Дар як сатр
» » Истиқлолияти ватан ифтихори мост!

Истиқлолияти ватан ифтихори мост!

3-11-2017, 09:14

Истиқлолияти ватан ифтихори мост!

Миллати тоҷик аз қадимулайём миллати озодапарасту адолатхоҳ буд. Аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти худ Тоҷикистон дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории нав, таъмини амнияту оромӣ, суботи сиёсиву иҷтимоии кишвар, халқи куҳанбунёди миллати тоҷик бо монеаҳои сангин рӯ ба рӯ гашт. Маҳз сиёсати пешгирифтаи фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҳақиқат номбардор ва шаъну шуҳрати мо тоҷикон мебошад, буд, ки халқи тоҷик аз вартаи нобудӣ раҳо ёфт. Танҳо мо бо ваҳдат ва меҳнати якдилона тавонис-тем то истиқлолияти хешро ба даст биёварем ва онро монанди мардумаки чашм ҳифз кунем ва то абад ватани худамонро обод гардонем. Бешубҳа оромӣ ва суботи ҳар як давлату миллат бар дӯши ҳар як шаҳрванди он вобаста аст, хусусан насли ояндасози миллат-ҷавонон. Бале ҳар як ҷавони тоҷик бояд дарк намояд, ки оянда тақдири халқу ватани хеш маҳз бар дӯши ҷавонон гузошта мешавад ва ҳар як ҷавони бонангу ба номуси миллат барои ободу зебо гардонидани кишвари соҳибистиқлоли худ талош намуда, ободиву амнияти онро таъмин намояд, барои таъмин намудани он масъул бошад.

Гарчанде ба шарофати истиқлолият ба дастовардҳои назарраси сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ноил шуда бошем, ҳам дар марҳилаи мураккабу ҳассоси ҷаҳони имрӯза иттиҳодӣ, ваҳдати миллӣ, маърифату зиракии сиёсӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстиву ватандорӣ бештар ниёз дорем. Ин нуктаро сарвари давлатамон пай бурда, борҳо таъкид кардаанд, ки «Ҷавонони азиз! Ояндаи Тоҷикистон дар дасти Шумост, биёед ба ҷаҳониён исбот намоед, ки миллати тоҷик - миллати сулҳпарвару меҳанпараст мебошад ва кӯшиш намоед, ки Истиқлолияти миллати худро то абад ҷовидон нигоҳ доред ва ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳед».

Мо, наслҳои имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол масъулияти тақдири давлат ва миллатро бар дӯши хеш гирифтаем, бояд халқамонро ҳамеша дар муттаҳидӣ нигоҳ дорем ва ба бунёдкориву созандагӣ раҳнамун созем. Моро мебояд, Истиқлоли кишвари азизамонро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем ва Ватани азизамонро ободу зебо гардонида, нагузорем то дасти бадтинате онро хароб созад. Мо, ҷавонон тамоюлоти хатарноки ҷаҳони имрӯза: аз қабили терроризму экстремизми байналмиллалӣ, қочоқи маводи мухадир, яроқ ва фаъолияти гурӯҳҳои ҷинояткориро, ки метавонанд ба сулҳу суботи минтақа ва амнияти давлатии кишварҳои алоҳида таъсири ногувор расонанд. бояд якҷоя хатари вусъатёбии ин амалҳои номатлубро пешгирӣ намуда, барои сулҳу суббот, амнияти кишварамон ва оромии ҷомеаи имрӯзаи тоҷик сайъу талош ва тадбирҳои мушаххас андешем. Дар тӯли 26 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистони азизамон ба дастовардҳои назаррас ноил гардидем, ки ин маҳз аз заҳматҳои бузурги мардони бонангу баномуси ин диёри биҳиштосо мебошанд.

Фурқат РАҲМАТУЛЛОЗОДА,
котиби суди ноҳияи Восеъ



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Озодии мо зи файзи истиқлол аст

Озодии мо зи файзи истиқлол аст

Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Ифтихори миллати тоҷик

Ифтихори миллати тоҷик

Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Роҳи сулҳ - роҳи наҷоти миллат

Роҳи сулҳ - роҳи наҷоти миллат

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ, Номаҳои Шумо
Дар соли 2016 ба дастовардҳои бештар ноил гардем

Дар соли 2016 ба дастовардҳои бештар ноил гардем

Сиёсат, Хабарҳо
Назарзода ба қасами ҳарбӣ хиёнат кард

Назарзода ба қасами ҳарбӣ хиёнат кард

Сиёсат, Хабарҳо, Номаҳои Шумо