Дар як сатр
» » СИЁҲКОРОНИ ДИИШ БА МАҚСАД НАРАСИДАНД

СИЁҲКОРОНИ ДИИШ БА МАҚСАД НАРАСИДАНД

7-11-2019, 10:43

Амали пайравони ДИИШ дар арафаи таҷлили ҷашни 25-умин солгарди Кнститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин роҳандозӣ гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Авфи умум» бандаро ҳамчун як шаҳрванди кишвари озоду соҳибистиқлол ба қаҳру ғазаб овард.

Ҳеҷ гумон надорам, ки ин рафтори ғайриинсонии онҳо худ аз худ рӯи кор омада бошад. Боварии куллӣ дорам, ки дар ин амали ноҷавонмардонаи гурӯҳи 20 нафараи сарҳадшикан дасти хоҷагони хориҷии душманони миллати мо нақши худро дорад. Чаро ки ягон амалею коре бе нақшаи пешакӣ роҳандозӣ намегардад.

Пешравию шукуфоии Тоҷикистони азиз барои хоинону душманони миллат чун хорест, ки бар дидаи онҳо мехалад. Ҳарчанд ки онҳо ин шукуфоию пешравиро чашми дидан надоранд, вале азму нияти мардуми кишвар қавист ва бо нерую тавоноии худ бо роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пеш меравад, месозаду меофарад.

Ба кор даровардани басти дуюми неругоҳи барқи обии Роғун, сохтмони роҳу нақбҳо, ба вуҷуд омадани корхонаҳои нав ба нав ва беҳтарин амали инсонпарваронаи Пешвои миллат - Авфи умум, ки нисбати 20 ҳазор нафар маҳбусон пешбинӣ гардидааст, ин тоифаи бенангу номусро хеле бесаранҷом намуд. Ва онҳо хостанд, ки оромии кишвари моро халалдору фазои беғубори онро ғуборолуд созанд. Бо ин амали худ онҳо хостанд бори дигар гӯшрас намоянд, ки аз ниятҳои баду касифи худ пас нагаштаанд.

Хушбахтона, тири онҳо хок хӯрдаасту худашон бехабар мондаанд. Охир ин солҳои навадум нест, ки мардумро бо ҳиллаву найранг ба майдон кашанд ва онеро, ки суханашонро гӯш намекард, зери шиканҷаву борони тир гиранд.

Не, он солҳо бебозгашт гузаштанд. Қариб бист сол сипарӣ гардидааст. Имрӯз мардуми кишвар оне нест, ки 20 сол пеш буд. Шуури мардум дигар шудаасту, замона дигар. Тинҷию осудагӣ, сулҳу салоҳ, ваҳдату ягонагӣ Тоҷикистонро фаро гирифтааст. Ҳама дасти ҳам дода, Роғун месозанд, роҳ месозанду нақб мекананд, корхонаю коргоҳҳои навин месозанд. Хуллас, пайи зиндагии хурраму шодихуданд.

Имрӯз Тоҷикистон Артиши тавонои худро дорад. Ва метавонад ба ҳар як дасисаю сарҳадшиканӣ ҷавоби сазовор диҳад. Ва ин гурӯҳи фиристодаи ДИИШ низ умри дароз надорад. Хушбахтона, аъзои ин гурӯҳ аллакай ба дасти муҳофизони Ватан афтодаанду дар назди қонун ҷавоб хоҳанд гуфт. Ҳеҷ ҷои шубҳа нест, ки ҷонибдорони ДИИШ пагоҳ боз сози нав ҷӯр карда, онҳоро сафед карданӣ ҳам мешавад. Вале чуноне мегӯянд, «ҷомаи сиёҳ бо шустан сафед намешавад». Ва ин кор ҳам мисоли ҳамин хоҳад буд.

Мо Ватан дорем ва онро пуштибонӣ мекунем, ҳар зарра хоки онро ҳифз хоҳем кард. Намегузорем, ки ягон чашми бад сӯяш назар кунад. Аз ҷумла, худи ман омӯзгорам ва агар зарур шавад чун як фарди намакхӯрдаву парвардаи ин Ватани аҷдодӣ ба ҳимояаш мебароям. Ва боварӣ дорам, ки кулли мардуми соҳибдили ин мулки бузургон, гузаштагони хирадмандамон андешаи бандаро қабул доранду чунин рафтор хоҳанд кард.

 

С. ГУЛОВ,

омӯзгори МТМУ №3, ноҳияи Восеъ




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

АМАЛИ ИНСОНДӮСТОНА

Номаҳои Шумо

НАВИШТАИ “АХБОР.КОМ” БА МАНФИАТИ ТЕРРОРИЗМ АСТ

Хабарҳо, Сиёсат
Роғун мояи ифтихори ҳар як фарди ватан аст

Роғун мояи ифтихори ҳар як фарди ватан аст

Ҳаёти иҷтимоӣ
Хиёнаткори ба Ватан-мурдаи бекафан

Хиёнаткори ба Ватан-мурдаи бекафан

Сиёсат
«Ҳақ ниҳон нест, вале хиранигоҳон кӯранд»

«Ҳақ ниҳон нест, вале хиранигоҳон кӯранд»

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш