Дар як сатр
» » ИФТИТОҲИ ИНШООТҲОИ ҶАШНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР

ИФТИТОҲИ ИНШООТҲОИ ҶАШНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР

24-11-2019, 06:07

Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи омодагиҳо ба таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва раиси шаҳр Абдуалим Исмоилзода як қатор иншооти таъйиноти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Нахуст, раиси вилоят дар расми ифтитоҳи боғчаи кӯдаконаи хусусӣ ширкат варзид. Тавре ба раиси вилоят иттилоъ доданд, муассисаи хусусии таҳсилоти томактабии «Фарзона» аз тарафи соҳибкор Ҳошим Бобоев барои 120 нафар кӯдак бунёд гардидааст. Дар кӯдакистон тарбиятгирандагон дар 5 гурӯҳ бо забонҳои русӣ ва англисӣ таҳсил хоҳанд кард. Ҳамзамон 20 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд. Қурбон Ҳакимзода ба мураббиёни кӯдакистон ҷиҳати дар сатҳи баланд ба роҳ мондани корҳои таълиму тарбия дастуру ҳидоятҳо дод.

Раиси вилоят инчунин дар маросими ифтитоҳи майдончаи варзишии «Шаҳзод» иштирок кард. Ин иншоот ба маблағи 570 ҳазор сомонӣ аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Шарипов Некрӯз мавриди истифода қарор гирифтааст.

Дар баробари ин, дар шаҳри Бохтар бинои истиқоматии 5-ошёна, иборат аз 30 ҳуҷра, ки аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ сохта шудааст, бо иштироки раиси вилоят мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Зикр гардид, ки аз тарафи соҳибкори хайрхоҳ ба ду оилаи ниёзманд дар пардохти нархи манзили сеҳуҷрагӣ 50% ва 30%  тахфиф дода шудааст.

Инчунин дар шаҳри Бохтар нуқтаи таъмири мошинҳо ва қисмҳои эҳтиётӣ ба истифода супурда шуд.

Қурбон Ҳакимзода ба сифати кори соҳибкорон баҳои баланд дода, қайд намуд, ки иншооти дигар низ ба чунин тарз ва бо масолеҳи сифатан хуб сохта шаванд, то ба ҳусни шаҳр ҳусни нав афзуда, солҳои дароз ба мардум хизмат кунанд.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА НОҲИЯИ МУЪМИНОБОД ВА ШАҲРИ КӮЛОБ

Ҳокимияти давлатӣ

Кӯлоб: ИФТИТОҲИ ИНШООТҲО БА ИСТИҚБОЛИ ҶАШНИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Ҳаёти иҷтимоӣ

Ш.Шоҳин:Сохтмони 148 иншоот дар се сол

Ҳаёти иҷтимоӣ
Таҷлили наврӯз дар бохтари бостон

Таҷлили наврӯз дар бохтари бостон

Ҳокимияти давлатӣ
Ифтитоҳи ду майдончаи варзишӣ дар Қӯрғонтеппа

Ифтитоҳи ду майдончаи варзишӣ дар Қӯрғонтеппа

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР