Дар як сатр
» » ҲАЁТИ ИБРАТБАХШИ ОМӮЗГОР

ҲАЁТИ ИБРАТБАХШИ ОМӮЗГОР

24-10-2019, 22:45

Омӯзгорӣ касби пуршарафест, ки ба он танҳо шахсони дорои малакаву дониши зиёди арзанда машғул шуда метавонанд. Барои омӯзгори ҳақиқӣ шудан бояд инсон бисёр кӯшиш кунад. Омӯзгори асил ва бошараф ба он мекӯшад, ки ба шогирди худ як маънавиётеро  омӯзонад. 

Аз шумули чунин омӯзгорони пурмаҳсул Ниёз Хӯҷақулов мебошад, ки тамоми умри худро барои тайёр намудани кадрҳои болаёқат сарф намудааст. Ӯ 25-уми январи соли 1947 дар ноҳияи Шаҳритуз, дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Пас аз хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро бо дипломи аъло хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1975 аз лаборанти калони кафедраи кибернетикаи иқтисодии Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон оғоз намуда, солҳои 1976-1978 ассис-тенти кафедраи кибернетикаи иқтисодии Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон адои вазифа намудааст.    

Солҳои 1978-1981 ба шуъбаи рӯзонаи аспирантураи кафедраи кибернетикаи иқтисодӣ аз рӯи ихтисоси методҳои математикӣ ва тадбиқи техникаи ҳисоббарорӣ дар тадқиқотҳои иқтисодӣ, банақшагирӣ ва идоракунии хоҷагии халқ шомил шудааст.

Самти тадқиқоти илмӣ-методӣ аз моделсозии системавии математикии ҷараёнҳои иқтисодӣ ва технологӣ дар комплекси агросаноатӣ, кишоварзӣ, коркард ва татбиқи методҳо, алгоритмҳо ва моделҳои математикию эконометрикӣ дар истифодабарии заминҳои кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.

Ниёз Хӯҷақулов бисёр шогирдонро тарбия намудааст, ки ҳоло чун кадрҳои болаёқат фаъ-олият доранд ва обрӯи кишвари азизамонро дучанд намуда истодаанд.

Барои хизматҳои бузург дар соҳаи маориф ва илм соли 2001 бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2002 бо нишони сарисинагии Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.

Нақши ин марди наҷиб дар соҳаи маориф ва илм ниҳоят бориз буда, рӯзгор ва ҳаёти устод барои мо- ҷавонон ва ҳамкасбон намунаи ибрат мебошад.

 

Худойдод АФҒОНОВ,

Дилноза СОИБОВА



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Накуном зист, некном рафт

Накуном зист, некном рафт

Чеҳранигорӣ

Сулолаи омӯзгор

Маориф ва илм
Роҳнамои доно ва устоди шоиста

Роҳнамои доно ва устоди шоиста

Ҷавонон ва варзиш, Маориф ва илм
Зиндаву ҷовид монд ҳар кӣ накуном зист…

Зиндаву ҷовид монд ҳар кӣ накуном зист…

Маориф ва илм
Ҳайати кории нашрияи

Ҳайати кории нашрияи "Хатлон"

---