Дар як сатр
» » НАШЪАҶАЛЛОБ ҶАЗОИ САЗОВОР ГИРИФТ

НАШЪАҶАЛЛОБ ҶАЗОИ САЗОВОР ГИРИФТ

24-10-2019, 22:44

Бо ҳукми Суди  ноҳияи Фархори вилояти Хатлон сокини ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Исмоилов Абдураҳмон ба муҳлати 13 солу шаш моҳ аз озодӣ маҳрум гардид.

Тавре раисикунандаи мурофиа Хӯҷамурод Раҳмонзода ба хабарнигори   "Хатлон” иттилоъ дод, судшаванда бо содир намудани ҷинояти дар моддаҳои 200 қисми 4 банди "д”, 335 қисми 2 ва 289 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда гунаҳгор дониста шудааст.

Бинобар гуфтаи манбаъ судшаванда Абдураҳмон Исмоилов бо маслиҳати пешакӣ  бо ҳамроҳии шиносаш Ҳусейни Олими Саидзода ва бародараш Исмоилов Беҳрӯз бо Муҳаммад ном шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки шахсияташ дар тафтишоти пешакӣ ва судӣ номаълум аст, ба интиқоли маводи нашъадори ҳашиш аз ҳудуди Афғонистон ба қаламрави Тоҷикистон даст мезананд. 

- Онҳо тариқи деҳаи Турдиеви ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ марзи сарҳади давлати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ғайриқонунӣ убур намуда, ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мегузаранд.  Дар он ҷо аз Муҳаммад ном шаҳрванди ин кишвар ду халтаи дар дохилашон аз 8 то 10 бастаҳои маводи нашъадорро гирифта, онҳоро ба Тоҷикистон интиқол медиҳанд, - иброз дошт Х. Раҳмонзода.

Баъдан, Б. Исмоилов  ва Ҳусейни О.С ин воситаҳои нашъадорро бо мақсади ба соҳибияти шахси дигар додан, дар мавзеи ҳудуди деҳаи Гулободи Ҷамоати деҳоти "Меҳнатобод”-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ пинҳон мекунанд.

Бо гузашти чанд рӯз Б. Исмоилов ҳамроҳи Ҳусейни О.С. 18 адад бастаҳои маводи нашъаоварро аз зери хок гирифта, ба поёни деҳаи мазкур, ки дар он ҷо харидори шартӣ- Фаридун интизорашон буд, меоранд.

Номбурдаҳо маводҳои нашъаоварро ба мошини тамғаи "Лексус” гузошта, худ низ барои гусел намудани Фаридун ба мошин савор мешаванд. Аммо дар ҳудуди роҳи деҳаи Ленини ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ кормандони милитсия мошини онҳоро қарор медиҳанд. Зимни азназаргузаронии автомошина 18 бастаи маводи нашъадор дарёфт ва мусодира карда шуд, ки ҳаҷми умумии онҳо 14 килограмму 854 граммро ташкил дод.

Бинобар гуфтаи Хӯҷамурод Раҳмонзода, раисикунандаи мурофиаи мазкур,  дар рафти мурофиаи судӣ бо нишондоди шоҳидони воқеӣ  ҷинояти нашъаҷаллобии А. Исмоилов тасдиқи пурраи худро ёфтанд.

Ҳамин тавр, Исмоилов Абдураҳмон Акобирович бо дастрасии моддаҳои дар боло зикршуда гунаҳгор дониста,   нисбаташ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 13 солу 6 моҳ бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш сахт таъйин карда шуд.

ҲасанАбдураҳимзода,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Хабари Маркази матбуотии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳо

Лейтенанти қочоқчӣ 10 сол зиндонӣ шуд

Ҳуқуқу амният
Боздошти марде бо 438 грамм ҳашиш

Боздошти марде бо 438 грамм ҳашиш

Хабарҳо, КОМРОНИ БАХТИЁР
Фархор. Мусодираи 57 кг нашъа ва боздошти 3 шаҳрванди ҶИА

Фархор. Мусодираи 57 кг нашъа ва боздошти 3 шаҳрванди ҶИА

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Боздошти шаҳрванди ҶИА бо 41 кг маводи мухаддир

Боздошти шаҳрванди ҶИА бо 41 кг маводи мухаддир

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА