Дар як сатр
» » ПАРЧАМ-РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ПАРЧАМ-РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

24-11-2019, 06:47

Парчам дар таърихи давлатдороии тоҷикон  таърихи қадима дорад. Ҳанӯз дар гузашта Коваи оҳангар пешбанди худро ҳамчун рамзи муборизаи адолатхоҳӣ  гирифта, чун парчам истифода карда, дар мубориза барои пойдории адолат, ҳақиқат, росткорию ростқавлӣ асос гузошт. Дар таърих ва адабиёти гузаштаи мо мисолҳое зиёданд, ки бо истифода аз парчам одамон ба мубориза барои ҳуқуқҳои инсонии худ бархоста, талабу дархостҳои адолатхоҳонаи худро амалӣ мекарданд.

Соли 1992 кишварро ҷанги шаҳрвандӣ фаро гирифта, беш аз 160 ҳазор ҷавонон ба шаҳодат расиданд. Водии тиллоии Вахш ба харобазор табдил ёфта, манзараи ҳуснангезро ба худ гирифт. Идомаи ҷанг маънои аз байн рафтани давлатро дошт. Бо мақсади  ба эътидол овардани вазъият дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи таърихии 16-и Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо гашт. Иҷлосия силсилаи қонунҳо ва қарорҳое қабул кард, ки ба эътидол омадани вазъият дар кишвар мусоидат намуд.

Роҳбари давлат-раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб шуд. Бо даъвати Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сардорони гурӯҳҳои силоҳбадаст дар Қасри Арбоб байни худ машварат ороста, ба созиш омаданд.  Онҳо бо нишони эҳтирому садоқат ба хотири якпорчагии Тоҷикистон ба ваҳдат омада, Парчами Тоҷикистони азизро ба дидаҳо молида, паймон намуданд, ки баҳри пойдории сулҳу салоҳ кӯшиш менамоянд.

Гӯё ин лаҳзаҳо Парчами давлатӣ бар сари Қасри Арбоб тоҷи миллат буду парафшон ба мардум ва аз оғози сулҳу созиш муждаи нек мерасонд. Парчами давлатӣ дар болои Қасри Арбоб авонҷ мехӯрд, ин манзараи фараҳфазо ба дили пиру барно шодию нишот бахшид. Вазъият дар манотиқи гуногуни кишвар ба эътидол омада, аз ояндаи дурахшони кишвар хабар медод.

Мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боло ва ё пештоқи бино ва ё ба пояи махсус дар ҳавлии Қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти прокуратураҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, намояндагиҳои дипломатӣ ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ гузошта мешавад.

Ҳамзамон, Парчами давлатӣ дар болои биное, ки ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияи маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, маҷлисҳои вакилони халқи вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, инчунин дар толорҳои ҷаласаҳои мақомотҳои мазкур афрохта мешавад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” моҳият ва тартиби истифодаи расмии Парчам ва дигар рамзҳои давлатиро муайян намудааст. Парчам мутобиқи қонун дар утоқҳои кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин дигар биноҳое, ки барои гузаронидани чорабиниҳои расмӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шудаанд, утоқҳои кории раиси  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазирон, раисони кумитаҳои давлатӣ, роҳбарони мақомоти дигари идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар утоқҳои кории масъулин, ки қонуни мазкур муайян кардааст, ба таври доимӣ афрохта мешавад.

Илова бар ин, Парчам дар қисмҳои ҳарбӣ, гузаргоҳҳо, дидбонгоҳҳо ва нуқтаҳои гумрукии сарҳади давлатӣ, ҳамзамон дар ҷойҳои истироҳати шаҳрвандон, боғҳо, хиёбонҳо, гулгаштҳо ба сифати рамзи давлатӣ афрохта шуда, шаҳрвандони кишвар ҳуқуқ доранд бо арзи эҳтиром аз Парчами давлатӣ истифода баранд. Ҳангоми дар як вақт афрохтани шумораи тоқи парчамҳо Парчами давлатӣ дар мобайн ва дар мавриди афрохтани шумораи ҷуфти парчамҳо аз марказ дар тарафи чап ҷой дода мешавад.

Таърих гувоҳ аст, ки Парчам ҳанӯз аз даврони қадим рамзи давлатдорӣ, шукӯҳу ифтихор, нангу номуси миллат будааст. Давлатсозӣ ва давлатдории  тоҷикон ҳам таърихи қадима дош-та,  аҷдодони мо ҳанӯз аз замони Каёниён соҳиби Дирафше будаанд, ки соҳибдавлатии онҳоро ифода мекардааст. Парчами нахустини тоҷикон "Дирафши Ковиён” ном дошта, ба сифати рамзи ваҳдат ва ягонагии давлатдории Ориёӣ қабул шудааст. Дар даврони Сосониён он тағйир ёфта, дар қисми болои он таҷассуми парандаи  заррин-мурғи Ҳумо ҷой дода шуда буд.

Дирафш ҳанӯз аз замонҳои  қадим нишона  ва рамзи муқаддасоти ҳар миллату давлат буда, ба хотири ҳифзи он фарзандони бузурги миллат дар лаҳзаҳои зарурӣ  ҷоннисориҳо кардаанд. Хушбахтона,  баъди ҳазор соли беадолатӣ соҳиби давлати соҳибихтиёри худ шудем.  Моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон рамзи нахустини давлати  соҳибистиқлоламон  Парчам қабул карда шуд, ки он айём барои мамлакат аввалин рӯзҳои эъмори сохти нави давлату давлатдорӣ, ташаккули ҷомеаи озоди кишвар,  ба ибораи дигар гӯем, оғози марҳалаи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳамчун ҳадафи асосии давлату миллат буд. Бо нишони эҳтирому садоқат ба Парчам  24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ эълон гардидааст. Манораи бузурги Парчам дар пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе  ва чанде аз шаҳру ноҳияҳо бунёд гардидааст, ки он ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстӣ ва ҳувияти миллии мардуми саодатманди мо буда, мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ ифода намудааст. Парчами миллӣ бо тобиши се ранг:ранги сурх-озодию истиқлол, ранги сафед-сулҳу оромӣ, ранги сабз-ободию хуррамӣ ва дар байни он рамзи тоҷи зарҳалини соҳибдавлатӣ бо ҳафт ситораи дурахшон аз мавҷудияти тамаддуну фарҳанги бостонии миллати тоҷик, пайкори созандагиву асолати миллӣ, давлату давлатдории мустақил ва ормонҳои ватанхоҳию қаҳрамониҳои қаҳрамонмардони кишварамон шаҳодат медиҳад.

Бо ифтихор бояд гуфт, ки баландии манораи Парчами давлатии Тоҷикистон 165 метр буда, дар ҷаҳон баландтарин ҳисоб ёфта, матои рангинкамони он ба 60 метр ва паҳноиаш ба 30 метр баробар аст. Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ мо тамоми санаҳои муҳими таърихӣ, аз ҷумла Парчам ва дигар рамзҳову муқаддасоти ватанамонро ботантана қайд менамоем. Парчами давлатӣ ҳамқадами соҳибистиқлолии ватанамон буда, дар баробари Конститутсия, Нишон, Суруди миллӣ муқаддасоти миллӣ ҳисоб меёбад. Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ гардида, Парчами миллии мо дар қатори Парчами дигар кишварҳо дар созмонҳои ҷаҳонӣ ҷой гирифтааст, ки ин ифтихори мост. Воқеан мардуми кишвар аз Парчами миллии худ ифтихор карда, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, озодӣ ва истиқлолияти ватан, чун сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ ба ҷо меоваранд. Парчами пурҷило ва нурафшони мо дар дилу дидаи ҳар як сокини Тоҷикистон меҳри ватанро афзун намуда, дар фазои озодии кишвар парафшонӣ мекунад. Мардум зери Парчами миллӣ муттаҳид гашта, бо муҳаббату садоқат ба ватан барои ободӣ, шукуфоии ин сарзамини муқаддас ва таъмини пешрафти давлати соҳибистиқлоламон пайваста талош варзида, дар ҳамаи ҷабҳаҳо ба дастовардҳои шоиста ва беназир соҳиб мешаванд.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ПАРЧАМ МУАРРИФГАРИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ АСТ

ПАРЧАМ МУАРРИФГАРИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ АСТ

Ҳокимияти давлатӣ
Парчами миллӣ рамзи иқболу истиқлоли мардуми мост

Парчами миллӣ рамзи иқболу истиқлоли мардуми мост

Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Парчам ифодагари соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Парчам ифодагари соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният
«Парчами давлатӣ нишонаи ҷоннисориҳои халқи тоҷик барои озодиву истиқлол ас ...

«Парчами давлатӣ нишонаи ҷоннисориҳои халқи тоҷик барои озодиву истиқлол ас ...

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ
Эҳтироми Парчам эҳтиром ба давлату миллат аст

Эҳтироми Парчам эҳтиром ба давлату миллат аст

Сиёсат, Хабарҳо