Дар як сатр
» » ПЕШВОИ МО СУЛҲУ ВАҲДАТ ОВАРД

ПЕШВОИ МО СУЛҲУ ВАҲДАТ ОВАРД

24-11-2019, 06:41

Соҳиби давлати комилан мустақили  миллӣ гардидани миллати тоҷик таҳти роҳбарии Сарвари оқилу доно муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   дар таърихи  навини халқи мо дар воқеъ  рӯйдоди муҳим, беназир ва бесобиқа буд. Президент, Ваҳдат, Истиқлолият вожаҳое мебошанд, ки барои ҳар яки мо азизу муқаддасанд.

Асосгузори сулҳу  ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  чунин таъкид кардааст: «Истиқлолият дастоварди   муҳимтарин, бузургу  бебаҳо ва таърихии  миллати мо ормони чандинасраи фарзандони асилу огоҳ ва маҳсули талошҳои  садҳо ҳазор муборизони роҳи  бақои давлати тоҷикон мебошад».

Дар тамоми  тӯли таърихи худ миллати мо барои соҳиб гардидан ба давлати  мустақил ва  соҳибихтиёри хеш  мубориза бурдааст. Ҳарчанд сарзамини тоҷикон борҳо аз ҷониби аҷнабиён ва ақвоми бегона забт ва тасарруф гардидааст, рӯҳи озодихоҳӣ, иродаи мардуми мо барои эҳёи давлати миллии худ  шикаст нахӯрд, баръакс, бо гузашти асрҳою солҳо муборизаи онҳо торафт қавитар ва талошашон ҷиҳати соҳибистиқлолу соҳибихтиёр  гардидан пурзӯртар  мешуд. Дар саргаҳи бунёди  давлати миллии тоҷикон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистад. Бесабаб нест, ки дар саросари ҷумҳурӣ Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иди ҳақиқии ҳар як сокини Тоҷикистони азиз табдил ёфтааст.

Агар бо ибораи Сарвари давлату миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бигӯем: «Ҳар гоҳ сухан аз Истиқлолияти давлатӣ ё  миллӣ меравад, мо бояд ёдовар шавем, ки  ҳадафи асосии талоши ҳар халқ  барои озодӣ, таъсиси  давлати миллӣ ва идораи мустақилонаи корҳои давлатдорӣ аст. Зеро омили ҳастии ҳар як миллат андешаи истиқлол ва бунёди  давлати мустақили миллӣ мебошад».

Ба  шарофати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Истиқлолияти давлатии кишвар мо имкон  пайдо  кардем, ки бисёр ҷашну  идҳо ва анъанаҳои  миллии худро эҳё  гардонем.   Садҳо километр роҳҳои  нав, пулу нақбҳо, корхонаҳои саноатӣ, биноҳои истиқоматӣ, иншоотҳои  маориф, тандурустӣ,  фарҳанг бунёд ёфтанд.   Бо ҳидоят ва дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  симои     шаҳру шаҳракҳо, деҳаҳо ба куллӣ  тағйир ёфт. Аз ҷумла  шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон низ  ба маротиб ободтару  зеботар шуд. Бунёд гардидану мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани неругоҳҳои барқии «Сангтӯда  - 1», «Сангтӯда - 2», НБО-и «Роғун» низ маҳсули даврони соҳибистиқлолию соҳиб-ихтиёрӣ мебошад. Тавассути ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тандурустӣ  солҳои охир хеле пеш рафтааст.  Ҳар сол дар сар то сари  кишвар, аз ҷумла дар шаҳру деҳоти  вилояти Хатлон  низ муассисаҳои зиёди соҳаи тандурустӣ  қомат рост мекунанд ва  бо  таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин мебошанд. Ин имконият медиҳад, ки сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ боло равад. Дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ислоҳот бо маром  идома ёфта, маҳз бо ташаббусу дастгирии бевоситаи  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва мақомоти маҳаллии шаҳру ноҳияҳои вилоят тӯли солҳои охир сохтмони муассисаҳои тиббии замонавӣ  вусъат ёфта, таъмиру барқарорсозӣ  ва бо дастгоҳу  таҷҳизотҳои муосири тиббӣ  муҷаҳҳаз гардонида, сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ  ба аҳолӣ беҳтар шудааст.

Дар соҳаи тандурустии вилоят 1516 муассиса,  аз он ҷумла 1373 муассисаи амбулаторию дармонгоҳӣ, 32 муассисаи амбулаторию госпиталӣ, 111 муассисаи госпиталӣ фаъолият дошта, ба аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонанд.

Шумораи табибон 3625 нафар, кормандони миёнаи тиббӣ 18190 нафарро ташкил медиҳанд. Дар вилоят 23 номзади  илми тиб ва 3 нафар докторон фаъолият доранд.

Дар раванди сиёсати хирадмандонаи  Роҳбари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастрасии аҳолӣ ва хизматрасонии тиббии тахассусӣ, бо ҷалби олимону  мутахассисони  баландпояи ҷумҳурӣ дар шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб  "Корвони саломатӣ” ташкил карда шуда, теъдоди зиёди эҳтиёҷмандон  ба таври ройгон тавассути дастгоҳу таҷҳизотҳои  муосири тиббӣ  ба муоинаю ташхис  фаро гирифта шудаанд.

Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конфренесияи илмию амалии ҷарроҳон гузаронида шуд. Дар кори конфренсия профессорон, номзадҳои илми тибби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷарроҳони вилоят иштирок доштанд.

Танҳо дар соли ҷорӣ  дар вилоят зиёда аз 70 муассисаи тандурустӣ сохта, ба истифода дода шуда, бо таҷҳизотҳои тиббию ғайритиббӣ ҷиҳозонида шудаанд, ки ин дар асоси  дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Яъне дар солҳои  Истиқлолият ташаккули  муносибатҳои нави иқтисодӣ ва татбиқи  ислоҳоти бунёдӣ дар соҳаи иқтисодиёт ба рушди иқтисодию  иҷтимоии  мамлакат мусоидат намуданд ва тавре  Сарвари давлат қайд менамоянд,  дар натиҷаи амалӣ намудани тадбирҳои судманд аз соли 1997  натанҳо таназзули  иқтисодиёт боз дошта шуд, балки барои рушди  муназзам  ва устувори он  заминаи боэътимод фароҳам омада,  афзоиши  тадриҷии  нишондиҳандаҳои  иқтисодӣ таъмин гардид.

Рушду пешрафт, тараққиёту таҳаввулоте, ки дар даврони  соҳибистиқлолӣ  ба амал омадаанд, ҳанӯз ибтидои  кор буда, бунёдкориҳои бузург дар пешанд. Барои рушди минбаъдаи ватан, пиёда сохтани ҳадафҳои  инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, амалӣ гардонидани чор ҳадафи асосӣ, яъне ба даст овардани истиқлолияти комили энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ,  раҳоии пурра аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонии мамлакат ҳанӯз заҳматҳои зиёде бояд  кашид. Барои ин мо бояд худшиносу  худогоҳ,  ҳисси ифтихори миллии солим дошта бошем ва  пеш аз ҳама ватандӯст бошем. Бесабаб нест, ки Пешвои муаззами мо,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста  ҳидоят менамоянд, ки   мо ҳар қадар ватанамонро бештар дӯст дорем, бояд  ҳамон андоза кӯшиш намоем, ки  арзишҳои  илмию фарҳангии  умумибашарӣ, дастовардҳои техникию технологияи  замонавӣ ва кашфиёту бозёфтҳои  навтаринро омӯзем ва дар ҳаёт татбиқ намоем.

Дар рушду пешрафти иҷтимоию иқтисодии ватан сокинони вилояти Хатлон, аз ҷумла кормандони соҳаи тандурустӣ низ  саҳми арзанда хоҳанд гузошт.

Пешвои мо адолат оварад,

Сулҳу ваҳдат зиндагонӣ оварад.

Тоҷиконро кард машҳури ҷаҳон

Бар ҳама рӯзи сафедро оварад

 

М. Раҷабзода,

сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ҷашни Наврӯзро сазовор истиқбол мегирем

Фарҳанг ва адабиёт

Корҳои ободонӣ вусъат меёбанд

Арсаи кишоварзӣ

Истиқлолият беҳтарин неъмат аст

Номаҳои Шумо
Насли ояндасозро тарбия менамоем

Насли ояндасозро тарбия менамоем

Маориф ва илм
Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ