Дар як сатр
» » БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ СОҲИБКОРӢ ДАР ХАТЛОН

БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ СОҲИБКОРӢ ДАР ХАТЛОН

12-12-2019, 14:28

5 декабр дар шаҳри Бохтар маросими ифтитоҳи расмии фаъолиятҳои Ассотсиатсияи соҳибкорони Хатлон баргузор гардид.

Дар ин ҳамоиш муовини раиси вилояти Хатлон Раҷабалӣ Раҷабов, намояндагони сохтору идораҳои масъули давлатӣ, соҳибкорон, шарикони рушд, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар тарафҳои ҳавасманд иштирок намуданд.

Зикр гардид, ки чорабинии мазкур бо мақсади муаррифӣ намудани Ассотсиатсияи соҳибкорони Хатлон, шиносоӣ бо нақшаҳои фаъолияти Ассотсиатсия ва даъвати дигар шарикони рушд барои ҳамкорӣ гузаронида мешавад.

Муовини раиси вилоят Раҷабалӣ Раҷабов зимни ифтитоҳи ҳамоиш қайд кард, ки Ассотсиатсияи мазкур бо мақсади дастгирии соҳибкорони вилояти Хатлон, мусоидат ба баланд бардоштани донишу малакаи иқтисодӣ ва ҳуқуқии онҳо, таъминоти иттилоот, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо, мусоидат дар иштироки фаъолонаи соҳибкорон дар раванди ислоҳоти муҳити соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ташкил карда шудааст.

- Имрӯз давлату Ҳукумати Тоҷи-кистон ҷиҳати дастгирии воқеии бахши соҳибкорӣ тадбирҳои мушаххасу муассир меандешад, - илова кард Р. Раҷабов. – Масалан, дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 январи соли 2019, №1181 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 январи соли 2018, №990” дар вилоят 530 субъекти соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ ба мораторий фаро гирифта шудаанд. Татбиқи ин фармон мусоидат намуд, ки ҳаҷми афзоиши маҳсулоти саноатӣ, аз қабили истихроҷи нафт ва гази табиӣ, канданиҳои фоиданок, истеҳсоли маводи хӯрока, нӯшокиҳои спиртдор ва беспирт, дӯзандагӣ, маводи кимиёвӣ, маснуоти резинӣ ва пластмассӣ, маҳсулоти ғайрифилизии маъданӣ, маснуоти тайёри филизӣ, истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ, маснуоти мебелӣ ва коркарди чӯбу тахта ва маснуоти чӯбин дар сатҳи аз 114% то 3 баробар таъмин карда шавад.

Муовини раиси вилоят таъкид намуд, ки дар вилояти Хатлон барои амалишавии ҳадафи чоруми миллӣ ҳамаи имкониятҳо мавҷуд буда, барои ин танҳо муҳлат, садоқат ва дилсӯзӣ зарур мебошад, ки он ҳам на танҳо дар вуҷуди соҳибкорон, балки ҳар як фарди боору номуси вилоят нуҳуфтааст.

Роҳбари Ассотсиатсияи соҳиб-корони Хатлон Зафар Ализода зимни суханронии худ иттилоъ дод, ки ин ассотсиатсия моҳи майи соли 2019 таъсис дода шуда, 12 аъзоро, ки ба агробизнес, коркарди меваю сабзавот, бизнеси сардхонаҳо машғуланд, инчунин чанде аз ташкилотҳои ҷамъиятии вилояти Хатлонро муттаҳид месозад.

- Ҳамкорони Ассотсиатсияи со-ҳибкорони Хатлон сохтору идора-ҳои масъули давлатӣ дар вилояти Хатлон, Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон, Маркази ташаккул ва рушди соҳибкорӣ, Иттифоқи рушди бахши хусусӣ, Ассотсиатсияи агробизнесменҳои Тоҷикистон, Ассотсиатсияи агробизнесменҳои Суғд, Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон, Лоиҳаи USAID оид ба беҳтар намудани рақобатпазирии агробизнес дар Тоҷикистон, Лоиҳаи USAID оид ба рақобатпазирии савдо ва таъсиси ҷойҳои корӣ дар Осиёи Миёна, Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид мебошанд, - афзуд З. Ализода.

Дар идома муовини директори генералии Институти байналмилалии логистика ва нақлиёт дар Қазоқистон Эрбол Мухаев, роҳбари шуъбаи рушди иқтисоди USAID Виллиам Хол, роҳбари Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон С. Сафарзода, роҳбари Ассотсиатсияи соҳибкорони Тоҷикистон Ш. Шораҳматов, бонувони соҳибкор Тозагул Самадова, Зиёда Ашӯрова баромад карда, оид ба роҳҳои рушди соҳибкорӣ дар Хатлон табодули назар намуданд.

Дар натиҷаи чорабинӣ миёни Ассотсиатсияи соҳибкорони Хатлон ва се ташкилот, аз ҷумла Филиали Институти Шоҳигарии лоҷистикӣ ва нақлиёт дар Қазоқистон (CILT Kazakhstan); Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон ва Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

Зикр гардид, ки дар самти баланд бардоштани иқтидори аъзои Ассотсиатсия дар ҷодаи рушди тиҷорат, аз ҷумла бақайдгирӣ, маълумоти бозоргонӣ, пешбарии содирот, истеҳсоли молҳои баландарзиш, маҳсулоти дорои арзиши иловагӣ тибқи талаботи бозор дар оянда тадбирҳои муассир андешида мешаванд.

Ҳангомаи ИСМАТ,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ҚАДАМҲОИ УСТУВОР ДАР РОҲИ ТАТБИҚИ ҲАДАФИ ЧОРУМИ СТРАТЕГИИ МАМЛАКАТ

Иқтисоду тиҷорат

БА РУШДИ СОҲИБКОРӢ ТАВАҶҶУҲИ БЕШТАР МЕБОЯД

Иқтисоду тиҷорат

БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ ТАШАККУЛ ВА РУШДИ СОҲИБКОРӢ ДАР ХАТЛОН

Иқтисоду тиҷорат

МУЛОҚОТИ РАИСИ ПСС БО СОҲИБКОРОН

Хабарҳо
Қубодиён. Маркази омӯзишии дӯзандагӣ  кушода шуд

Қубодиён. Маркази омӯзишии дӯзандагӣ кушода шуд

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат, Номаҳои Шумо