Дар як сатр
» » ҲАРФЕ АЗ БАЁНИ ОТАШИН

ҲАРФЕ АЗ БАЁНИ ОТАШИН

24-10-2019, 22:52

Кору фаъолияти аксар адибони мо аз рӯзнома ё маҷалла оғоз ёфтааст. Дар ин ё он соҳа кор карда, ҳар шахс нозукиҳои касбашро меомӯзад, бо истилоҳҳои соҳаи кораш хуб шинос мешавад. Рафтору кирдори ҳамкорон, устодону шогирдон низ дар хотири ӯ сахт нақш мебанданд. Дар натиҷаи омӯзиш ва мушоҳидаҳои дуру дароз вай оянда ин маводҳои худро рӯи коғаз меоварад. Масалан Мирзо Турсунзода, ки бисёр сафарҳои хизматию давлатӣ дошт, бештар тарғибгари сулҳу амонӣ ва дӯстии халқҳо буд, оянда дар мавзӯи сулҳу дӯстӣ асарҳои "Ҷони ширин”, "Аз Ганг то Кремл”, "Қиссаи Ҳиндустон”, "Хоҳари мубориз-Африқо” ва ғайраро офарид. Мирсаид Миршакар, ки чун комсомоли фаъол дар азхудкунии заминҳои водии Вахш бевосита иштирок дошт, оянда оид ба таърихи ин водӣ асарҳои зиёде эҷод кард. Ин достонҳои "Ливои зафар”, "Панҷи ноором”... мебошанд. Муҳиддин Хоҷазод, ки бевосита дар сохтмони НБО "Норак” ҳиссагузорӣ кардааст, романҳои "Норак”, "Об-рӯшноӣ”, "Кӯҳ бе варта нест”, "Сангтӯда”-ро офарид, ки имрӯзҳо писанди ҳамагон мебошанд.

Рӯзноманигор, Корманди шо-истаи маданияти Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Тоҷикистон Муқим Абдураҳмонов (зодаи шаҳри Исфара) тамоми фаъолияти кории худро ба матбуот бахшидааст. Вай дар рӯзномаҳои "Комсомоли Тоҷикистон” (ҳоло "Ҷавонони Тоҷикистон”), "Тоҷикистони советӣ” (ҳоло "Ҷумҳурият”), "Ҳақиқати Қӯрғонтеппа ("Хатлон”), "Садои мардум”, "Шӯълаи умед”, "Ҳақиқати Суғд” дар вазифаҳои пурмасъулият кор кардааст. Умуман, собиқаи кории Муқим Абдураҳмонов дар соҳаи матбуоти тоҷик наздики 60 солро ташкил медиҳад. Ҳамин имкон дод, ки соли 1989 ӯ повести "Ҳарфе аз баёни оташин”-ро эҷод намояд. Ин асар дар бораи ҳаёт ва фаъолияти коркунони матбаа аст. Дар повест сухан дар бораи ишқи поки Сайёра ва Масрур меравад, ки онҳо коргарони матбааи шаҳрӣ мебошанд.

Сайёра пас аз хатми мактаб ба матбаа ба кор омад. Ӯро ба вазифаи ҳуруфчин қабул карданд. Вай, ки зеҳни тез дошт, ба зудӣ аз устодаш, русзан-Галя ин корро омӯхт. Дар ҳамин сехи ҳуруфчинӣ ҷавони ситорагарму хушмуомила Масрурҷон Алиев ҳамчун мудир кор мекард. Аз вохӯрии аввалин ситораи онҳо бо ҳам рост омад. Оҳиста-оҳиста онҳо бо ҳам меҳр бастанд. Аммо табиист, ки роҳи ишқи Сайёраю Масрурҷон ҳамвору рост набуд. Аввал аз ишқи онҳо модари Сайёра огоҳ шуда гуфт:

-Фикру хаёли беҳуда накун! -якбора шӯрида рафт модар. -Вай ҳеҷ вақт домоди ман намешавад!  Умедатро кан! Дубора ҳамроҳаш бинам, баъд пушаймон нашав! Падарат шунавад-ку...

Дар ин мобайн Петяамак-шавҳари Галя, Мунаввараапа, Шоҳвалӣ, директори матбаа, таъминотчии заводи консерв, падари Сайёра, Сашка низ амал мекунанд. Ба ишқи ин ду ҷавон баъзеҳо монеа мешаванд. Дар ҳаққи онҳо туҳмат мезананд. Лекин ҷавонон аз раъйи худ нагашта, охир ба мурод мерасанд.

Устокории Муқим Абдураҳ-монов ҳамчун эҷодкор ва журналисти нуктасанҷ дар он аст, ки аввали повести "Ҳарфе аз баёни оташин”-ро бо суханони модар сар карда (дар боло зикр шуд), интиҳои онро низ бо суханони модар ба анҷом мерасонад:

-Вай одами хуб,-гуфт модар,-дилаш соф. Он гапҳоро аз таҳти дил навиштааст. Дил-гувоҳи ҳақ!

Модар Сайёраро ба оғӯш гирифт, духтар сарашро ба сандуқи дили ӯ гузошта, оҳи сабук кашид.

Ин қисса барои ҷавонони имрӯза бобати коромӯзӣ, меҳнатдӯстӣ, масъулиятшиносӣ, одоби ҳамида, ишқи поку беолоиш, панди хубу раҳнамост. Бояд, ки ҷавонони мо ин гуна асарҳоро пайваста мутолиа намуда, ба образҳои мусбати он пайравӣ намоянд. 

Ин қиссаи ибратбахш аз китоби навбатии «Аз баҳор то хазон»-и Муқим Абдураҳмонов мебошад, ки матбааи "Набӣ Фахрӣ”-и шаҳри Конибодом соли 2018 ба муносибати 80-солагии муаллиф бо сифати баланд аз чоп баровардааст. Ин асар аз панҷ бахш иборат буда, очерку ҳикоя, ёддошту хотираҳои муаллиф, таманниёти ҳамкорону дӯстон Тӯрдиалӣ Бойбобоев, Саломиддин Мирзораҳматов, Гурез Қосимзода, Толибшоҳи Давлат, Муҳаммадҷон Абирӣ, Саидалӣ Бобохонов, Нуралӣ Нурзод, Мирзоаъзам Мақсудовро... низ дарбар мегирад. Як бахши он аз расмҳои хотиравии муаллиф мураттаб гардида, фаъолияти гуногунҷабҳаи Муқим Абдураҳмоновро инъикос менамоянд. 

Мо дар бораи китоби тозанашри Муқим Абдураҳмонов мулоҳизаҳои худро мухтасар баён намудем. Ба Муқим Абдураҳмонов, ки ба бисёр рӯзноманигорони Тоҷикистон ҳаққи устодӣ доранд, тани сиҳату хотири ҷамъ ва эчодкориҳои нав ба навро таманно дорем.

АлиҷонОлимов,

Аълочии маориф ва матбуоти Тоҷикистон



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Тарғибгари чеҳраҳои номдори миллат

Тарғибгари чеҳраҳои номдори миллат

Чеҳранигорӣ
Ранҷбар дар ҷодаи эҷодҳо

Ранҷбар дар ҷодаи эҷодҳо

Чеҳранигорӣ
«Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» бароям мактаби бузург буд

«Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» бароям мактаби бузург буд

Чеҳранигорӣ
М. Абдураҳмонов: «Ба нафақа баромада бошам ҳам, қаламам ҳоло коргар аст»

М. Абдураҳмонов: «Ба нафақа баромада бошам ҳам, қаламам ҳоло коргар аст»

Хабарҳо, Мусоҳибаи мо, Чеҳранигорӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Пайғоме аз қалби шогирдон

Пайғоме аз қалби шогирдон

Маориф ва илм, САИДАЛӢ БОБОХОНОВ