Дар як сатр
» » Биё эй ҳамватан, то ҳомиёни ин Ватан бошем

Биё эй ҳамватан, то ҳомиёни ин Ватан бошем

7-11-2019, 10:26

Авзои сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро водор месозад, ки барои ҳимояи ватани азизи хеш омодаву ҳушёр бошад. Зеро давлатҳои мутарақќии ҷаҳон аз қабили Ироқ, Сурия, Мисру Лубон ба гирдоби ҷангҳои гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ фурӯ рафтанд. Аз он ободию таърихи беш аз 1000-солаи давлатҳои мазкур нишоне намонд. Ҳазорон модарону тифлакон ва ҷавонон ба ҳалокат расиданд. Ин вазъият барои мо бояд сабақ бошад.

Тавре аз АМИТ «Ховар» иттилоъ гирифтем, шаби 06-уми ноябри соли 2019 соати 323 дақиқа, гурӯҳи мусаллаҳи иборат аз 20 нафар шахсони номаълуми ниқобдор бо истифода аз силоҳи оташфишон ба дидбонгоҳи сарҳадии №4-и "Ишқобод”-и қисми ҳарбии отряди сарҳадии "Султонобод” ҳуҷум карданд. Зимни ҳамла онҳо 5 яроқи оташфишони (АКМ)-ро тасарруф намуданд. Дар натиҷаи амалиёти ниҳодҳои қудратӣ 15 нафар аъзои гурӯҳи мусаллаҳи ҷинояткор, ки дар иҳота қарор доштанд, безарар гардонида шуда, 5 нафари боқимонда боздошт гардиданд.

Ҳангоми задухурди мусаллаҳона, 1 нафар сарбози Қушунҳои сарҳадӣ ва 1 корманди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳодат расиданд. Ин фарзандони шуҷоъи ватан тану ҷони хешро сипар намуда нагузоштанд, ки душманони миллат, бахусус гурӯҳи террористии ба ном Давлати исломӣ ба рӯзгори осудаи ҳамватанон газанд ворид созанд. Ватани азизамонро ноором кунанд.

Убури ғайриқонунии сарҳадоти Тоҷикистони азиз аз ҷониби гурӯҳи террористии ба ном Давлати Исломӣ тавассути вулусволииҚалъаи Золи Зари Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бори дигар ҳар як шахси ватандӯстро водор месозад, ки ҳушёрию зиракиро аз даст надиҳем. Нагузорем, ки ҷонибдорони ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ба мақсади нопоки хеш расанд. Ҷавонмардии сарбози қушунҳои сарҳадӣ ва корманди вазорати корҳои дохила, барои ҳар як шаҳрванд сабақи ҷавонмардӣ, матонат, далерию худшиносӣ, ватандӯстӣ бошад. Ин ду ҷавонмард, ки барои оромию осудагии мову шумо ҷони хешро нисор кардаанд, дар қалби ҳамагон ҷойгузин хоҳанд гашт. Ватан-модар ҷоннисориҳои фарзандони хешро дар ягон аср фаромӯш накардааст ва намекунад.

Имрӯзи ватани ободу тараққикардаи мо ба чашми ҳасудону душманони миллату меҳан чун хор мехалад. Бунёди НОБ "Роғун”, шоҳроҳу садҳо пулу нақбҳо, пешрафти илму техника, амалӣ гардидани садҳо Барномаҳои давлатӣ, лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бо тарҳи наву замонавӣ қомат афрохтани биноҳои баландошёна, симои нави пойтахти ватани азизамон-шаҳри Душанбе ва дигар гӯшаву канори Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сиёсати ободгаронаи Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ватани азизамонро шукӯҳу шаҳомати дигар бахшидааст.

Ин обу замин, рушду тараққӣ, ин ватани биҳиштиро бояд ҳамагон чун гавҳараки чашм азиз дорему нигаҳбону посбонаш бошем. Хабари ҳодисаи ношумро шунида, қалбам ба дард даромад. Ман, ҳамчун як тан модар гуфтаниам: Эй душманони бехирад, раҳгумкардаҳои бетинат, дар ягон гӯшаи марзи ватан барои шумо ҷой нест. Модарони тоҷику тоҷикистонӣ ғаму ашки талхи хешро нисбати фарзандони баҳалокат расидаашон аз шумо меситонанд. Намегузоранд, ки қадами нопоку сияҳкории шумо ба марзи Ватан расад.

А. Сафарова, рўзномаи "Хатлон”




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Бори каҷ ба манзил нарасид

Бори каҷ ба манзил нарасид

Ҳуқуқу амният
Гулнисо: «бо қаҳрамонии шавҳарам ифтихор мекунам»

Гулнисо: «бо қаҳрамонии шавҳарам ифтихор мекунам»

Чеҳранигорӣ, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Шамсиддин Шоҳин: Пешгирии интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир

Шамсиддин Шоҳин: Пешгирии интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир

Хабарҳо, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Задухӯрди мусаллаҳона бо қочоқчиён

Задухӯрди мусаллаҳона бо қочоқчиён

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният
Задухӯрди мусаллаҳона дар сарҳад

Задухӯрди мусаллаҳона дар сарҳад

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният