Дар як сатр
» » ҚАТОРА-НАҚЛИЁТИ ҚУЛАЙ ВА АРЗОН

ҚАТОРА-НАҚЛИЁТИ ҚУЛАЙ ВА АРЗОН

24-10-2019, 22:49

Бо Эмомалӣ Зокиров, корманди мус-таъфии милиса, маслиҳат кардем, ки тавассути қатораи хатсайри Душанбе - Ёвон - Кӯлоб ба Кӯлоби бостонӣ равем. Ин орзуямон ҷомаи амал пӯшид. Баъди чанд рӯз бо ин ният ба истгоҳи роҳи оҳани Ёвон омада, савори қатора шудем.

Дар купе ҷой гирифтему роҳбалади вагон Назокат Муродова бо меҳрубонӣ ба чӣ эҳтиёҷ доштанамонро пурсид ва чойники чойи кабудро наздамон гузошт. Қатора ба роҳ баромад ва дар истгоҳҳои сарироҳӣ 1-2 дақиқа истода, мусофиронро мефаровард ва боз мусофирони нав ҷойи онҳоро иваз мекарданд. Дарк кардем, ки қатора барои аз як ҷой ба ҷойи дигар рафтани мусофирон қулайтар будааст. Роҳкирои ин хатсайр он қадар қимат набудааст. Аз ноҳияи Ёвон то Қурбоншаҳид (ҳоло Меҳробод)-и ноҳияи Восеъ 12 сомон арзиш доштааст.

Беҳрӯз Гиёев, роҳбари қатораи Душанбе–Кӯлоб, бо 7 нафар кормандон ба мусофирон хизмат мерасонданд. Он рӯз 5 вагон ва ресторан дар ихтиёри мусофирон буданд. Қатора мисли селаи турнаҳо саф кашида, ба пеш ҳаракат менамуд.

Мо азми дар осоишгоҳи ба номи Абӯалӣ ибни Синои Меҳробод табобат гирифтанро доштем ва баъди чанд соат ба истгоҳи Қурбоншаҳид расидем.

Осоишгоҳи ба номи Абӯалӣ ибни Сино аз истгоҳи Қурбоншаҳид на он қадар дур будааст. Дар як лаҳзаи кӯтоҳ мошини мусофиркаш ҳардуи моро ба ин макони осоиш расонд. Хоҳари шафқат Бибинисо Раҷабова моро хуш истиқбол намуд. Духтури калон Миралӣ Сабзалиев баъди муоина барои табобат  номгӯи муолиҷаҳоро дар дафтарча қайд намуд.  Намудҳои табобат аз сиёҳлой, парафин, танӯри барқӣ, маҳси механикӣ, маҳс, сӯзанзанӣ, электрофарез ва амсоли инҳо барои табобатгирандагон пешбинӣ шудааст. Осоишгоҳ  аз се ошёна иборат буда, ба 35-40 нафар эҳтиёҷмандон хизмат мерасонад. Дар ин ҷо се вақт хӯроки болаззат ба мизоҷон пешкаш карда мешавад.

Осоишгоҳи ба номи  Абуалӣ ибни Синоро соҳибкори муваффақ Раҳим Муъминов дар ҳавлии шахсии худ ташкил намуда, ва барои мизоҷон шароити хуби табобатию истироҳатӣ фароҳам овардааст.

Ба онҳое, ки ба осоишгоҳи деҳаи Меҳрободи ноҳияи Восеъ омаданианд, бо қатораи Душанбе - Кӯлоб ба сайр бароянд, ҳам тамошои хуб мекунанд ва ҳам дар осоишгоҳ табобат мегиранд.

Дар бозгашт аз осоишгоҳ  бо мошини мусофиркаш дар муддати якуним соат ба нақби "Хатлон” расидем, чунки роҳи Кӯлоб-Душанбе чун кафи даст ҳамвор аст. Роҳи нақлиётӣ ва роҳи оҳан ин ҳама самараи истиқлол мебошад.

 

ЗайналобиддинҲусейнов,

деҳаи Гулибодоми

ноҳияи Ёвон


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Аввалин қатора аз Кӯлоб роҳии Маскав шуд

Хабарҳо

Имтиёзҳои «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба соҳибкорон

Хабарҳо
Шиносоии Сарвазир бо ҷараёни корҳои бунёди роҳи оҳан дар қитъаи Ваҳдат-Ёвон

Шиносоии Сарвазир бо ҷараёни корҳои бунёди роҳи оҳан дар қитъаи Ваҳдат-Ёвон

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо
Нигаронии А. Иброҳим аз ҳолати иҷрои корҳо дар қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат-Ёво ...

Нигаронии А. Иброҳим аз ҳолати иҷрои корҳо дар қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат-Ёво ...

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Теъдоди нақлиёти ҷамъиятӣ меафзояд

Теъдоди нақлиёти ҷамъиятӣ меафзояд

Хабарҳо