Дар як сатр
» » Сафари Пешвои миллат ба Европа бозгӯкунандаи қудрати миллати тоҷик аст!

Сафари Пешвои миллат ба Европа бозгӯкунандаи қудрати миллати тоҷик аст!

3-11-2019, 19:25

Чист миллат? – Ваҳдати дунёи мост,

Дӯши мо, имрӯзи мо, фардои мост.

Аз фурӯғашдидаи мо равшан аст,

Дар ҳисораш ҳастии мо эман аст.

 

Ҳалқаҳоизиддимиллӣ, ки дар муҳити оворахонаҳоиЕвропа хайма задаанд, аз ҳардастоварди ҷиддии давлатдории муосири тоҷикон дар самти сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ ҳангомаи нораво паҳн мекунанд ва мекушанд сафедро сиёҳ, хубро бад ва дастовардро ба нуқсону камбудӣтабдил дода, вазъияти ҷумҳуриро воруна нишон диҳанд. Ташрифи расмии Пешвои миллатро ба Европа кам гирифта, он доираҳое,ки дар боло зикрашон рафт, дар зуҳури чунин кори фавқулодда фоиданок барои миллат тарафҳои бадиро меҷӯянд. Чун ки бадманишон қобилият ва иқтидори навҷуӣ ва навпоиро надоранд, буҳрони шадиди шахсиятӣва афсурдагии беморгунаи раҳбарияти ифротиён, ҳамаи онҳородомангир аст.Аниқтараш онҳородар кӯчаву гузари муҳоҷирони бодиянишини араб дар Парижу Берлин замингир кардааст, ки зарфияти на танҳотаҳлилӣ, балки инсониро билкулл гум кардаанд.

Ватандороне, киҷоғ намезананд ва дар Ватан истода шабу рӯз захмат мекашанд, медонанд, рузе ки намегузарад, тамоюли ба кишвари абарқудрати минтақавӣ табил ёфтани Точикистон зиёд аст. Роғун сохта шуд, созмони муътабари «Дуинг бизнес» номи муборак кишварро дар қатори кишварҳоидаҳгонаи беҳтарин бо шароити мусоиод сайёҳи номмебарад. Варзишгарони мо қаҳрамони ҷаҳон мешаванд (Маҳмадбеков С.), тимии футболи ҷавони тоҷик аз болои каҳрамони Африқо– Камерун ғолиб мешавад. Тоҷик давлатии обод ва озод дорад, қудрати ҳимояи халқихудро аз балоҳоичӣ ифротӣ (хонда шавад наҳзатӣ) ва хориҷӣ дорад. Аз он, ки гурӯхаке даркибру ғазаби худ ва дигаронғӯтавар ҳастанд ва парокандавожаҳоеменигоранд, «бонеши пашша камнашавад х..яифил» монанд аст. Пеш аз ҳамаанқариб 10 млн.тоҷик дар Ватанашон хотири ҷамъ ва амнияти саросарӣдоранд. Тоҷикистон зоянда ва пешоҳанги ғояҳоимуттаҳидгари минтақаи форсизабонон ва ҳамсоякишварҳои Осиёи Марказӣмебошад. Нишасти сатҳиҷаҳонӣ дар бораи фарҳанги бостон баёнгари ҳамин мавқеъаст. Эрониҳо ва тоҷикони Хуросони бовиқор вадонишманд, киаз соли 1991 бамаҳзи касби Истиқлоли давлатии тоҷикон ба Тоҷикистон омада, робитаи самимӣбо Раҳбари муаззами тоҷик барқарор карданд, дар симои Тоҷикистон давлати меросбари императории Ориёни Кӯҳанро мебинанд. Ҳамаин ҳақиқати мутлақроқабул дорад ва як тӯдаи кундзеҳни бегонапарвар чун маниши ақрабӣ дорад, қасдан ва амдан қабул надорад. Бале ин ашхоси нухба ҳамазиддиинқилобианд, зеро танҳогалуву беақлучоҳил, ба сони наҳзатиҳо инқилоб мехоҳанд. Ин ашхос ҳаркадомашон боз устоди ҳунару илм вакасбу кори мушаххас буда, дар баланд бурдани имиҷи сиёсати тоҷикон саҳм мегузоранд.

Наҳзатиҳои бегонапараст ва ҷангҷӯ бошад, тавони таҳлиливоқеаҳорогум кардаанд. Заминаи чанги навро мусоид месозанд. Ана фарқро бубинед ва ламс кунед. Наҳзатии вопасгаро дар ғамишикасти давлати точик асту эронии муҳоҷирбо тамоми кӯшиш дар паҳлӯи ҳукумат. Инро мегӯянд, ватандорӣ. Ватандориро аз Масъуди Миршоҳӣбиёмузед, ки бо дарки ҳақиқатитаърих давлатмардони кунунии тоҷикро давомдиҳандаи Курушу Доро медонаду наҳзатии оташандоз дарфикри тарвиҷва ташвиқибосмачӣ аст. Инро мегӯянд, сатҳибадбахтии намояндагони наҳзат, ки гадоманиш ва худфурӯхтаанд.

Баргардем сари қудратмандии тоҷикон. Вақте кимо тоҷик мегӯем, дар таркиби маъноии ин калимаи воло, наҳзатиҳои аслбохта қарор надоранд, чун ки онҳо ифодагари манфиати ифротияти байналмилалӣмебошанд, таърих гувоҳ аства мардум собит месозанд, китаҳрикгари харбиву ғорат вароҳзаниву хурофот наҳзатаст. Ин бечораҳо дарк намекунанд, ки аврупоиҳоба иқтидори Тоҷикистон ҳамчун кишвари ҷавон, ки аз вартаи ҷанги дохилӣ,ки ба қабоҳатинаҳзатиҳодар гирифт, бомувафақиятбаромада, нақшион дар мубориз бар зидди теорримз калон аст. Тоҷикистон сарҳади Аврупоро дар Бадахшону Хатлон баривази ҷонситониҳоисамимӣ ҳимоя мекунад. Кишвари маълум, ки мехоҳаддар қиёфаи номаънуси наҳзат"Ҳизбулло»-и осиёмиёнагӣ таъсис диҳад,ба муқовимати ҷавонпатриотҳои тоҷик вааврупо рӯба рӯст. Ғояҳоинаҳзатӣҳамон ғояҳоенад, ки азонҳо бӯй вағарази зиддиғарбӣ меояд, ки мардуми ин кишварҳохуб медонанд. Онҳо ҳадди аксар ваё нуқтаиаълои андешарониашон, ки дар зеҳнашхутур кардааст, ривоҷиғояҳоибосмачигарӣаст, ки баин миллат ҳеҷ умумият надорад. Достони дахолат ва разолати кишвари "ҳамзабон” ҷиҳати таъмини барномаҳои таблиғотии худ дар миёни муҳоҷирони тоҷик ва барои дар амал татбиқ намудани нақшаҳои мазҳабии худ дар хоки Тоҷикистон, ки зиёда аз 80 фисади аҳолии онро пайравони мазҳаби Ҳанафӣ ташкил менамояд, ба чеҳраҳое чун наҳзат ниёз дошт, то тавонад барномаҳои "вилояти фақеҳ”-ро таблиғу ташвиқ ва роҳандозӣ намояд. Маҳз бо ҳамин ҳадаф гургони дар пӯсти меш дару дастгоҳи таблиғотиро то имрӯз дар ихтиёри мухолифон гузоштаанд, ки маълум аст, ки ба амали ҷавобӣ ниёз дорад. Гӯш ба қимор бошанд, ки далелу рақамҳои нави дахолати эшонро ба умури дохилии Тоҷикистон бозтоб хоҳем дод.

Интихоби Аврупо ба сифати ҳамкори боэътимод агар аз як тараф ғаризаи бақои миллӣ дар шароити буҳронзадаи ҷаҳонӣ унвон шавад, аз тарафи дигар ба ҷараёни табии муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба решаҳои қавии ҳамкориҳои мутақобилан судманд сабабгор шудаанд.Европа дар саромади Истиқлолияти давлатӣба ҳукумати навтаъсис дасти ёрӣ дароз карда, барои таҳкурсии давлат кӯмакҳоибесобиқа кард. Аз ҷониби дигар, Тоҷикистон боназардошти «сиёсати дарҳоибоз» бо якпайдарҳамии бесобиқа пуштибони хати сиёсати хориҷӣ будааст. Мавқеъгирии муштарак дар масоили байналмилалӣ ва минтақавӣ,ҷузъи низоми сиёсии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил мекунад. Сатҳиробитаҳои дуҷониба вабисёрҷонибаи ҶТва ИттиҳодиАврупо барои пешбурди лоиҳаҳоимуштарак ва манфиатҳоимиллӣ ба соҳаииқтисодӣ,сиёси ҳарбӣва фарҳангӣсабабгор мешавад.

Ҳамин тариқ, ягона монеаи ҷиддӣ, ки баъзе ҳалқаҳоинотавонбин ба он майлу рағбатдоштанд, фаъолияти ҳизби мамнӯи наҳзатбуд, ки ҳамвора бо тахрибкорӣ ватуҳматпароканӣмуносибатҳоикишварҳоиҳаммаромро хадшадормекард ва чун ин монеа аз сари роҳ бардошта, ҳама корҳо рӯ ба роҳ хоҳадбуд.

 

Мақсад Замонзода,

таҳлилгари бошгоҳи сотсиологии «Шарқи озод»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ғаразҳоро аз дил биронед!

Хабарҳо

Аз марги инсон ҳангома сохтан ноҷавонмардист (Ҷавоб ба Ахбор.ком-пойгоҳи и ...

Хабарҳо, Сиёсат

Гирдиҳамоии наҳзатиҳои ҷинояткор муқаррарист?

Хабарҳо

Иғвоангезӣ бо услуби аҷнабӣ

Хабарҳо
Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои арзандаи миллати тоҷик

Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои арзандаи миллати тоҷик

Сиёсат, Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Номаҳои Шумо