Дар як сатр
» » Маҳкум мекунем

Маҳкум мекунем

7-11-2019, 10:38

Мо, ветеранҳои ҷанг ва меҳнати ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз он хурсандем, ки дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи Ватани азизамон- Тоҷикистон пешравиҳо ба назар мерасанд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ сарзамини куҳанбунёду тозаистиқлол гул-гул шукуфта, ободу зебо гардида истода, мардумаш рӯзгори ободу тинҷ доранд.Ғамхории давлату Ҳукумат дар ҳаққи тамоми табақаҳои аҳолӣ, маоши кормандони буҷетӣ, стипендияи донишҷӯён, нафақапулиҳо, кумакпулиҳо ба ятимону бепарасторон, маъюбон, имтиёзҳо дар аснои хизматрасонӣ ба ИҶБВ ва дигар ашхоси ба онҳо баробар сол аз сол бештар мегардад.

Имсол мардуми шарифи кишвар 25-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо омодагиҳои комил, ифтихору сарфарозӣ, дастовардҳои баланди истеҳсолӣ истиқбол гирифтанд. Ҳамаи ин пешравиҳо, рушду нумӯи Тоҷикистонро дар саросари ҷаҳон медонанду дӯстона муносибат мекунанд.

Вале аз чист, ки то ҳанӯз бадхоҳони миллат, пасмондаҳои ҳизби мамнуъи наҳзати ислом бо сарварии Муҳиддин Кабирӣ ин пешравиҳоро нодида гирифта, бо ҳар роҳу восита мехоҳанд давлату роҳбарияти Тоҷикистонро паст зананд. Онҳо аз пешравиҳои давлати соҳибистиқлоламон хурсанд нестанд.

Аз расонаҳои хабари огоҳӣ ёфтем, ки дар арафаи ҷашни Конститутсия як дастаи 20 нафараи нохалафон аз гурӯҳи ба ном давлати исломӣ ба яке аз дидбонгоҳи кишварамон ҳамла кардаанд. Чоҳкан зери чоҳ, гуфтаанд. Хуб шудааст, ки қисми зиёдаш несту чанд нафараш ба даст афтодаанд. Акнун саркардааҳояшон ҳам ошкор мегардаду нияти нопокашон ҳам.

Мо, ветеранҳо, ки пастиву баландии ҳаётро дидаем, медонем, онҳо кистанд ва мақсади нопокашон чист. Ин зархаридони хориҷӣ, ки пешравии давлату хушбахтии миллати моро дидан намехоҳанд, ҳамаашон ба чоҳи мекофтаашон сарнагун хоҳанд рафт. Мардуми шарифи Тоҷикистон чашмонашон кушода ва сиёҳро аз сафед фарқ карда метавонанд.

Мо, пайравони сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошем ва барои иҷрои қарорҳои давлату Ҳукумати Тоҷикистон ҳамешатайёрем. Хоҳиш мекунем, ки ин душманони ватану миллат дар назди қонун ҷавоби сазовор диҳанд.

 

Сафармуҳаммад Зарифӣ, раиси Шӯрои ветеранҳои ҷанг ва меҳнати ноҳия А.Ҷомӣ




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Тири душманон хок хӯрд

Хабарҳо, Сиёсат, Номаҳои Шумо

АМАЛИ ИНСОНДӮСТОНА

Номаҳои Шумо

НАЙРАНГҲОИ ХОИНОНАИ ТЭТ ҲНИ

Сиёсат

Чоҳканҳо зери чоҳанд

Хабарҳо, Сиёсат

Ветеранҳо Кабирӣ ва думравонашро маҳкум мекунанд

Номаҳои Шумо