Дар як сатр

ИТТИЛОИЯ

12-12-2019, 15:45

Рӯзи 11 декабри соли равон Иҷлосияи XX Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати панҷум баргузор гардид. Ҷаласаи мазкурро раиси Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҳусни оғоз бахшид. Дар Иҷлосия масъалаҳои зерин мавриди баррасии вакилон қарор гирифтанд:

1. Ҳисоботи раиси вилояти Хатлон дар соли 2019.

2. Дар бораи иҷрои буҷети вилояти Хатлон дар соли 2018 ва тасдиқи буҷети вилоят барои соли 2020.

3. Дар бораи тасдиқи нақшаи кории Маҷлиси вакилони халқ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои соли 2020.

4. Дар бораи таъсис додани комиссияи вилоятии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон.

5. Дар бораи муқаррар намудани ҳавзаҳои интихоботӣ оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон.

6. Масъалаҳои ҷорӣ:

а) масъалаи кадрӣ;

б) масъалаҳои номгузорӣ;

в) оид ба тасдиқи қарорҳои раиси вилояти Хатлон.

Сараввал ҳозирин ҳисоботи раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзодаро дар соли 2019 шуниданд. Аз рӯи масъалаи мазкур вакилон аз шаҳру ноҳияҳои вилоят Тоирхон Амиршозода, Саъбагул Валиева, Убайдуллои Файзулло ба музокира баромада, оид ба дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ибрози назар намуданд.

Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзномаи Иҷлосия дар бораи иҷрои буҷети вилояти Хатлон дар соли 2018 ва тасдиқи буҷети вилоят барои соли 2020 сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон Бахтиёр Назарзода гузориш дод. Ҳамин тавр, вакилон нақшаи кории Маҷлиси вакилони халқ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро барои соли 2020 тасдиқ намуданд.

Ҳамчунин, комиссияи вилоятии интихобот оид ба интихоботи вакилони халқи вилояти Хатлон таъсис ёфт. Дар ин баробар ҳавзаҳои интихоботӣ оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон муқаррар гардид. Дар Иҷлосияи XX Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон даъвати панҷум дигар масъалаҳои ҷорӣ, аз ҷумла масъалаҳои кадрӣ ва номгузорӣ низ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Аз рӯи масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдорқабул гардид.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода:«Ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва беҳтар наму ...

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода:«Ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва беҳтар наму ...

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода: «Ҷашни 30-солагии истиқлолиятро бо корҳои ободонию ...

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода: «Ҷашни 30-солагии истиқлолиятро бо корҳои ободонию ...

Ҳокимияти давлатӣ

ИҶЛОСИЯИ НАВБАТИИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОН

Хабарҳо
Ба диққати вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон

Ба диққати вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ
Иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон барпо гардид

Иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон барпо гардид

Сиёсат, Хабарҳо, АСАЛМО САФАРОВА