Дар як сатр
» » СИПОСГУЗОРЕМ АЗ ПЕШВОИ МИЛЛАТ!

СИПОСГУЗОРЕМ АЗ ПЕШВОИ МИЛЛАТ!

1-11-2019, 15:25

Хирадмандию дурандешӣ, адолату инсонпарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳар фарди тоҷикистонӣ хеле рӯшан аст.  Ва касе дар ин раҳ заррае шубҳа надорад. Банда низ ҳарчанд дар маҳбас будам, чун дигарон ба ин хислатҳои сарвари давлат қоилам. Ҳарчанд гуноҳе содир кардаву адои ҷазо мекардам, боварӣ  доштам, ки имрӯз не фардо гуноҳҳои мо аз ҷониби Пешвои миллат бахшида мешавад.

Ба фикрам, оид ба бахшиши гуноҳ аввалинҳо шуда, одамони дар маҳбас нишаста огаҳӣ пайдо мекунанд. Зеро онҳо аз кардаи худ пушаймон шуда, ҳар лаҳза  ёди озодӣ мекунанд ва навгониҳоро оид ба ҳаёти худ интизорӣ мекашанд. Ва ҳамин буд, ки мо ин хабари хуш- авфи умумро аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон огоҳ шудем. Ва намедонам, он лаҳза маро чӣ ҳиссиёте фаро гирифт. Аз хурсандӣ аз чашмонам ашк рехт. Ва баъдан нафаси сабук кашида, гуфтам: «Ба озодӣ мебароям, чун дигарон бо аҳли байти худ зиндагӣ мекунам, азоби ҷудоии чандсоларо бартараф карда, ба ҳаёти хушу хуррам бармегардам ва бо меҳнати шоистаи худ ба нафъи халқу ватан хизмат карда, ба ғамхориҳои  Пешвои миллат ҷавоб мегардонам».

Ман аз ин иқдоми сардори давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати нафарони аз озодӣ маҳрум-авфи умумӣ хеле миннатдор буда, дуои онро мекунам, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо сарбаланду тансиҳат бошанд ва чун роҳнамо, чароғе баҳри пешрафти мардуми Тоҷикистон доимо фурӯзон ва дар фатҳи қуллаҳои нав ба нав дар роҳи тараққиёти ҷомеа ҳидоятгари умум бошанд.

Ташаккур Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, доимо сарбаланду сарафроз бошед, эй марди Худо!

 

Умаршои Фаррухшо,

сокини деҳаи Камари Ҷамоати

деҳоти Даҳанаи ноҳияи Кӯлоб. 


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

АМАЛИ ИНСОНДӮСТОНА

Номаҳои Шумо

ОЗОДӢ НЕЪМАТИ БЕБАҲОСТ

Ҳаёти иҷтимоӣ

Сипосгузорем

Ҷавонон ва варзиш

Корвон аз роҳи худ намегардад

Номаҳои Шумо
Дар партави Паём. Сиёсати башардӯстонаи Пешвои миллат

Дар партави Паём. Сиёсати башардӯстонаи Пешвои миллат

Хабарҳо, Номаҳои Шумо