Дар як сатр
» » ОЗОДӢ НЕЪМАТИ БЕБАҲОСТ

ОЗОДӢ НЕЪМАТИ БЕБАҲОСТ

1-11-2019, 15:26

Бо ҷурми алоқа доштану пайравӣ кардан  ба гурӯҳҳои террористиву экстремистии мамолики хориҷӣ зиндонӣ шудам. Дар маҳбас дарк кардам, ки ман ба роҳи хато рафтаам.  Аз кардаи худ пушаймон шудам. Таблиғоти мубаллиғони ин гурӯҳҳо маро ба кӯчаи саргумӣ бурд. Аз нодонию ҷоҳилӣ ба сухани онҳо бовар кардам. Чун ба худ омадам, аллакай дер шуда буд. Магар ин гурӯҳҳо ҳаққанд, ки рӯзе садҳо нафар одамони бегуноҳро қатл мекунанд ва ё масчиду мадрасаҳоро метарконанду одамони бегуноҳ ва намозгузоронро аз зиндагӣ маҳрум намуда, фарзандону пайвандони онҳоро ба ғаму дард мубтало мекунанд. Ин чӣ ҷоҳилию разиласт. Онҳо заррае мусулмонӣ надоранд ва имон ҳам ба гирди онҳо боре нагаштааст.

Ҳамаи ин каҷравиҳо аз нодонию ҷоҳилӣ, ҷаҳонбинии танги мо- ҷавонон рух медиҳад. Зеро ба қадри кофӣ нахондаву маълумоте ҳам нагирифтаем. Вагарна ба чунин роҳ ҳеҷ гоҳ қадам намезадем. Ва аз ҷавонон хоҳиш дорам, ки сари ҳар як амали худ андеша намоянд, некро аз бад ҷудо кунанд. Чунин давлати тинҷу ором, ки дар он зиндагӣ ба дараҷаи олӣ гузаштан дорад, тамоми шароитҳо барои таҳсилу фаъолияти меҳнатӣ фароҳам аст, монандаш дар дунё кам аст. Ва мо бояд, ки аз он истифода намуда, зиндагии худро боз ҳам хушу гуворо гардонем.

Ман аз амали хайру ҷавонмардонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо мамнунам. Давоми солҳои истиқлолият ин бори аввал нест, ки ин амри хайр ба вуқӯъ омада, гунаҳкорон бахшида мешаванд.

Авфи умумии ин маротиб аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баамаломадаро мардум «Авфи тиллоӣ» ном мебаранд, ки ин асоси худро дорад. Чаро ки бо пурра роҳандозӣ гардидани он ҳазорҳо нафар зиндониён ба озодӣ баромада, назди аҳли оилаи худ бармегарданд ва ба кори фоиданоки ҷамъиятӣ машғул мешаванд.

Ман ҳамчун як фарди тоҷикистонӣ аз ин авфи умумӣ бархӯрдор гардида, ба озодӣ баромадам ва ба назди аҳли оилаи худ баргаштам. Ва минбаъд бо меҳнати пурсамар машғул гардида, зиндагӣ ва кору фаъолияти содиқона мекунам дар роҳи садоқат ба ватан, ба халқу меҳани азизам.

Дар охир ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ин амали ҷавонмардонаву инсондӯстонаашон изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуда, саломатӣ ва комёбиҳои нав ба навро барояш таманно менамоям.

С. Пиров,

сокини деҳаи Чорбоғи  Ҷамоати деҳоти

ба номи М. Вайсови ноҳияи Восеъ


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

АМАЛИ ИНСОНДӮСТОНА

Номаҳои Шумо

СИПОСГУЗОРЕМ АЗ ПЕШВОИ МИЛЛАТ!

Номаҳои Шумо
Ифтихор аз пеша дорам

Ифтихор аз пеша дорам

Маориф ва илм

Корвон аз роҳи худ намегардад

Номаҳои Шумо

Аз бахти худ меболем

Маориф ва илм