Дар як сатр
» » МУЛОҚОТ БО ПРЕЗИДЕНТИ ШИРКАТИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ГЛЕНКОР» (GLENCORE INTERNATIONAL AG) АЙВАН ГЛАЗЕНБЕРГ

МУЛОҚОТ БО ПРЕЗИДЕНТИ ШИРКАТИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ГЛЕНКОР» (GLENCORE INTERNATIONAL AG) АЙВАН ГЛАЗЕНБЕРГ

15-11-2019, 23:37

5 ноябри соли 2019 дар доираи сафари расмӣ дар шаҳри Берни Конфедератсияи Швейтсария Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти ширкати байналмилалии "Гленкор" (Glencore International AG) Айван Глазенберг мулоқот карданд.

Дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин ширкат ва дигар корхонаҳои бонуфузи Конфедератсияи Швейтсария баррасӣ гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, ки аз муҳимтарин соҳаҳои равобити дуҷониба ба ҳисоб меравад, изҳори қаноатмандӣ карда, шарикии самараноки ширкати "Гленкор”-и Швейтсария бо "ТАЛКО”-и Тоҷикистонро дар соҳаи истеҳсоли алюминий намунаи хуби чунин ҳамкорӣ номиданд. Мавриди зикр аст, ки тайи 12 соли охир ТАЛКО ва Гленкор дар маҷмӯъ бо маблағи зиёда аз 4,7 миллиард доллари амрикоӣ амалиётҳои тиҷоратиро ба анҷом расониданд. Дар назар аст, ки  давоми 5 соли оянда ин ду ширкат тибқи қарордодҳои баимзорасида, бо маблағи якуним миллиард доллари амрикоиидигар ҳамкории тиҷоратӣ ва маблағгузорӣ хоҳанд кард.

Таъкид гардид, ки бо дарназардошти имконоти мавҷудаи Тоҷикистон ва иқтидори "Гленкор” ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар дигар соҳаҳои иқтисоди миллӣ барои ҳарду ҷониб судманд хоҳад буд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба дарёфти роҳҳои нави тавсеаи ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ бо ҷониби Швейтсария, аз ҷумла бо ширкати "Гленкор” дар соҳаҳои гуногун, пеш аз ҳама дар татбиқи лоиҳаҳои коркард то ҳолати ниҳоӣ дар конҳои маъдани тилло, нуқра, сурма ва синк табодули андеша карданд. 

Истифодаи имкониятҳои ҳамкорӣ дар бахши энергетика ва дигар соҳаҳои истеҳсолии иқтисоди миллӣ, татбиқи Барномаи таҷдиди иқтидорҳои ширкати "Талко” ва саҳмгузории ширкати мазкур дар татбиқи ҳадафи чоруми стратегии Тоҷикистон, яъне саноаткунонии иқтисоди кишвар зарур шумурда шуд.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

МУЛОҚОТ БО НАМОЯНДАГОНИ СОҲИБКОРОН ВА САРМОЯГУЗОРОНИ ҶУМҲУРИИ ФРАНСИЯ

МУЛОҚОТ БО НАМОЯНДАГОНИ СОҲИБКОРОН ВА САРМОЯГУЗОРОНИ ҶУМҲУРИИ ФРАНСИЯ

Хабарҳо, Сиёсат
МУЛОҚОТ БО ДИРЕКТОРИ КУЛЛИ ЮНЕСКО ХОНУМ ОДРӢ АЗУЛЕ

МУЛОҚОТ БО ДИРЕКТОРИ КУЛЛИ ЮНЕСКО ХОНУМ ОДРӢ АЗУЛЕ

Хабарҳо, Сиёсат
МУЛОҚОТ БО РАИСИ ШӮРОИ РАЁСАТИ БОНКИ МИЛЛИИ ШВЕЙТСАРИЯ ТОМАС ЙОРДАН

МУЛОҚОТ БО РАИСИ ШӮРОИ РАЁСАТИ БОНКИ МИЛЛИИ ШВЕЙТСАРИЯ ТОМАС ЙОРДАН

Хабарҳо, Сиёсат
ОҒОЗИ САФАРИ РАСМӢ ДАР КОНФЕДЕРАТСИЯИ ШВЕЙТСАРИЯ

ОҒОЗИ САФАРИ РАСМӢ ДАР КОНФЕДЕРАТСИЯИ ШВЕЙТСАРИЯ

Хабарҳо
Имзои Созишномаи ҳамкорӣ миёни вилоятҳои Хатлони Тоҷикистон ва Гомели Белар ...

Имзои Созишномаи ҳамкорӣ миёни вилоятҳои Хатлони Тоҷикистон ва Гомели Белар ...

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА