дурӯғ аст!” Афсӯс, сад афсӯс, ки чунин набуда. Ба қавли шоир:

Наёбад касе чора аз дасти марг,

К-ӯ боди хазон асту мо ҳамчу барг.

... Дар бораи шахсе, ки бо ӯ дӯстиву ҳамкории тӯлонӣ доред, аз нигоҳи аввал, чизе навиштан кори осон менамояд. Вале, вақте ки шахсияти ӯро бо тамоми фазилату бузургиаш пеши назар меоваред, намедонед аз чӣ оғоз кунед. Дар қолаби чанд варақ ғунҷонидани ҳамаи меҳру эҳтиром нисбати дӯсти ҷонӣ осон нест. Бо вуҷуди ин ҳама, мехоҳам чанд бардошту андешаи худро аз рӯзгор ва фаъолияти касбии дӯсту бародархондам, собиқадори матбуоти тоҷик, Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳусейнҷон Маликов ба қалам диҳам.

... Ҳусейнҷон Маликов соли 1976, баъди хатми Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ дар ноҳияи Вахш фаъолияти меҳнатии хешро аз омӯзгори мактаб оғоз кард. Ӯ дар баробари омӯзгорӣ ба эҷодкорӣ низ рӯ овард. Шавқу ҳаваси қаламкашӣ ӯро ба саҳнаи эҷодкорӣ баровард. Ҳусейнҷон қаблан бо рӯзномаи ноҳиявии "Вахш” ҳамкорӣ дошту навиштаҳояш дар саҳифаҳои он чоп мешуд. Хабару мақола, лавҳаю гузориш, очерку ҳикояҳои хурд менавишт, равону сода менавишт ва аллакай хонандагони худро дошт. Истеъдоди ӯро ба инобат гирифта, ӯро ба кор, ба рӯзнома даъват карданд. Ӯ бо ҳамин ба кори рӯзноманигорӣ гузашт. Дар ин ҷода низ роҳи худро дарёфту муваффақ ҳам гашт. Бо аҳли қалами рӯзнома зуд унс гирифт. Аз рӯзноманигорони собиқадор нозукиҳои ин касбро омӯхт. Бо мурури вақт аён гашт, ки ӯ дар интихоби касб хато накардааст.

Соли 1979, вақте ки нашрияи вилояти навташкили Хатлон бо номи "Ҳақиқати Қӯрғонтеппа” таъсис ёфт, Ҳусейнҷон Маликов бо тавсияи ҳамкасбон ба ин рӯзнома ба кор омад. Сармуҳаррири рӯзнома Муқим Абдураҳмонов ӯро хуш истиқбол карда, қабл аз қабул ба кор ба Ҳусейнҷон супориш дод, ки аз ҳаёти шахсиятҳои номдор очерк ва лавҳае нависад.

Ҳусейнҷон Маликов супориши сармуҳаррирро ба таври оҷилӣ дар муддати як рӯз иҷро кард. Очерк ва лавҳаи омодакардаи Ҳусейнҷон ба Муқим Абдураҳмонов маъқул омад ва барои тезу поккорӣ, интихоби қаҳрамону мавзӯъ, усули навишту баёни рӯзгору ҳаёти қаҳрамонаш таърифаш намуд...

Ибтидои шиносоӣ ва дӯстии бардавоми мо аз ҳамон сол оғоз ёфт. Тӯли ин солҳо ҳамроҳи Ҳусейнҷон фаъолият кардаам. Ибтидои кор дар рӯзномаи навтаъсис душворию сахтиҳо дошт. Шабу рӯз эҷод кардану барои чопи ҳар шумора навбатдорӣ намудан лозим меомад. Махсусан фасли замис-тон кор душвортар буд, зеро кормандон бо ҷойи хоб танқисӣ мекашиданд. Онҳо аз рӯзномаҳои ноҳияҳои гуногун ба кор омада буданд. Идораи рӯзнома, ба қавле, ба хонаи дуюми мо табдил ёфта буд. Нафаре шикоят аз шароити корӣ намекард, ба касби хеш содиқ буданд, ба мардум саривақт ғизои маънавӣ мерасониданд. Ҳусейнҷон дар байни ҳамкорон намуна буд, бо хислатҳои некаш-одобу ахлоқи хуб, тамкинӣ, одаму одамгарӣ, хушсуханӣ, поккорӣ аз ҳамкасбон фарқ мекард. Ҷойе, ки ӯ буд, ғайбат, шикоят, бадбинӣ, ҳасадбарӣ роҳ намеёфт. Дарёдилу дардошно буд, панду насиҳат мекард ва маслиҳатҳо медод. Чунин инсонҳоро одами Худо мегӯянд. Ӯ дар асл инсони заминӣ, поксиришт, марди Худо буд.

Солҳои баъди ҷанги шаҳрвандӣ ин соҳибқалам ҷойи корашро иваз  намуд. Фаъолияти кориро дар идораи телевизион ва радиои вилоятии  Хатлон, ки навташкил буд, идома дод. Дар телевизиони вилоят кадрҳои тахассусӣ намерасид. Дар он ҷавонони камтаҷрибаи эҷодӣ ҷамъ омада буданд. Ҳусейнҷон вазифаи пурмасъулияти сармуҳарририро  иҷро мекард ва таъмину омодасозии барномаҳоро ба уҳда дошт. Ӯ дар ин ҷо мактаби худро кушод. Дас-ти навкоронро рост карда, ба онҳо илми рӯзноманигориро меомӯзонд...

Ҳусейнҷон баъди ба нафақа баромадан низ аз касби журналистӣ дил канда натавонист. Тез-тез ба суҳбату дидори ҳамкасбону ҳамкорон ба идораи рӯзномаи "Хатлон” ва телевизиони вилоят омада, хушгӯӣ мекарду дар таҳрири мақолаҳо кумак менамуд ва ба нафаре маслиҳат медод.

.. Ҳамон рӯз ӯ бо сарулибоси нав ба идораи рӯзнома омад. Дар ҳалқаи ҳампешагон нимшӯхиву нимҷиддӣ гуфт: «Эй мардуми қаламкаш, маро муборакбод кунед, костюму шим, куртаву туфлии нав пӯшидаам, магар инро мушоҳида накардед?!» Ҳамқаламон аз ин беаҳамиятӣ хиҷолат кашида, ҳар кадоме пай дар пай муборакбодаш карданд.

Аҷабо, тақдир баъзан бетақдириҳо ҳам доштааст. Ҳусейнҷон дар ҳаёти 65-солаи хеш боре ҳам аз дарде шикоят накардаву ба табиб муроҷиат нанамудааст. Вале ҳамон рӯзи наҳс дар роҳи ба хона баргаштан фишори хунаш баланд шуда, ба беморхона меафтад. Ин хабар рӯзи дигар ба мо расид ва онро ҳазли беҷои нафаре аз ҳамкорон пиндоштем. Мутаассифона, Ҳусейнҷон дар ҳолати беҳушӣ дар беморхона, дар шуъбаи эҳёгарӣ бистарӣ буд.

...Марг гулчин аст, бештар онҳоеро мебарад, ки азизу писандида, гули сари сабаданд. Онҳо бо сухани ширину меҳнати ҳалол, маҳфилороиву дидаи нурбор ҳамеша пеши чашму дар қалби мардуманд. Ҳусейнҷон Маликов дорои чунин хислатҳои олии инсонӣ буд. Вале, сад афсӯс, ки ҳамкору дӯсти мо, шахси хирадманду соҳибдил дунёи пуршӯрро тарк кард. Ҳусейнҷон, тавре дар боло ишора рафт, воқеан ҳам, қалби саршор аз меҳру муҳаббат нисбат ба меҳан, қалби моломоли пур аз самият нисбат ба оилаву ҳамкорон ва касби журналистӣ дошт ва ин ҳама ӯро миёни мардум соҳибобрӯ гардонда буд. Ҳусейнҷон дар зиндагии хеш пайваста бар он мекӯшид, ки нафъаш ба ҷомеа бештар расад.

Фалакро бин, ки зулме нораво кард,

Туро аз ман, маро аз ту ҷудо кард.

Ғами олам ҳама реги биёбон,

Фалак барчиду бар домони мо кард.

Завҷаи меҳрубонаш Бибимоҳ гулдухтаронаш Махфират, Миҷгона, Маҳваш, Маърифат ва Фарзона имрӯз мусибати калон доранд. Онҳо сутуни хонадон, шавҳари меҳрубон, падари ғамхорро аз даст дода, акнун ашки ғаму дард, ашки ҷудоӣ аз шахси барояшон азиз, ашки талхи қисмат мерезанд. Манзили ҳафтае пеш ободу тӯйхонаашон сарду мотамхона гаштааст. Онҳо низ ҳанӯз ба марги Ҳусейнҷон ҳеҷ бовар надоранд. Бо умеди дидори ӯ, шунидани лаҳни ширинаш вориди ҳуҷраи хобаш шуда, ӯро меҷӯянд. Вале ҳайҳот, дар ин ҷо Ҳусейнҷонро намеёбанд. Коғазу қаламаш рӯи мизи кориаш ҳайрону парешонанд, акнун китобҳои бешумораш дар рафҳо хобидаю онҳоро Ҳусейнҷон саҳифагардону мутолиа намекунад.

Бибимоҳ бо қалби садпора расми шавҳарро ба даст гирифта, нолаю навҳа мекунад. Барои холӣ намудани  алами дили худ бо ӯ гуфтугӯ мекунад, вале аз ин таскин намеёбад. Бо дидагони пурашк мегуфт: "Ман тамоми умр бо ёди ту, бахти худододии худ месӯзаму ашк мерезам. Охир, ту аҷаб дили бекина доштӣ, мӯреро ҳам озор намедодӣ. Зеро мехостӣ ягон маводи хонданӣ баҳри хонандаи рӯзнома нависӣ, зиндагиномаи нафари арзандаеро рӯйи коғаз оварӣ, ин буд, ки номат вирди забони мардуми хосу ом буд. Бисёр китоб мутолиа намуда, бисёр эҷод мекардӣ. Дар зиндагӣ дар паҳлуям будиву давлате ба сар доштам. Ифтихор аз он мекардам, ки хонаи обод, фарзандони ширину баномус ва шавҳари меҳрубону ғамхор ва дардошно дорам. Худованд бароят хислатҳои неки худро ато намуда буд. Дар кору пайкори зиндагӣ номи неки худро боқӣ гузоштӣ.  Ҳайҳот, имрӯз дасти бераҳми аҷал моро аз якдигар ҷудо кард.

Ҳусейнҷони ман! Ба маргат ҳеҷ боварам намеояд. Ҳар лаҳза чашм ба роҳат дӯхта, гумон мекунам, ки дарро кушода, вориди хона мешавӣ. Сад дареғо, садое намебарояд, дари хона кушода намешавад. Ба тақдир тан медиҳам. Ту рафтию дигарбора барнамегардӣ. Духтарони ҷигарбирёнат «Отам аз кор омада бошад», - гӯён дари ҳуҷраатро мекушоянд. Аммо падарро он ҷо намеёбанд. Аз ин ҷудоӣ, аз ғаму андуҳ бисёр мегирям. Ба қавли шоир:

Зи марги нобаҳангомат, азиз

бисёр месӯзам,

Бо худ мепечам аз андуҳу

оташвор месӯзам.

Зи хоки сарди гӯри ту ба дил афтода

 як сӯзе,

Миёни оташи андуҳи одамхор месӯзам.

Фаромӯш кай шавад аз ёди ман

он меҳрубониҳо,

Ҳамеша баҳрат, эй инсони

накукор, месӯзам.

Шавҳари раҳматиам! Ту барои мо зиндаӣ. Ҳамеша дар паҳлуи ману ҷигарбандонат ҳастӣ. Дар дидагони мо будӣ, акнун ба қалбамон гузаштаӣ...”

... Дар рӯзи видоъ бо Ҳусейнҷон Маликов дӯстону ҳампешагон ва онҳое, ки ӯро мешинохтанд, омада буданд. Ҳама ғамгину дидагони пурнам доштанд, аз хислатҳои поки марҳум ёдовар мешуданд. Инак, чанде аз ин гуфтаҳоро рӯи коғаз меорам.

Асалмо Сафарова, сармуҳаррири рӯзномаи "Хатлон”: "Умр ба мисли дарёсту аз рафтани он бехабар мемонӣ. Бо вуҷуди ин, ҳастанд инсонҳое, ки ҳар лаҳзаи умри хешро сарфи касби дӯстдошта карда, дар зиндагӣ шуҳратёру сарбаланд гаштаанд. Бо чунин шахсон як вохӯрӣ ва лаҳзае суҳбат кардан то абад дар  лавҳи хотир нақш мебандад. Орзу мекунӣ, ки ҳамеша дар гирди суҳбати чунин инсонҳои шарифу фарҳангӣ нишаста, аз лаҳзаҳои хотирмони умрашон қиссаҳо шунавӣ ва аз рӯзгори некашон панде бардорӣ. Дӯстиву рафоқат бо чунин одамон ҳеҷ гоҳ пушаймонӣ намеорад. Ҳусейнҷон Маликов аз зумраи чунин инсонҳо буд. Ман хеле хушбахтам, ки дар ҳаёт бо ин инсони шарифу дидадаро риштаи дӯстӣ доштам. Солҳои тӯлонӣ дар рӯзномаи вилоятии "Ҳақиқати Қӯрғонтеппа” (ҳозира "Хатлон”)  ва идораи телевизион ва радиои Хатлон якҷоя фаъолият доштем. Марҳум ҳамчун рӯзноманигор  нотакрор буд. Ӯ ҳамеша кори пурсамар мекард. Рӯзона факту рақам ҷамъ оварда, шабона дар хона мақола менавишт. Барои ҳар як  сатри навиштааш хуни дил мехӯрд. Ӯ инсоне буд, ки касбашро дӯст дошта, вазифаи бар дӯшаш вогузоштаро сари вақт, хубу хонданӣ иҷро мекард. Дидаю шунидаҳояшро мехост ҳатман пешкаши мардум гардонад. Махсусан, дар навиштани очерк ҳамто надошт. Зиндагиномаи қаҳрамононаашро тавре инъикос мекард, ки гӯё ӯ низ шоҳиди рӯзгори он инсонҳо бошад. Дар корзори онҳо меҷӯшид ва навиштаҳояш низ воқеӣ, содаю хонданӣ буд ва аз панду ҳикматҳои мардумӣ фаровон истифода мекард. Хонанда аз мутолиаи маҳсули қаламаш баҳра мебардошт”.

Сайдалӣ Бобохонов, собиқадори матбуоти тоҷик: "Дар хусуси одаму одамгарӣ, дӯстиву рафиқӣ ва меҳру садоқати касб ба мисли марҳум Ҳусейнҷон Маликов дар зиндагӣ ангуштшуморанд. Дар баробари рӯзноманигорӣ нексиришту хушсалиқа, масъулиятшиносу пурмаҳсул, поккору зудамал будан, ӯ инчунин хушчақчақу зиндадил ва маҳфилоро буд.

Бисёрҳо мушоҳида кардаам, ки баъзе рӯзноманигорон, бо мурури замон, дар рафтору гуфторашон ба куллӣ тағйир меёбанд. Вале Ҳусейнҷони раҳматӣ, ба назари ман, танҳо зоҳиран, яъне ба  синну сол ва ҷусса тағйир меёфт. Албатта, сол ба сол хирадмантар, боақлтар, солортар мегардид. Вале рафтори ӯ, хислатҳои айёми ҷавониаш бетағйир монд. Ҳусейнҷон бо хислатҳои некаш дар ёди мо абадӣ боқӣ мемонад”.

Носирҷон Маъмурзода, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон:"Акаи Ҳусейн-ҷонро солҳои зиёде мешиносам. Ӯ инсоне буд нотакрор. Ҳамчун рӯзноманигор назир надошт. Сермаҳсул буд. Мавзӯъҳои хубу рӯзмарра меёфт. Аз рӯзгору фаъолияти меҳнатии одамони сарбаланди диёр очеркҳои хуб менавишт. Марҳум табиатан шӯх, ҳазлгӯй ва маҳфилоро буд. Ҳар пагоҳӣ ба идораи рӯзнома омада, ба ҳамкорон "қаламу коғазро яксӯ монед”, гӯён латифае мегуфту табъи моро болидаву илҳомамонро бедор менамуд. Бо ҳамин тамоми рӯз бо рӯҳи болида кор мекардем. Ӯ дар баробари маҳорати баланди  журналистӣ доштану серкор будан, бисёр китоб мутолиа мекард. Хастагиашро бо китобхонӣ мебаровард. Суҳбатҳояш пандомез буд. Дар суҳбатҳояш кас ҳеҷ гоҳ дилгиру хаста намешуд. Акаи Ҳусейнҷон Маликов рӯзноманигоре буд, таъҷилӣ кор мекард, кораш пухтаю судманд буд.

Сад афсӯсу дареғ, ки ин инсони шарифу азиз ва нотакрор акнун дар байни мо нест. Вале кору номи некаш абадӣ дар қалби мо боқӣ мемонад. Рӯҳат шоду манзили охиратат обод, бод устоди сухан!”...

"Аз нек боғ”,  гуфтаанд. Ҳусейнҷон Маликов ба касби рӯзноманигорӣ содиқ буду доимо ба андешаи эҷод кардан мекӯшид. Танҳо бо меҳнати софдилонаю беғаразона обрӯю эътибор ёфт. Ҳамзамон тавонист фарзандони солеҳ ба камол расонад. 5 гулдухтарашро хононду соҳибмаълумот гардонд. Дар зиндагӣ дӯстони зиёде пайдо кард, шогирдони номбардорро тарбия намуд.

Ҳусейнҷони мо рафт, рафт аз байни мо ва манзил ҷойи дигар кард, акнун дар манзили хомӯшон хуфтааст. Ба ҳамаи пайвандону азизони ин марди шариф, оқилу доно-Ҳусейнҷон Маликов аз даргоҳи Худованди  пок сабру таҳаммул хоста, ба шодравон мағфирати илоҳӣ ва манзили ободи охират орзу дорем. Номи неки ӯ то ҷовидон дар қалбу ёдҳо маъво хоҳад дошт.

Чун ба гетӣ ҳар кӣ меояд, равон

хоҳад гузашт,

Хуррам он кас, к-ӯ накуном аз ҷаҳон

хоҳад гузашт.

 

С. АТТОР, «Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Накуном зист, некном рафт

Накуном зист, некном рафт

Чеҳранигорӣ
«Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» бароям мактаби бузург буд

«Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» бароям мактаби бузург буд

Чеҳранигорӣ
Фурӯзон чун чароғи тобон буд

Фурӯзон чун чароғи тобон буд

Чеҳранигорӣ, МАЛИКОВ ҲУСЕЙН
Ёдат ба хайр, марди Худо!

Ёдат ба хайр, марди Худо!

Хабарҳо, Чеҳранигорӣ, АСАЛМО САФАРОВА, САТТОР ҚАРАХОНОВ

ҲУСЕЙН МАЛИКОВ

Ҳайати эҷодӣ