Дар як сатр
» » ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ

ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ

24-11-2019, 06:30

15 ноябр, бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи омодагиҳо ба таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва дигар масъулон бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 дар деҳаи Камоли Хуҷандии Ҷамоати деҳоти "Бохтариён”-и ноҳияи Кӯшониён мавриди истифода қарор гирифт.

Бинои муассисаи таълимии номбурда барои 720 нафар дар ду баст пешбинӣ шуда, аз 2 ошёна иборат аст. Барои умури сохт-монии муассиса 3 миллиону 151 ҳазор сомонӣ сарф шудааст. 

Муассисаи мазкур дорои 16 синфхонаи таълимӣ, ду синфхонаи компютерии муҷаҳҳаз бо 32 компютер, инчунин 6 ҳуҷраи корӣ, аз ҷумла утоқи директор, хонаи муаллимон, китобхона, ҳуҷраи тиббӣ, кабинети методӣ ва кабинети фанни физика муҷаҳҳаз бо асбобҳои аёнӣ мебошад.

Қурбон Ҳакимзода аз ҳар як синфхона дидан намуда, аз рафти таҳсил ва дараҷаи саводнокии онҳо бархӯрдор гардид.

Зимни суҳбат бо хонандагону муаллимон раиси вилоят  таъкид дошт, ки забонҳои хориҷиро хубтар омӯзанд, технологияи навинро аз худ намуда, ба халқу ватан содиқона хизмат намоянд. Чунки ҷавонон ояндаи давлату миллатанд.

Ҳамчунин роҳбари вилоят мужда дод, ки дар рӯзҳои наз-дик барои азнавсозии системаи гармидиҳии мактаб маблағ ҷудо гардида, дар аввалҳои соли 2020 як майдончаи варзишӣ дар ҳудуди мактаб ба истифода дода хоҳад шуд.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хонандагони ин муассиса китобҳои дарсӣ туҳфа намуд. Шодии хонандагон, ки то ин вақт бо мушкили норасоии китоб рӯ ба рӯ буданд, аз иқдоми раиси вилоят ҳадду канор надошт.

Қурбон Ҳакимзода дар саҳни бинои таълимгоҳ, ки тамоми хонандагону волидони онҳо ҷамъ омада буданд, суханронӣ намуд.

- Пеш аз ҳама, хушбахтӣ ва сарфарозии мо дар он аст, ки дар фазои сулҳу оромӣ ва ваҳдати комил зиндагӣ ва кору фаъолият дошта, таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба амалӣ гардидани дурнамову барномаҳои миллиамон муваффақ шуда истодаем, - зикр намуд раиси вилоят. - Имрӯз мардуми сарбаланди кишвар, аз ҷумла вилояти Хатлон дар арафаи ҷашнҳои таърихии миллат, яъне 27-солагии Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Ба ин муносибат ҳамаи шумо, ҳозирини арҷманд, дар симои шумо тамоми мардуми шарифи ноҳияи Кӯшониёнро таб-рику таҳният гуфта, бароятон тансиҳатию хонаободӣ ва сарбаландию барори кор таманно дорам.

 Раиси вилоят аз падару модарон, омӯзгорон, сокинони маҳаллӣ даъват ба амал овард, ки ба хотири таъмини амнияту оромии ватан ҳушёриву зиракиро аз даст надода, бо мақсади беҳтар шудани сатҳу сифати таълим бо омӯзгорону маъмурияти мактаб ҳамкории наздик дошта бошанд ва фарзандони худро дар рӯҳияи баланди ватандорӣ, илму донишандӯзӣ тарбия кунанд



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ИФТИТОҲИ ИНШООТҲОИ ҶАШНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР

ИФТИТОҲИ ИНШООТҲОИ ҶАШНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР

Ҳокимияти давлатӣ

САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА НОҲИЯИ МУЪМИНОБОД ВА ШАҲРИ КӮЛОБ

Ҳокимияти давлатӣ
Хонандагон дар муассисаи замонавӣ таҳсил мекунанд

Хонандагон дар муассисаи замонавӣ таҳсил мекунанд

Маориф ва илм
Ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №80 дар  ноҳияи Ёвон

Ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №80 дар ноҳияи Ёвон

Ҳокимияти давлатӣ
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 дар деҳаи Мирзообо ...

Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 дар деҳаи Мирзообо ...

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Маориф ва илм