Дар як сатр
» » ҶИЛВАҲОИ ИХЛОСУ ИРОДАТ БА ШАХСИЯТИ СИЁСӢ ВА ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

ҶИЛВАҲОИ ИХЛОСУ ИРОДАТ БА ШАХСИЯТИ СИЁСӢ ВА ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

15-11-2019, 23:26

Владимир Владимирович Путин,

Президенти Федератсияи Россия

Бо фаъолияти бисёрсолаи худ дар маснади Сарвари давлат, Шумо ба эҳтироми шоистаи ҳамватанон ва аҳли башари бурунмарзӣ ноил гаштед. Таҳти роҳбарии Шумо мардуми Тоҷикистон дар арсаи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба комёбиҳои қобили таҳсину назаррас муваффақ шуд.

Дар Россия саҳми шахсии Шуморо дар таҳкими муносиботи шарикӣ ва иттифоқчигии стратегии миёни кишварҳои мо, инчунин иштироки фаъолатонро дар талошҳои дастаҷамъӣ ҷиҳати таъмини амнияту субот дар Осиёи Марказӣ ва умуман, дар фазои авруосиёӣ баланд арзёбӣ менамоянд.

Абдулло ибни Абдулазиз Оли Сауд

Подшоҳи Арабистони Саудӣ

Мо Шуморо, ҷаноби Президент, дӯст медорем ва эҳтиром мекунем, зеро Шумо бо сиёсати хирадмандона ва аъмоли ҷасурона дар кишвари худ сулҳу суботро барқарор намудед ва миллати хешро аз шикаст ва марг наҷот додед. Ба Шумо тақдири миллати бародари мо, ки бо таърихи қадим ва фарҳанги ғании худ машҳур аст, вогузор шудааст.

 

Си Ҷинпин

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин

Зимни сафари худ ба Тоҷикистон ман муҳаббати беназири Шумо ва мардуми кишваратонро сидқан эҳсос намудам. Ба самъи Шумо мерасонам, ки ман ба рушди муносибатҳои Чину Тоҷикистон аҳамияти ҷиддӣ медиҳам ва дар таҳкиму тавсеаи онҳо муносибати корӣ ва дӯстонаи ҳардуямонро муҳим арзёбӣ менамоям.

Боварии комил дорам, ки минбаъд низ муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ миёни Чину Тоҷикистон бе таваққуф ба сатҳи нав хоҳанд расид, ки он ба манфиати кишварҳоямон ва халқҳоямон хоҳад буд. Маҳз дар ин ҷода мо бояд дар якҷоягӣ кӯшиш ба харҷ диҳем.

Қосим-Жомарт Токаев

Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон

Шумо бо хизмати содиқона ба Ватан, ки асоси онро таҷрибаи ғании ҳаёти сатҳи баланди касбият ташкил медиҳанд, миёни ҳамватанонатон иззату эҳтироми самимӣ ва дар ҷомеаи байналмилалӣ обрӯву эътибори баландро соҳиб гаштаед.

Таҳти роҳбарии оқилонаи Шумо Тоҷикистон роҳи бомуваффақияти рушди иҷтимоиву иқтисодиро тай карда, имрӯз дигаргунсозиҳои муҳимро, ки ба таъмини рушди босуботи кишвар ва минбаъд баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум нигаронда шудаанд, амалӣ мегардонад.

Шавкат Мирзиёев,

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Тақдир ба халқи бародари тоҷик дар симои Шумо ходими барҷастаи давлатӣ ва шахсияти беназири таърихиро, ки дорои хирад, иродаи қавӣ ва истеъдоди муттаҳид намудани мардум мебошад, тақдим кардааст. Таҳти роҳбарии ғамхоронаи Шумо ва бо шарофати сиёсати дурандешонаву меҳнати фидокоронаатон Тоҷикистон имрӯз давлатест, ки дар он дар фазои сулҳу оромӣ рушди устувори иҷтимоиву иқтисодӣ таъмин гардида, эътибораш дар арсаи ҷаҳонӣ боло рафта истодааст.

Мехостам саҳми бузурги шахсии Шуморо дар таҳкими робитаҳои дӯстии чандинасра, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкории бисёрҷанбаи байни давлатҳоямон хосатан таъкид намоям.

Гирдоваранда

Ҳангомаи ИСМАТ, «Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ДАВЛАТИ МИЛЛИ ДАР РОСТОИ ҲАМШАРИКИИ СТРАТЕГИ

Хабарҳо, Сиёсат
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии  ...

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии ...

Ҳокимияти давлатӣ
Эмомалии Раҳмон, аз туст бахти миллат!

Эмомалии Раҳмон, аз туст бахти миллат!

Хабарҳо, Чеҳранигорӣ, Фарҳанг ва адабиёт, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Поянда бошӣ, эй Пешвои миллат

Поянда бошӣ, эй Пешвои миллат

Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои арзандаи миллати тоҷик

Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои арзандаи миллати тоҷик

Сиёсат, Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Номаҳои Шумо