Дар як сатр

САНАИ ТАҚДИРСОЗ

15-11-2019, 23:32

Паёми Табрикии раиси вилояти

Хатлон Қурбон Ҳакимзода бахшида ба 27-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамдиёрони азиз!

Ба ҳам рост омадани  ҷашнҳои 27-солагии Иҷлосияи таърихии   ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он далолат мекунад, ки воқеан ҳам шахсиятҳои бузург қудрат доранд раванди инкишофи миллатҳо ва ҷомеаҳоро ба куллӣ тағйир диҳанд.

Гузаштаи 27-солаи таърихи даврони соҳибистиқлолӣ, ки нобудшавии миллатро пешгирӣ кард ва дар шароити маргбор ҳалқаи наҷотро насиби миллати мо гардонд, моро бори дигар ҳушдор месозад, ки дар ҳифзи неъмати соҳибдавлатӣ масъулиятшинос бошем. Чунки, арсаи муносибатҳои ҷаҳонӣ арсаи мубориза ва талошҳои рӯйиросту пинҳонӣ барои ҳифз ва ба даст овардани манфиатҳо буда, дар ин ҷода оне метавонад ғолиб бошад, ки қоидаҳои ин бозиҳои бузургро риоя намояд.

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйдоди таърихии тақдирсозест, ки дар таърихи давлатдории навини мо мақом ва ҷойгоҳи махсуси худро дошта, оғози марҳилаи нави ташаккули муносибатҳои иҷтимоию сиёсӣ гардид. Новобаста аз гуногунии ақидаҳо ва мавқеъҳо, авфи гуноҳ, даъват ба бародарию баробарӣ, сулҳу созиш, ваҳдату якдигарфаҳмӣ, талош барои нигаҳдории якпорчагии давлату сарҷамъии миллат дар чунин шароити ҳассосу пуртаҳлукаи сиёсӣ - ин нишонаҳои асосии эҳёи хиради азалӣ ва ташаккулёбии фарҳанги нави сиёсӣ дар ҷомеа буд. Маҳз дар ҳамин иҷлосия дар қатори муҳимтарин масъалаҳои замон, рамзҳои давлатӣ, ки муқаддасоти ҳар як давлату миллат ба шумор рафта, нишона аз давлатдории миллию мустақиланд, тасдиқи худро ёфтанд. Тасдиқ шудани рамзҳои давлатӣ дар шароити бениҳоят мушкили сиёсӣ бори дигар собит сохт, ки Ҳукумати тозаинтихоб бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ муносибати ҷиддӣ ва қатъӣ дошта, собитқадам аст.

Ҳамзамон, боиси тазаккур аст, ки ташаккулёбии низоми нави давлатдорӣ, ки аз ҳамин иҷлосия сарчашма мегирад, бори дигар нақши таърихии шахсро дар марҳилаи тақдирсоз собит сохта, шоҳиди ба вуҷуд омадани ниҳоди нави сарварӣ дар кишвар гардид.

Илм ва таҷрибаи таърихӣ борҳо исбот намудааст, ки маҳз фаъолияти мақсадноку ҳадафмандонаи ниҳоди сарварӣ қодир аст, ки дар марҳилаҳои тақдирсози таърихӣ боиси наҷот ва таҳкиму рушди давлатҳои миллӣ гардад. Аҳамияти таърихии фаъолияти ин ниҳодро имрӯз мо метавонем дар мисоли мактаби сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баръало эҳсос намоем.

Баргардонидани гурезаҳо яке аз омилҳои муҳими таъминкунандаи ваҳдат ва ягонагии миллати тоҷик маҳсуб меёфт. Маҳз аз ҳамин сабаб Раиси Шӯрои Олии мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуда буд, ки «… то як тоҷик берун аз ватан қарор дорад, ман худамро ором ҳис карда наметавонам» ва ин бори дигар собит месохт, ки тоҷик дигар бедавлату бесоҳиб нест ва фақат худи ӯ қодир аст ватанашро обод намояд.

Аҳамияти таърихии Иҷлосияи ХVI бо гузашти давраҳои муайяни таърихӣ дучанд меафзояд. Зеро, маҳз дар ҳамин Иҷлосия шахсияти таърихие ворисии миллатро ба дӯш гирифт, ки имрӯз тамоми миллат ӯро ҳамчун Пешвои худ эътироф намудааст. Мақсад аз рӯзи ид муқаррар кардани рӯзи 16 ноябр дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намудааст.

Дар таърихи давлатдории кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон шахсиятҳои таърихиву барҷаста ва номбардоре вомехӯранд, ки онҳо дар марҳалаву вазъиятҳои барои кишварашон мураккабу ҳассос ба арсаи сиёсат омада, суботу осоиштагӣ ва роҳи рушди минбаъдаи мамлакати худро муайян намуда, дар болоравии обрӯву мақоми давлаташон нақши абадӣ гузоштаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон марди олиму оқил ва фозилу хирадмандест, ки давлатро аз фаноёбӣ наҷот дода, мардумро атрофаш муттаҳид, дар қалби мардум шӯълаи умедро фурӯзон ва бо қадамҳои қатъӣ ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намуд. Дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллату мардумсолор, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯъ ва ободии Ватану фароҳам овардани шароити арзандаи кору зиндагӣ барои мардуми кишвар, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудани Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистонро на танҳо сокинони кишвар, балки ҷаҳониён низ эътироф намудаанд, ки ин далели бебаҳс буда, ба тасдиқу исботаш зарурат нест.

Арҷ гузоштан ба таърих ва хизматҳои шоистаи фарзандони фарзонаи миллат василаи боэътимоди ташаккули ҳуввият ва ифтихори миллӣ буда, насли ҷавонро барои шинохти арзишҳои муҳими давлатдорӣ роҳнамоӣ намуда метавонад. Имрӯз ҳамаи мо сидқан эътироф менамоем, ки мактаби ватандории Президенти мамлакат мактаби тарбияи насли худшиносу худогоҳ буда, дар роҳнамоии ҷомеа ба сӯйи ояндаи нек нақши муҳим дорад.

Президенти кишвар муаррифгари давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ буда, дар симои ӯ ҷаҳониён тоҷику Тоҷикистонро шинохтаанд. Дастовардҳои иҷтимоию иқтисодӣ, татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, мустаҳкам шудани мавқеи Тоҷикистони азиз дар арсаи байналмилалӣ натиҷаи татбиқи сиёсати дурандешонае мебошад, ки Пешвои муаззами миллат тайи ин солҳо амалӣ намуданд.

Вилояти Хатлон, ки яке аз минтақаҳои аз ҳар ҷиҳат зарардида дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ буд, имрӯз маҳз тавассути ҳамин сиёсат ба як минтақаи пешрафтаи кишвар мубаддал гашта, дастовардҳои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ нишонаи гӯёи нусрат ва баракати сулҳу салоҳ мебошад.

Дар як давраи кӯтоҳи таърихӣ дар вилоят садҳо муассисаи соҳаи маорифу тандурустӣ сохта ба истифода дода шуданд, ки баҳри таъмини дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои сифатнок аҳамияти махсус доранд. Дар ин замина ҳазорҳо нафар ҷавонони мо муассисаҳои таҳсилотии ватанӣ ва хориҷиро хатм намуда, имрӯзҳо дар рушду тараққиёти вилоят ва ҷумҳурӣ саҳми босазо гузошта истодаанд.

Дар шароити кунунии рушди равандҳои ҷаҳонишавӣ таҳкими пояҳои давлатдорӣ муҳим буда, аз ҳар як фарди ватандор ифтихору ғурури баланди миллиро талаб менамояд. Бинобар ин, бояд аз таҷрибаи талхи гузашта сабақ гирифта, ояндаро бунёд намоем. Нагузорем, ки дигар қувваи аҳримание ваҳдату ягонагии моро халалдор созад. Бо ин мақсад дар атрофи Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳарвақта дида муттаҳидтар бошему истиқлолу якпорчагии Ватани азизамонро ҳифз намоем. Хотираи ҳамаи онҳоеро, ки ҷони худро баҳри саодати имрӯзаи мо қурбон кардаанд, пос дошта, ба хотири оромии рӯҳи онҳо суботи ҷомеаро нигаҳбон бошем. Созандагию бунёдкориро мақсади зиндагии худ қарор дода, баҳри пешрафти кишвар ва беҳбуди зиндагии мардум саҳмгузор бошем.

Танҳо дар ин сурат мо бо ифтихор гуфта метавонем, ки рисолати ватандориро иҷро намудем. Дар ин роҳи пуршараф ба ҳамаи сокинони вилояти Хатлон ва ҷумҳурии азизамон муваффақияту барор ва саодату сарбаландӣ таманно дорам.

Ҷашни 27-солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

СУЛҲУ ВАҲДАТ АСОСИ ХУШБАХТИВУ СОЗАНДАГИҲОИ МИЛЛАТ АСТ

Ҳокимияти давлатӣ
Д. Гулмаҳмадзода: «Тамоми дастовардҳои замони идоракунии президентиро ба иқ ...

Д. Гулмаҳмадзода: «Тамоми дастовардҳои замони идоракунии президентиро ба иқ ...

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ
“Дар атрофи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз ҳарвақта дида муттаҳидтар бошем ...

“Дар атрофи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз ҳарвақта дида муттаҳидтар бошем ...

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ
Иҷлосияи XVI ва оғози равандҳои созанда

Иҷлосияи XVI ва оғози равандҳои созанда

Хабарҳо
16 ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид

16 ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид

Сиёсат, Хабарҳо, САТТОР ҚАРАХОНОВ