Дар як сатр
» » Чаро духтарон ба омӯзиши фанҳои дақиқ таваҷҷуҳ надоранд?

Чаро духтарон ба омӯзиши фанҳои дақиқ таваҷҷуҳ надоранд?

3-11-2017, 09:05

Чаро духтарон ба омӯзиши фанҳои дақиқ таваҷҷуҳ надоранд?


Дар деҳоти вилояти Хатлон зан – муҳандис, зан – меъмор, зан – мутахассиси технологияҳои информатсиониро вохӯрдан душвор аст. Мутахассисони камшумори мавҷуда ҳам бо сабабҳои мухталиф аз рӯйи ихтисосашон кор намекунанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар муассисаҳои таълимӣ духтарон нисбати писарон фаъолтар ба назар мерасанд ва ба омӯзиши фанҳои дақиқ шавқи бештар зоҳир мекунанд. Чаро духтарон ҳангоми интихоби касб боз ҳам ихтисосҳои “занона”-ро ихтиёр менамоянд? Омилҳои ба фанҳои дақиқ майли камтар нишон додани онҳо чист?

Бархе аз соҳибназарон дар масъалаи маълумотгирии духтарон ин суолро матраҳ менамоянд, ки мақсад аз маълумотгирӣ барои духтарон илм омӯхтан аст ва ё танҳо соҳиби диплом шудан? Зеро мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки як қисмати хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии кишвар - мутахассисони соҳаҳои мухталиф, ба одитарин талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ нестанд, яъне ин аз сатҳи пасти маълумотнокиашон дарак медиҳад.

Аз ҷониби дигар, муносибати духтарони деҳот ба илмомӯзӣ нисбат ба солҳои аввали истиқлолият бакуллӣ тағйир хӯрдааст. Агар пештар ҳарфҳоеро ба мисли “духтара чию хонданаш чӣ?”, “духтар – моли мардум”, “хонда чӣ мекунад, беҳтараш хонадориро омӯзад” бисёр шунидан мумкин буд, ҳоло муносибати волидон нисбати таҳсили духтарон то ҷое иваз шудааст ва ин тағйирот ба фоидаи духтарон ва аҳли ҷомеа аст. “Понздаҳ сол пеш дар маҳалли мо ҳатто писарон дар мактабҳои олӣ намехонданд. Ҳоло писарон дохил шуда хонда истодаанд. Агар як - ду нафар духтарон баобрӯ хонанд, барои дигарон намуна мешавад”, - гуфтани як зани фаъол аз деҳаи Зарнисори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ нишонаи беҳтар шудани вазъият аст.

Чанде пеш аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии “Савият ва адолат” дар чанд деҳаи навоҳии Вахш ва Абдураҳмони Ҷомӣ таҳқиқоте анҷом дода шуд, ки зимни он нуқтаи назари беш аз 130 нафар муҳассилон, омӯзгорон, волидон ва масъулони шуъбаҳои маориф оид ба сабабҳои ба таври муносиб ҷалб нашудани духтарони деҳот ба омӯзиши амиқи фанҳои дақиқ пурсида шуд.

Дар шарҳи зарурати таҳсили духтарон мегӯянд, ки онҳо босаводу соҳиби касби хуб мешаванд, дар таълиму тарбияи фарзандон фаъолтар гардида, дар ҷамъият низ обрӯву эътибор пайдо мекунанд.

Гурӯҳи дигари мусоҳибон бар он ақидаанд, ки “духтари хондагӣ” дар зиндагӣ муҳтоҷу дастнигар ё ба қавле “хор” намешавад. М. Умарова мегӯяд, ки нуктаи назари духтаракони наврас, ки аҳамияти соҳибмаълумот будани духтаронро ҳамчун чораи бехатарӣ дар ҳолати аз шавҳар ҷудо шудан мешумориданд (12%), барои муҳаққиқон то андозае ғайриинтизор буд. Чунин посух дар навбати худ аз ҷониби волидон (10%) низ садо дод. Барои пайдоиши ин ақида омилҳои таъсиркунандае, чун тамоюли афзуншавии пошхӯрии оилаҳои ҷавон, бекории ҷавонон, камбизоатӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ замина гузоштаанд.

Дар мавриди эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши фанҳои дақиқ, махсусан, риёзӣ ва табиатшиносӣ, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва забонҳои хориҷӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон низ зимни суханронии худ ба муносибати Рӯзи дониш 30 августи соли 2017 таъкид карда буданд. “Таълими самараноки ин фанҳо барои ояндаи Тоҷикистон ниҳоят муҳим буда, вусъат ёфтани тафаккури техникиву ҷаҳонбинии истеҳсолӣ шарти зарурии рушди соҳаҳои ҳаётан муҳимми иқтисоди миллӣ мебошад. Илова бар ин, маҳз тавассути таълими сифатноки фанҳои дақиқ қобилияти навҷӯӣ ва мафкураи нав-расон қавӣ гардида, майлу рағбати онҳо ба ихтироъкорӣ ва тарроҳиву моделсозӣ бештар мешавад ва интихоби ихтисосҳои техникиву технологӣ аз ҷониби хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ огоҳона сурат мегирад”, - зикр шуда буд дар суханронии Роҳбари давлат.

Аз рӯйи таҳлили нишондиҳандаҳои Маркази миллии тестӣ, соли чорум аст, ки дар кластери якум, яъне ихтисосҳои табииву техникӣ нақшаи қабул иҷро нашуда, ҳавасмандӣ ба чунин ихтисосҳои муҳим кам ба назар мерасад.

Аз ин рӯ, Сарвари давлат масъалагузорӣ карданд, ки бояд дар мактабҳои миёна сифати таълими фанҳои дақиқро баланд бардорем ва таваҷҷуҳи хонандагонро ба ин фанҳо бештар ҷалб созем. Бо ин мақсад, Вазорати маориф ва илм, кумитаҳои ҷавонон ва варзиш, занон ва оила, телевизион ва радио, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бояд ҷиҳати тарғибу ташвиқи ҳарчи бештари хонандагон ба омӯзиши фанҳои дақиқу риёзӣ озмунҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявиро мунтазам ба роҳ монда, натиҷаи онҳоро ҳар шаш моҳ ҷамъбаст намоянд ва ғолибонро қадрдонӣ кунанд.

Таҳқиқоти ахир муайян кард, ки 64%-и духтарони деҳоти мавриди ҳадаф дар навоҳии Вахшу Абдураҳмони Ҷомӣ дар ягон озмуну чорабиниҳои беруназмактабӣ ширкат накардаанд. 39% духтарони дар пурсиш ширкатдошта то 15-сола буданд, яъне онҳо, амалан, дар озмунҳои фаннии сатҳи ноҳиявӣ иштирок карда наметавонистанд. Инчунин, озмунҳои “Донояк” ва “Хонандаи сол” дар аксар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии деҳот гузаронида намешаванд. “Волидонамон иҷозат намедиҳанд, ки дар ҳар гуна чорабиниҳо иштирок намоем”, – гуфтани баъзе аз духтарон сабаби камфаъолии онҳоро дар ҳаёти ҷамъиятӣ ифшо мекард.

Ба қавли М. Умарова, роҳбари гурӯҳи муҳаққиқон, новобаста аз садду монеаҳои мавҷуда, 14%-и духтарони рустоӣ аз шумори мусоҳибон дар чорабиниҳои фарҳангӣ, аз қабили ҷашнгирии иди Наврӯз, ҷашни Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, Рӯдакихонӣ, Шоҳномахонӣ, Рӯзи парчам, Рӯзи модар, Иди кӯдакон, Иди Меҳргон, маҳфили китобхонӣ, иди гулҳо ва ғайра дар сатҳи ноҳия ҳунарнамоӣ карда, бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардидаанд. Ҳамин фаъолдухтарон дар хониш ва корҳои ҷамъиятии мактаб ҳам намунаи ибратанд. “Барои гузаронидани як ҷашн духтарон то як моҳ машқу тамрин месозанд ва вақту қувваи кироие ба он масраф мекунанд. Ин вазъият ба кам шудани диққати онҳо ба омӯзиши барномаи дарсӣ, аз ҷумла фанҳои дақиқ, оварда расондааст. Ҳатто дар вақти таътил сафарбар шудани духтарон боиси нигаронии бархе волидон гаштааст”, - зикр кард Маҳбуба Умарова.

Тадқиқоти коршиносони созмони “Савият ва адолат” ҳамчунин муносибати волидонро ба машғулияти ояндаи писарону духтаронашон дар алоҳидагӣ муайян намуд. 60% волидон иброз доштаанд, ки мехоҳанд писаронашон корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бошанд, 25%-и онҳо касби ҳуқуқшиносӣ ва 5% пешаи омӯзгориро барои писаронашон мувофиқ ҳисобиданд. Ҳамин волидон духтаронашонро соҳиби касбҳои табиб (50%), муаллима (20%) ва дӯзанда (15%) дидан мехоҳанд. Яъне натиҷаҳо бозгӯйи онанд, ки падару модарон на барои писарон ва на барои духтаронашон касбҳои техникиро ба монанди муҳандис, меъмор, мутахассиси технологияҳои информатсионӣ ва ғайра орзу намекунанд, мутобиқан ҳаваси фарзандонашонро ба ин касбҳо аз хурдӣ бедор намесозанд.

Дар мавриди сабабҳои таваҷҷуҳи нокифояи духтарони деҳот ба омӯзиши илмҳои дақиқ қисмати аъзами духтарон (40%), қариб сеяки волидон (30%) ва як қисми шахсони дахлдор (14,28%) душворфаҳм будани ин фанҳоро далел меоранд. Дар баробари ин, 21%-и духтарон ва 5%-и волидон суст будани фаҳмиши духтаронро ҳамчун яке аз сабабҳо қайд намуданд. Муҳаққиқон бар он назаранд, ки сабабҳои номбаршуда аз муносибати волидон ва мактаб дар рушду такомули духтарон маншаъ мегиранд. Мувофиқи таомули анъанавӣ, духтаронро “ҷинси латиф”, “моли мардум” ё “паршикаста” ҳисоб мекунанд, аз ин рӯ, барои варзиши ақлу зеҳни онҳо диққати кофӣ намедиҳанд ва баланд кардани иқтидори фитрии онҳоро, ки харҷи муайянро тақозо мекунад, зарур намедонанд. Ин нукта дар ҷавоби 20%-и волидон, ки “волидайн барои духтарон пул сарф кардан намехоҳанд” гуфтанд, тасдиқи худро ёфт.

Мусаллам аст, ки дар деҳа қисме аз бошандагон камбизоатанд ва ин омил низ, бешак, ба донишандӯзии духтарон ва соҳибқудрат гаштанашон дар маҷмӯъ таъсири манфӣ мерасонад.

Дар натиҷаи таҳлилу баррасии мавзӯъ ва хулосагирии коршиносон омилҳои зерини майли камтар нишон додани духтарон ба омӯзиши илмҳои дақиқро номбар кардан мумкин аст:

- Паст будани сатҳи донишҳои асосии духтарон/таҳкурсии сусти хонандагони мактабҳои миёна (Дар синфҳои ибтидоӣ ба бедор кардани шавқи хонандагон ба омӯзиши фанни риёзӣ диққат дода намешавад, баръакс душвор будани он пайваста таъкид мегардад);

 Мавҷуд набудани синфхонаҳои фаннӣ, норасоии аёниятҳо (на ҳама мактабҳо синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ доранд. Дар шароити имрӯза таҷҳизонидани синфхонаҳо маблағи зиёдро талаб мекунад. Муаллимон аз аёниятҳои дастраси одие, ки дар табиат вуҷуд дорад ва харҷи иловагиро талаб намекунад, кам истифода мебаранд);

 Дилгиркунанда гузаштани дарсҳо: назария ҳасту амалия нест, муносибати нодуруст ба таълими фанҳои дақиқ (на дар ҳама мактабҳо имконияти гузаронидану нишон додани таҷрибаҳои кимиёвӣ ва физикӣ вуҷуд дорад. Намоиши як-ду таҷриба дар рафти дарс муносибати хонандаро нисбати ҳамон фан бакуллӣ тағйир медиҳад. Усули таълими фанҳои дақиқро таҷдиду такмил додан лозим аст. Дарсҳои кимиёву физика мисли дарси таърих ё адабиёт мегузарад, яъне муаллим мавзӯъро ба тарзи нақл мефаҳмонад, рӯзи дигар ҳангоми ҷавобдиҳӣ шогирдон як–ду сархати китобро дар назди тахтаи синф “қориазёд” баён мекунанд);

 Паст будани сатҳи дониши омӯзгорони фанҳои дақиқ, бемасъулиятӣ нисбати вазифаашон (мактабҳои деҳот аз норасоии омӯзгорони фаннӣ танқисӣ намекашанд. Аммо сатҳи дониши мутахассисон мувофиқи матлаб нест. Ҳамчунин машғулияти иловагӣ доштани аксар муаллимон ба сифати дарсҳо таъсири манфӣ мерасонад);

 Душворфаҳм будани китобҳои дарсӣ (ҳам барои муаллим ва ҳам барои хонанда. Забони китобҳои дарсӣ аз фанҳои дақиқ мураккабу мушкилфаҳм ҳастанд. Ҳатто муаллимон дар фаҳмидани баъзе калимаву ибораҳо дармемонанд);

 Хатмкунандагони ихтисосҳои техникӣ дар деҳа ҷойи кор намеёбанд (Аксар муҳассилони донишкадаву донишгоҳҳои техникӣ мувофиқи ихтисосашон дар деҳот кор ёфта наметавонанд. Мисолҳои аниқе мавҷуданд, ки занон бо ихтисоси муҳандис – сохтмончӣ, муҳандиси соҳаи ҳамлу нақли газ дар мактаби миёна аз фанни таълими меҳнат дарс мегӯянд);

 Паст будани нуфузи факултаҳои фанҳои дақиқ (дар тамоми ҷаҳон яке аз нишондиҳандаҳои асосии нуфузи мактабҳои олӣ “серхаридор” будани хатмкунандагони онҳо аст. Дар кишвари мо талабот ба мутахассисони техникӣ имрӯз хеле зиёд нест. Норасоӣ ва набудани ҷойҳои корӣ мувофиқи ихтисос хатмкунандагони мактабҳои миёнаро аз таҳсил дар ин факултаҳо бозмедорад);

 Нокифоя будани чораҳои ҳавасмандсозӣ аз ҷониби падару модарон (қисмати зиёди волидон дар русто масъулияти падару модариро танҳо дар таъминоти моддии фарзандон мебинанд. Дар хонавода аз меҳнати духтарон васеъ истифода мебаранд, вале имкониятҳои таҳсил ва рушд барои писарон нисбат ба духтарон фарохтар аст);

 Паст будани шароити иқтисодии оилаҳо (падару модар барои таъмин намудани эҳтиёҷоти оила бо маводи зарурӣ аз субҳ то шом меҳнат карда сахт хаста мешаванд. Барои ҳамроҳи кӯдаконашон дарс тайёр кардан қувва ва вақташон намерасад, киро кардани мутахассиси хуб гаронӣ мекунад).

Воқеияти рӯз ин аст, ки масъулони шуъбаи маориф, коршиносони соҳа, волидон аз сатҳи таълиму тадриси фанҳои дақиқ дар таълимгоҳҳои марказҳои навоҳӣ ва шаҳрҳо низ чандон қонеъ нестанд. Ҳатто дар маркази маъмурии вилоят - шаҳри Қӯрғонтеппа низ чанд муассисаи таълимӣ ба омӯзгорони ихтисосманди фанҳои дақиқ ниёз доштаанд. Дар шаҳри Қӯрғонтеппа низ чунин тамоюл ба назар мерасад, ки духтарон бештар ба фанҳои гуманитарӣ рағбат доранд. Сайфиддин Ҳаитов, сарвари Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳри Қӯрғонтеппа, ба унвони далели ин ҳол гуфт, ки дар охирин озмунҳои баргузоршуда оид ба навиштани иншо дар мавзӯи эҷодиёти Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Ҷалолиддини Балхӣ беш аз 90 дарсади иштироккунандаҳоро духтарон ташкил медоданд. “Аммо таҷриба нишон медиҳад, ки дар олимпиадаи фаннӣ аз фанни технологияи информатсионӣ то 90%-и иштирокчиёнаш писарбачаҳоянд. Фикр мекунам, духтарон ҳам ба фанҳои дақиқ таваҷҷуҳи зиёд доранд, танҳо онҳоро омӯзгорони ҳушманд ва волидон бояд ба омӯзиш таҳрик диҳанд. Ҳолате буд, ки духтаракеро барои иштирок дар олимпиадаи фаннӣ аз фанни технологияи иттилоотӣ омода кардем. Он шогирд дар марҳилаҳои шаҳрӣ ва вилоятии олимпиада ҷойи якумро ишғол кард ва барои иштирок дар даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт. Вале модараш барои ширкат варзидани он духтарак дар даври ниҳоии озмун зид баромад, нагузошт, ки ба Душанбе рафта, неру бисанҷад”, - зикр кард С. Ҳаитов.

Мисоли дигари рӯшан: Дар даври вилоятии озмуни “Хонандаи сол - 2016-2017”, ки дар миёни толибилмони синфҳои 1-11 гузаронида мешавад, танҳо як духтараки синфи 3 пирӯзӣ ба даст овард. Боқӣ дар миёни хонандаҳои синфҳои 1-2 ва 4-11 дар даври финалӣ писарбачаҳо дастболо шуда буданд. Ин аз чӣ далолат медиҳад?

Илман исбот шудааст, ки риёзиёт ба инсон барои ташаккул додани қобилияти таҳлилу дарки вазъияти мураккаби ҳаётӣ, имконияти қабул кардани қарори дуруст оид ба ҳалли масъала ва муайян кардани мавқеъ дар шароити душвори интихоб кумак карда, малакаи фикрронӣ ва муҳокимаронии мантиқӣ, босаводона ва мушаххас баён намудани фикр ва хулосаҳои дурусти мантиқӣ бароварданро меомӯзонад.

Моҳи август-сентябри соли 2016 ширкати машҳури Microsoft дар мавзӯи “Таъсири илмҳои дақиқ ва фанҳои илмӣ-табиӣ ба касб-интихобкунии толибагони мамлакатҳои Аврупо” тадқиқот гузаронид. Дар он 9500 толибагони 11-18-сола аз 9 мамлакати аврупоӣ ширкат карданд, ки 1500 нафарашон аз Федератсияи Русия буданд. Тадқиқот нишон дод, ки волидайни русдухтарон ба ташаккулёбии рағбати фарзандонашон ба илмҳои алоҳида, интихоби самт ва соҳаи фаъолияти ояндаашон мусоидат менамоянд. 63%-и духтарон гуфтанд, ки волидайнашон бо онҳо якҷоя дарс тайёр мекунанд, оид ба зарурати илмҳои дақиқ суҳбат мекунанд, меҳри ин фанҳоро дар дили кӯдакон ҷой месозанд.
Оё мо ҳам ин корро карда наметавонем? Ё намехоҳем?!

Носирҷон МАЪМУРЗОДА,
“Хатлон”



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9  ...

Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9 ...

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Маориф ва илм
Аввал бур биёр, баъд дарс мехони!

Аввал бур биёр, баъд дарс мехони!

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат, Маориф ва илм, КОМРОНИ БАХТИЁР
Духтарон мехоҳанд таҳсил кунанд, вале....

Духтарон мехоҳанд таҳсил кунанд, вале....

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Маориф ва илм, Номаҳои Шумо
Паёми Пешво саодати рӯзгори мост

Паёми Пешво саодати рӯзгори мост

Хабарҳо, Маориф ва илм, Номаҳои Шумо
С. Шерзода: «Омӯзгорони ҷавонро бояд дилгарм созем»

С. Шерзода: «Омӯзгорони ҷавонро бояд дилгарм созем»

Хабарҳо, Маориф ва илм