Дар як сатр
» » АМАЛИ ИНСОНДӮСТОНА

АМАЛИ ИНСОНДӮСТОНА

1-11-2019, 15:27

Авфи умумӣ, чуноне дар байни халқ бо номи «Авфи тиллоӣ» тавсиф шуд, амали хайри навбатиест аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати он нафароне, ки адои ҷазо мекунанд ва пайвандони онҳо. Ин амал замоне рух дод, ки мардуми Тоҷикистон 25-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил мекунанд. Ва бори дигар ин амали хайрхоҳона башардӯстӣ, адолатпешагии Роҳбари давлатро нисбати мо, маҳрумшудагони озодӣ нишон дода, аз сиёсати хирадмандонаю дурандешонаи Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус Сарвари он нишон медиҳад.

На танҳо ман, балки кулли маҳбусон ва пайвандони онҳо имрӯзҳо хурсандӣ мекунанд, ба амали ҷавонмардонаи Президенти ҷумҳурӣ офарин хонда, миннатдории самимии худро баён мекунанд. Аз ин ғамхории Пешвои миллат, аз ҷумла ман низ бархурдор гардидам. Баъди ба тасвиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» чун дигар нафарони маҳбус ман низ имконият пайдо намудам, ки пеш аз муҳлат аз маҳбас бароям. Озодӣ чи неъмати бебаҳост. Озодона нафас кашидану назди оила зистану меҳнат кардан чи кайфияте доштааст. Пешвои миллат ҳамин неъмати бебаҳоро дар арафаи таҷлили 25-умин солгарди Конститутсияи Тоҷикистон ба мо туҳфа кард.

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сидқан миннатдорӣ баён дошта, кӯшиш менамоям, ки минбаъд дар зиндагӣ пешпо нахӯрда, софдилона меҳнат кунам ва дар шукуфоии Ватани азизамон-Тоҷикистон ба қадри имкон саҳми худро гузорам.

 

Г. САНГОВ,

ноҳияи Балҷувон


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ОЗОДӢ НЕЪМАТИ БЕБАҲОСТ

Ҳаёти иҷтимоӣ

СИПОСГУЗОРЕМ АЗ ПЕШВОИ МИЛЛАТ!

Номаҳои Шумо

Корвон аз роҳи худ намегардад

Номаҳои Шумо
Ман туро дӯст медорам, Бохтар!

Ман туро дӯст медорам, Бохтар!

Ҷавонон ва варзиш

Аз бахти худ меболем

Маориф ва илм