Дар як сатр
» » ҲАМКОРӢ МАНФИАТ МЕОРАД

ҲАМКОРӢ МАНФИАТ МЕОРАД

1-11-2019, 15:22

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сиёсати дарҳои кушодаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ намуда, ҷиҳати рушди иқтисодӣ, бунёди ҷойҳои нави корӣ, таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоӣ бо ташкилоту мамолики хориҷа ҳамкориҳои муттақобилаи судмандро ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, амалӣ гардидани  лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва барномаҳои соҳаи кишоварзӣ имкон фароҳам оварданд, ки ҷойҳои нави корӣ зиёд гардида, хоҷагидорон бо тухмии аълосифат ва техникаи кишоварзӣ таъмин бошанд. 23 октябри соли равон дар ноҳияи Кӯшониён чорабинӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ намояндагони Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилояти Хатлон ширкат доштанд.

Зимни ҷамъомад оид ба дастовардҳои лоиҳа доир ба кишоварзӣ ва обёрӣ дар доираи ташаббуси озуқаворӣ ба хотири оянда, ки аз ҷониби Агентии ИМА бобати рушди байналмилалӣ маблағгузорӣ гардида буд, ба намоиш гузошта шуд. Дар ин чорабинӣ хоҷагидорони шаҳру ноҳияҳо маҳсулоти дастранҷи хеш-мошинолоту чорворо ба намоиш гузоштанд. Тавре ки  Аслиддин Назриев аз Ҷамоати деҳоти "Меҳнатобод” ёдовар гардид, аз ҷониби лоиҳаи мазкур соҳиби техникаи алафдарав гардид ва барои фаъолияти беш аз 30 гектар замини хоҷагии деҳқонӣ замина гузошт. Хоҷагидорон ба пахтакорӣ машғул буда, дар ин баробар кишти беда, мош, лаблабуро низ ба роҳ монда, ҳосили баланд ба даст оварданд.

Дар ин радиф Сайвалӣ Маҳмадалиев низ масъули хоҷагии деҳқонии "Шариф” низ иброз дошт, ки аз ҷониби лоиҳа бо тухмии картошка таъмин гардида, то 55 сентнерӣ ҳосили картошка ба даст оварданд. Сокини ноҳияи Хуросон Гулракат Бобохонова низ зимни суҳбат изҳор намуд, ки 4 сол боз бо лоиҳаи мазкур ҳамкорӣ доранд, бо дастгирии лоиҳа соҳиби сепарат гардиданд, ки барои бонувону занони хонашин шуғли доимӣ пайдо гардида, дар баробари парвариши чорво истеҳсоли қаймоқро ба роҳ монданд. Дар ин радиф садҳо ҷойҳои нави корӣ пайдо гардида, занҳои хонанишин бо кор ҷалб гардиданд.

Ҳамчунин Лола Сангинова аз Ҷамоати деҳоти "Бӯстонқалъа” миннатдории хешро ба Президенти мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расонид, ки заминро ба ихтиёри деҳқон вогузор намудаанд. Имрӯз оилаи Лола Сангинова соҳиби 4 гектару 80 сотих замини хоҷагии деҳқонист. Сатҳи зиндагии оила баланд гардида, фарзандонашон дар хориҷи кишвар дар макотиби олӣ таҳсил намуда истодаанд. Лола Сангинова иброз дошт, ки дар баробари кишти сабзавот ният доранд, ки боғпарвариро ба роҳ монанд. Чунки дигарон шинонданду мо баҳра бурдем ва мо боз боғҳо бунёд менамоем, то ин ки дигарон баҳраманд гарданд. Дар ҳақиқат зимни чорабинӣ кишоварзони шаҳру ноҳияҳо аз он изҳори сипос намуданд, ки соҳиби замин, техника ва дигар мошинолотҳо гардида, истеҳсоли маҳсулотро зиёд намуданд.

Давлатпочо Атоева низ зимни суханронӣ дар ҷамъомад гуфт, ки  соли 2017 аз лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва обёрӣ дар доираи ташаббуси озуқаворӣ ба хотири оянда 30 ҳазор тухмии ниҳоли  помидору бодирингро ройгон гирифта, дар гармхонаҳои замини наздиҳавлигиаш кишт ва парвариш намудааст ва аз он даромади зиёде гирифт. Умуман, зимни чорабинӣ муовини раиси вилояти Хатлон Умед Зоирзода сухан ронда, таъкид ба миён овард, ки вилояти Хатлон калонтарин вилояти аграрии ҷумҳурӣ ба шумор меравад. 70 фисади пахта, 50 фоизи гӯшту шир ва 70 фоизи полезиҳои истеҳсолшаванда ба вилояти Хатлон рост меояд. Чуноне ки таъкид ба миён омад, дар муддати 4 соли охир лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва обёрӣ дар доираи ташаббуси озуқаворӣ ба хотири оянда ба зиёда аз 140 ҳазор хонавода аз ҷумла, омӯзишҳо оид ба баланд бардоштани маҳсулнокии зироатҳои мавсимии соҳаи кишоварзӣ, амнияти озуқаворӣ ва дастгирӣ бо технологияҳо ва таҷрибаҳои пешрафта барои 127250 нафар занон дар қаламрави вилояти Хатлон кумак расондааст.

Ҳамчунин, тавассути технологияҳо ва таҷҳизотҳои муосир навъҳои зироат ва таҷрибаҳои мукаммали  идоракунии заминҳои киштро дар 93 гектар, аз ҷумла 82500 гектар заминҳои обёришаванда такмил додааст. Ин дастгирӣ воридоти 8 зироати навъи сабзавотӣ ва 39 навъи мева, сабзавот ва чормағзро дар бар гирифт. Аз он ҷумла насби 52 таҷҳизотҳои обченкунӣ ва инчунин, беҳтар намудани зоти чорво ва соҳаи коркарди маҳсулоти шириро дарбар гирифт. Дар натиҷаи ин ташаббусҳо хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ маҷмӯи даромади  умумии худро то 194 фоиз афзоиш додаанд ва беш аз 3 миллион доллар фоида аз фурӯши маҳсулот ба даст овардаанд. Зимни суханронӣ кордори муваққатии Сафорати ИМА Ҷон Гинкел доир ба ҳамкориҳои судманд ибрози назар намуда, изҳор дошт, ки лоиҳаи мазкур яке аз дастгирии Ҳукумати ИМА аст, ки дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани амнияти озуқаворӣ ба шумор меравад.

 

А. САФАРОВА,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ТАҚДИМИ 20 ТРАКТОРИ ЗАМОНАВӢ БА ХОҶАГИҲОИ ДЕҲҚОНӢ

ТАҚДИМИ 20 ТРАКТОРИ ЗАМОНАВӢ БА ХОҶАГИҲОИ ДЕҲҚОНӢ

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ
Ҳадаф-саноатикунонии соҳаи кишоварзӣ

Ҳадаф-саноатикунонии соҳаи кишоварзӣ

Арсаи кишоварзӣ
Ёвон: Бунёди боз як сехи коркарди меваю сабзавот

Ёвон: Бунёди боз як сехи коркарди меваю сабзавот

Хабарҳо, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Ба хотири ояндаи нек

Ба хотири ояндаи нек

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Таъмини амнияти озуқаворӣ аз истифодаи самараноки замин аст

Таъмини амнияти озуқаворӣ аз истифодаи самараноки замин аст

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, АСАЛМО САФАРОВА