Дар як сатр
» » ҲАДАФ - ИСЛОҲИ КАМБУДИҲОИ ҶОЙДОШТА

ҲАДАФ - ИСЛОҲИ КАМБУДИҲОИ ҶОЙДОШТА

12-12-2019, 14:34

Дар ноҳияи Дӯстӣ бо иштироки кормандони ҳокимияти судии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷамъомади корӣ доир гардид. Дар ҷаласа роҳҳои ҳалли он камбудиҳое, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 21-уми ноябри соли равон бо кормандони ҳокимияти судӣ баён доштанд, матраҳ гардид.

Дар ҷамъомади корӣ муовини якум ва судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди вилояти Хатлон, ҳамзамон раиси ноҳияи Дӯстӣ иштирок  доштанд. 

Муовини якуми раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфуллозода Шавкат зимни баромади хеш ёдрас шуд, ки судяҳоро бевосита Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазифа таъйин ва озод менамояд. Бинобар ин, натиҷаи фаъолияти онҳо ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Роҳбари олии давлат ва Ҳукумати кишвар қарор дорад. Баррасии саривақтӣ ва шаффофу одилонаи парвандаҳо дар ҳамаи зинаҳои судӣ боварии сокинонро ба давлат, адолат ва қонун меафзояд.

Раиси Суди вилоят Рустам Мирзозода зимни баромади хеш иброз дошт, ки судяҳо аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон санад қабул мекунанд ва ба ин далел онҳо ҳуқуқи хато карданро надоранд.   Барои дуруст ва бехато ҳаллу фасл намудани даъво ва баҳсу мунозираҳои судӣ кормандони ин ниҳод, бахусус  кадрҳои ҷавон бояд дониш ва таҷрибаи худро мунтазам сайқал диҳанд. Ба ин хотир ҳар моҳ семинарҳои омӯзишӣ дар шаҳру навоҳии вилоят доир карда мешавад.

Дар робита дар самти баррасии парвандаҳои оилавӣ таъкид карда шуд, ки кормандони ҳокимияти судӣ сабаб ва шароити азҳампошии оилаҳоро таҳлил намуда, дар ҳамкорӣ бо дигар масъулон ва фаъолони ҷомеа оқибатҳои бекор кардани ҳар ақди никоҳро ба аҳолӣ фаҳмонанд, то минбаъд ҷудошавии оилаҳо ҷилавгирӣ карда шавад. Зеро бекоркунии ақдҳои никоҳ мушкилоти иқтисодӣ ва зарбаи рӯҳӣ ба кӯдакон расонида, баҳсу даъво оид ба рӯёнидани алимент, маскуннамоӣ ва хусумату бадбинии оиларо эҷод мекунад, гуфта шуд дар вохӯрӣ. 

Дигар таъкид ин буд, ки зимни баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаи ҷазоро дуруст омӯхта, пасон баҳогузорӣ карда шавад, бахусус ҳангоми ҳукм баровардан оид ба ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта.  Зеро ин намуди ҷинояткорон гоҳо ислоҳ намешаванд. Яъне,  таъйин кардани ҷазоҳои сабук боис мешавад, ки онҳо ба амалҳои хунин ва таркиш даст зананд. Маҳз ҳамин қабил касон дар мағзшӯйи кардани ноболиғон ва ҷавонони камсавод муваффақ гардида, онҳоро бар зидди инсоният ва ҳаёти осоишта мешӯронанд.

Дар ҷамъомади корӣ судяҳо дастур гирифтанд, ки ҳарчи зудтар камбудиҳои аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баёншударо бартараф ва таъкидҳояшро сармашқи кори худ намоянд. Яъне, бо мардум хушмуомила бошанд ва бо дилу нияти пок ба халқу ватан хизмат кунанд. Зеро аз болои санадҳои баровардаи судҳои зинаи аввал арзу шикоятҳо ду маротиба зиёд афзудааст. Дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ  бошад, тақрибан ду ҳазор санади судӣ то ҳол беиҷро мондааст.

 

Ҳасан АБДУРАҲИМЗОДА, «Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Бекоршавии ақди никоҳ рӯ ба афзоиш аст

Бекоршавии ақди никоҳ рӯ ба афзоиш аст

Ҳаёти иҷтимоӣ

Мулоқот бо сокинони ноҳияи Шаҳритӯс

Ҳуқуқу амният

Судяҳо дар фаъолияти худ мустақиланд

Ҳуқуқу амният
Оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ ҳанӯз нуқтаи ниҳоӣ нест

Оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ ҳанӯз нуқтаи ниҳоӣ нест

Ҳуқуқу амният

Семинар: «дастрасӣ ба иттилооти судӣ»

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният