Дар як сатр
» » Дидори ҳамхизматон пас аз 48 сол

Дидори ҳамхизматон пас аз 48 сол

2-11-2017, 11:43

Дидори ҳамхизматон пас аз 48 сол

Дӯст ба ваҷҳе азизу мукаррам аст, ки ҳам ҷонаш ба шумо месӯзад ва ҳам ҷони шуморо меафрӯзад.

Тавре ки мегӯянд, дӯстӣ иттиҳоди дилҳои ҳамандешу мушфиқу ҷонфидост. Дӯстӣ ба хотири дӯстӣ нест, дӯстӣ ба хотири дӯст аст. Дӯст дили меҳрубон, чеҳраи кушода, лаби хандон, забони чарб, нафаси пок, чашми вафо, гӯши ризо, дасти сахо, ҷигари паланг, сари баланд, пойи муборак, ақли шариф, номуси фархунда, виҷдони ором, нони ҳалол ва номи сапед бувад.

Қаҳрамони мо, ки дар борааш менависем, намунаи барҷастаи як дӯсти содиқу вафодор аст. Бобои Зубайдулло зодаи деҳаи Кӯҳдомани ноҳияи Дӯстӣ мебошад. Бобои Зубайдулло даврони ҷавониашро дар мавзеи Фахробод гузаронидааст. Яъне солҳои 1961- 1969 дар он ҷо ба ҳайси электрик-механик дар фермаи чӯҷабарорӣ кор кардааст. Соли 1969 ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ дар Русия даъват мешавад. Соли 1971, баъди бозгашт ба ватан, дубора аз рӯйи ихтисоси хеш дар ноҳияи Дӯстӣ ба кор шурӯъ мекунад. Аз соли 2012 ба нафақа мебарояд.

Тӯли 40 соле, ки бобои Зубайдулло ба кору зиндагии хеш машғул буд, ҳамеша орзуи дидани ҳамхизматонашро мекард. Ниҳоят, баробари ба нафақа баромаданаш, бобои Зубайдулло пеши худ қарор гузошт, ки бояд дӯстони ҳамхизматашро дарёфт намояд. Баъди ҷустуҷӯҳои зиёд бобои Зубайдулло 30 нафар ҳамхизматонашро сари дастурхони дӯстона даъват намуд. Инак, тӯли шаш сол мешавад, ки ин ҳамхизматони содиқ ба хонаҳои ҳамдигар равуо доранд. Гоҳо дар истироҳатгоҳҳо ҷойи вохӯриашонро таъин карда, аз замони хизмат қиссаҳои аҷоибу ғароиб нақл мекунанд. Бобои Зубайдулло шукрона аз сулҳу субот ва осудагии ватан мекунад.

Ба ҷавононе, ки синнашон барои хизмати аскарӣ расидааст, гуфтанист: «Фарзандони азиз, хизмат кардан ба ватан боиси ифтихору шарафмандист. Вақте аз оила ва дӯстонатон ҷудо мешавед, ба қадри онҳо мерасед».

Бобои Зубайдулло дар баробари хислатҳои неки инсонӣ доштанаш, инчунин ба навиштани шеъру насиҳатномаҳо машғул аст. Яке аз он шеърҳоро пешкаши хонандаи арҷманд мегардонем.


НАСИҲАТ БА ФАРЗАНД

Гӯш кун, аз ман насиҳат, эй писар,
Илм омӯз, то шавӣ ту муътабар.
Худписандиро ту аз сар дур кун,
Хоксорӣ пеша кун, шав додгар.
Бо тавозуъ бош, дар мактаб бихон,
Ҷой гир дар ҳалқаи аҳли ҳунар.
Олимонро кун ҳамеша эҳтиром,
Сулҳпарвар шав пайи аҳли башар.
Панди устодони худро гӯш кун,
Пандашон ширинтар аз шаҳду шакар.
Дар ҷавонӣ кун ту ҳимматро баланд,
То шавӣ аз илму ҳикмат бохабар.


Ҳангомаи ИСМАТ,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Родмарде аз Сангтӯда

Родмарде аз Сангтӯда

Хабарҳо, Чеҳранигорӣ, Номаҳои Шумо
«Ҳамлаи оилавӣ» ба падар: модар буғӣ карду писар бо табар зад

«Ҳамлаи оилавӣ» ба падар: модар буғӣ карду писар бо табар зад

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР
Достони чор бародари ҳамяроқ

Достони чор бародари ҳамяроқ

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, Номаҳои Шумо
Ба ҷавонон таҳаммулгароӣ ва қаноатро бояд омӯхт

Ба ҷавонон таҳаммулгароӣ ва қаноатро бояд омӯхт

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Марде, ки ҳам хона рӯшан мекунад, ҳам дил

Марде, ки ҳам хона рӯшан мекунад, ҳам дил

Фарҳанг ва адабиёт