Дар як сатр
» » Тири душманон хок хӯрд

Тири душманон хок хӯрд

7-11-2019, 10:39

Таҷлили тантанавии 25-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Кохи Борбади пойтахти ватанамон-шаҳри Душанбе гузашт, бори дигар аз рушду нумуи Тоҷикистони азиз дар даврони соҳибистиқлолӣ дарак дод. Дар суханронии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми паҳлуҳои сиёсати давлату Ҳукумат, ҷаҳду талошҳои ба мувофиқа расидан, таъмини сулҳу ваҳдат, бо талаботи замон тағйиру иловаҳо ворид гардидан ба Конститутсия, татбиқи қонунҳои амалкунанда, пешравиҳои истеҳсолӣ, зиндагии хушу бонишоти мардуми моро бо далелҳои амиқ баён карданд. Қайд гардид, ки робитаҳои дӯстона бо зиёда аз 160 давлати дунё махз бо шарофати ҳамрадифи Конститутсияҳои беҳтарини ҷаҳон будани бахтномаи миллати мо даст додааст.

Сокинони фарҳангдӯсту маърифатпарвари мамлакат, он шаб, ҳамчунин, аз тамошои барномаи рангини санъаткорони шинохтаи ҷумҳурӣ як ҷаҳон ҳаловат бурданду ҳисси ифтихормандӣ доштанд.

Сафари расмии Президенти мамлакат давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Конфедератсияи Швейтсария ва истиқболи бошукӯҳу дӯстона аз ҷониби Президенти ин мамлакат бори дигар аз он гувоҳӣ дод, ки Пешвои миллати тоҷикон дар тамоми ҷаҳон обрӯву эътибори хоса дорад. Маҳз дар давлати Швейтсария, ки дар бисёр самтҳои давлатдорӣ бо Тоҷикистон ҳамкорӣ дорад ва дар масъалаи глобалии нигаҳдошти оби тоза, ки ҳамфикиру ҳамақида асту дар ин боб пешниҳоди худро низ дорад, аз ташрифи роҳбари олимақоми давлати тоҷикон хурсандии зиёд доштанд.

Дар ҷараёни сафар, чуноне аз манбаҳои хабарӣ иттилоъ гирифтем, Сарвари давлати мо Президенти Конфедератсияи Швейтсарияро ба Тоҷикистон даъват намуданд ва ин даъват бо камоли мамнуният пазируфта шуд.

Ин рӯзгору хуш, зиндагии шоиста, меҳмоннавозии тоҷикон, ин робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистон бо давлатҳои ҷахонро мардумони сулҳхоҳи рӯи замин бо хушӣ истиқбол мегиранд. Бо ҳисси баланди инсонӣ шоданд, ки дар рӯи дунё сарзамине ҳаст биҳиштосо, бо номи Тоҷикистон.

Мутаассифона, то ҳол, баъзе ашхоси бехираду тамаъҷӯй, мансабталаб, нотавонбину бахил, одамнадидаву бехонумон, ин ҳама пешравиҳои давлати Тоҷикистон, сарбаландии миллати соҳибтамаддунро, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ шукӯҳу шаҳомат ёфтаанд, нодида мегиранд. Аз рӯи ғараз, бо ҳар роҳу восита хоре ба пои мардуми соҳибистиқлоли тоҷик задан мехоҳанд. Вале, ҳеҷ гоҳ, ба мақсадашон нахоҳанд расид. Онҳо чун гирдоб самари худ мехӯранд. Ҳуҷуми шабонаи як гурӯҳ душманон ба дидбнгоҳи сарҳадии мо аз ҳамин қабил аст, ки шукри худо, ба мақсад нарасида, саркуб шуданду ҳам ба даст афтоданд. Акнун ҷазои сазовори худро хоҳанд гирифт.

И. Ҳасанов,

ноҳияи А. Ҷомӣ




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Маҳкум мекунем

Хабарҳо, Сиёсат, Номаҳои Шумо
Истиқлолият оғози марҳалаи навини давлатдории миллист

Истиқлолият оғози марҳалаи навини давлатдории миллист

Ҳокимияти давлатӣ
Ҷавонон пайравони Пешвои миллатанд

Ҷавонон пайравони Пешвои миллатанд

Номаҳои Шумо
Конститутсия - роҳнамои имрўзу фардои давлату миллат

Конститутсия - роҳнамои имрўзу фардои давлату миллат

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР
Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои арзандаи миллати тоҷик

Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои арзандаи миллати тоҷик

Сиёсат, Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Номаҳои Шумо