Дар як сатр
» » ТАШАККУЛ ВА РУШДИ ҲОКИМИЯТИ СУДӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

ТАШАККУЛ ВА РУШДИ ҲОКИМИЯТИ СУДӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

24-10-2019, 22:36

26 октябр Рӯзи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда мешавад. Мақомоти судии кишвар роҳи пуршарафи таърихро тай кардааст. Агар хоҳем, ки оид ба таърихи ташаккул ва рушди ҳокимияти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дошта бошем, пеш аз ҳама бояд оид ба таърихи давлати Тоҷикистон ва рушди он маълумот пайдо кунем. Зеро баъди барҳам хӯрдани давлати Сомониён дар асри IX-X якумин давлати тоҷикон, халқи тоҷик то инқилоби октябрии асри гузашта давлати ягонаи худро надошт.


Ҳудуди Тоҷикистони таърихӣ ба тариқи сунъӣ (ё худ сохта) ба чанд давлатҳои мустақил тақсим шуда буд. Чунончӣ, қисми зиёди тоҷикон, ки дар Бухорои Шарқӣ зиндагӣ дош-танд, ба ҳайати аморати Бухоро дохил мешуданд, ки дар навбати худ аморати Бухоро дар протекторат, яъне асорат ё худ мустамликаи  императори Россия қарор дошт (протекторат).

Қисми дигари аҳолӣ, ки дар уезди Хуҷанд ва қисми зиёди Помир зиндагӣ мекарданд, ба ҳайати генерал-губернатори Туркистон дохил буданд.

Аморати Бухоро давлати хоси Осиёии феодалӣ - золимона (мустабид) буд ва дар он муносибатҳои патриархалӣ ҳукмрон буданд. Ҳокимияти амир маҳдуд буда, тобеи (вассалӣ) императори Россия буд.

Қонунҳо дар аморати Бухоро ва дигар хонигариҳои Осиёи Миёна дар асоси ҳуқуқи мусулмонӣ - шариат тартиб дода мешуд, аз ин рӯ, ҳокимият пурра дар дасти рӯҳониёни мусулмон қарор дошт.

Ҳокимияти олии судӣ дар Бухоро ба худи амир тааллуқ дошт. Амири Бухоро шахсан парвандаҳои ҷиноятии вобаста ба ҷиноятҳои махсусан хавфноки давлатиро баррасӣ мекард. Баъди амир мақоми поёнии ҳокимияти судӣ қозикалон (Суди Олӣ) буд, ки аз тарафи Амир аз ҳисоби шахсони ба ӯ наздик таъйин карда мешуд. Қозикалон танҳо ба амир итоат мекард ва ёрдамчии асосии амири Бухоро дар амалбарории ҳокимияти судӣ буд.

Ба қозикалон дигар судяҳо дар маҳалҳо, яъне қозиҳо  итоат мекарданд.

Қозикалон ҳуқуқи ба худ таъмин кардани ёрдамчӣ ё худ вакилро дар баамалбарории ҳокимияти судӣ дошт. Барои баамалбарории адолати судӣ дар байни ҳарбиён, судяи махсус-қозии аскар амал мекард, ки он аз тарафи қозикалон таъйин карда мешуд ва ба қозикалон итоат мекард.

Дар назди қозикалон 12 муфтӣ бо сардории муфтии калон (аълам) фаъолият мекарданд, ки ба вазифаи онҳо додани хулосаи ҳуқуқӣ (ривоят) дохил мешуд.

Дар баамалбарории адолати судӣ дар аморати Бухоро мавқеи махсусро ҳамчунин раисҳо бо сардории раис-эшон, яъне нозирони шариат мебозиданд.

Дар мисоли институти раисҳо мо алоқаи ҳокимияти судӣ ва диниро баръало мушоҳида мекунем.

Ба ғайр аз қозиҳо ва раисон ҳокимияти судӣ дар аморати Бухоро, ҳамчунин, аз тарафи қушбегӣ ва намояндагони ӯ дар маҳалҳо бекҳо ва амлокдорон амалӣ карда мешуд, ки ба онҳо асосан ҳамаи парвандаҳои гражданинии тамоми хориҷиёне, ки пайрави дини мусулмонӣ мебошанд, новобаста аз миллат ва тобеият (подданство) ва парвандаҳои хориҷиёне, ки дар ҳудуди аморат содир карда мешуд, тобеияти судӣ дошт.

Дар судҳои аморат принсипи коллегиалӣ, баррасӣ кардани парвандаҳо ҷой надошт, аз ин рӯ қозиҳо парвандаҳоро танҳо баррасӣ мекарданд.

Дар ин судҳо инстансияҳои апеллатсионӣ ва кассатсионӣ мавҷуд набуд. Истеҳсолоти судӣ, чӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ва чӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ, аз рӯи шакли хусусӣ-даъвогӣ ташкил шуда буд.

Парвандаи ҷиноятӣ ва гражданӣ дар асоси аризаи даъвогӣ оғоз карда мешуд.

Шахсе, ки даъвои гражданӣ овардааст ва ҷабрдидае, ки талаби оғоз кардани кори ҷиноятӣ кардааст, даъвогар номида шуда, тарафи дигар ҷавобгар номида мешуд.

Оид ба натиҷаи баррасии корҳои гражданӣ ва ҷиноятӣ қозиҳо қарор қабул мекарданд, ки он ҳукм  ном дошта, фавран иҷро карда мешуд.

Дар ҳудуди генерал-губернатори Туркистон бошад, маҷмӯи санадҳои меъёрии мукаммал амал мекард, ки аксаран барои тамоми империя умумӣ буданд. Маҷмӯи қонунҳо дар бораи ҷазоҳои ҷиноятӣ ва муслиҳӣ (соли 1866), таъсисоти қонунҳои судӣ, кодексҳои мурофиа, таъфиа-оинномаҳои судӣ, оиннома дар бораи ҷазоҳое, ки судҳои оштидиҳанда муқаррар кардаанд, аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Сарфи назар аз ин, генерал-губернатор ва губернаторҳои ҳарбӣ дорои як қатор ваколатҳои назирӣ: бадарға кардан, ба ҳабс гирифтан буданд, ки амалан вазифаи судро фаро мегирифт.

Қайд кардан ба маврид аст, ки то ба Россия пайвастани қисми шимолии Тоҷикистони ҳозира он ба хонигарии Қӯқанд дохил мешуд ва аз ин рӯ системаи судии он аз системаи судии аморати Бухоро фарқ намекард.

Баъди инқилоби шӯравӣ низоми давлатдорӣ ва ҳуқуқӣ тағйир ёфта, ин дигаргунӣ ба мақомоти судӣ низ бетаъсир намонд. Аввалин санад дар ин ҷода декрет дар бораи суд тибқи №1 аз 22 ноябри соли 1917 мебошад.

Қайд кардан лозим аст, ки бо фармони Шӯрои Комиссариати халқии кишвари Туркистон аз 10 ноябри соли 1917 Суди муваққатии халқӣ-револютсионӣ таъсис дода шуда буд, ки дар назди он Шӯрои ҳакамӣ дар ҳайати 15 нафар ва комиссияи тафтишотӣ таъсис дода шуда буд.

Бо назардошти манфиатҳои миллии халқияти Туркистон (менталитет) ва муносибати онҳо ба дин ва дигар омилҳо комиссари халқии адлияи Республикаи Россия дар асоси телеграммаи Шӯрои комиссариати халқии кишвари Туркистон фаъолияти муваққатии судҳои собиқро иҷозат дода, дар як вақт ба судҳои ҳакамӣ ва ҳавзавӣ (мировые и окружённые) мақомоти тафтишот ва прокуратура намояндагони интихобшударо аз шӯроҳои маҳаллӣ дар ҳудуди Туркистон илова кард.

Ҳамчунин, ШКХ Туркистон бо Декрет аз 31.12 соли 1917 ба судҳо (судяҳо) иҷозат дод, ки фаъолияти худро то таъсис додани судҳои нав идома дода, парвандаҳои характери сиёсидоштаро ба баррасии шӯроҳои маҳаллӣ супоранд.

Бори аввал 13 марти соли 1918 дар ҳудуди Тоҷикистони ҳозира (дар назди шӯроҳои Хуҷанд) трибунали револютсионӣ таъсис дода шуд, ки аз раис, ду ҷонишин ва шаш судяҳои дар ҳар сессия ивазшаванда иборат буд. Аз сабаби он ки қисми шимолии Тоҷикистон ба кишвари Туркистон дохил мешуд, трибунали ҳарбӣ-револютсионии Хуҷанд дар фаъолияти худ инструксия (низомнома), ки аз тарафи Шӯрои Тошкент тасдиқ карда шуда буд, ба роҳбарӣ мегирифт.

Инстансияҳои кассатсионии трибуналҳои револютсионӣ, коллегияи махсус дар назди КИМ-и Туркистон буд. Ба ғайр аз трибунали революционӣ боз трибуналҳои ҳарбӣ ва трибуналҳои ҳарбӣ-роҳиоҳанӣ фаъолият мекарданд.

Моҳи июни соли 1918 СКХ Рес-публикаи Туркистон дар назди Комиссариати адлия комиссияи оид ба таъсиси судҳои нави советӣ ташкил кард.

Комиссияи мазкур лоиҳаи ташкил ва фаъолияти судҳои маҳаллиро кор карда баромад, ки он аз тарафи КИМ РАСС Туркистон аз 16.11 соли 1918 тасдиқ шуд.

Мувофиқи ин низомнома судҳои халқии маҳаллӣ, судҳои маҳаллии халқии шӯроҳои вилоятӣ, судҳои халқии ҳавзавӣ ва Суди кассатсионии Туркистон ташкил карда шуд.

Соли 1924 РАСС Тоҷикистон таъсис ёфта, аввалин мақомоти идоракунии он ташкил шуданд. 7 нояб-ри соли 1924 қарор дар бораи таъсиси Комиссариати халқии адлияи РАСС Тоҷикистон қабул гардид. Ин мақом аввалин маротиба дар ҳудуди Тоҷикистон муассисаҳои судиро ташкил намуд.

Солҳои 1925-1926 дар қаламрави ҷумҳурӣ судҳои халқӣ, судҳои округӣ, шуъбаи тоҷикистонии Суди Олии РСС Ӯзбекистон созмон ёфта буданд.

Моҳи июни соли 1927 бо Қарори КИМ РАСС Тоҷикистон шуъбаи тоҷикистонии Суди Олии РСС Ӯзбекистон ба Суди мухтори РАСС Тоҷикистон табдил дода шуда, дар вилоятҳо намояндагии он таъсис дода шуд.

26 октябри соли 1929 бо Қарори КИМ Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон Суди Олӣ таъсис ёфт ва аввалин раиси он Бобохон Ҳамдамов таъйин гардид.

Ҳарчанд масъалаи барҳамдиҳии судҳои кӯҳна (қозиҳо) дар ҶМШС Туркистон ва ҶАСС Бухоро ҳанӯз аз солҳои аввали барқароргардии Ҳокимияти Шӯравӣ гузошта шуд, вале қозиҳо амалан баҳсҳои зиёдеро ҳал мекарданд. Танҳо 30 июни соли 1928 бо қарори КИМ ва ШКХ РАСС Тоҷикистон дар бораи дар ҷумҳурӣ барҳам додани маҳкамаи қозиҳо ва меъёрҳои ҳуқуқи кӯҳна, ки онҳо татбиқ мекарданд, ба ин кор муяссар шуд.

16 октябри соли 1929 дар съезди III ғайринавбатии советҳои Тоҷикистон Эъломия (Деклоратсия) дар бораи таъсис додани Рес-публикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон қабул карда шуд. Моҳи марти соли 1931 съезди IV СССР онро тасдиқ кард, ки дар натиҷа РСС Тоҷикистон ҳамчун республикаи мустақил ба ҳайати СССР дохил шуд.

Баъди таъсисёбии РСС Тоҷикистон мақомоти судии он низ тағйир дода шуд.

Дар Тоҷикистон Суди Олӣ - органи олии назорати судӣ ташкил карда шуд.

Суди Олӣ аз Пленуми Президиум, коллегияҳои оид ба корҳои ҷиноятӣ ва гражданӣ иборат буд.

Бо Қарори КИМ ва СКХ РСС Тоҷикистон судҳои ҷамоатӣ таъсис дода шуд, ки ба онҳо тамоми он баҳсҳое, ки то соли 1929 судҳои қозигӣ баррасӣ мекарданд, тобеият дошт.

Конститутсияи соли 1936 ба танзимдарории сохтори судиро дар тамоми ҳудуди СССР ба ваколати СССР дод.

Моҳи августи соли 1938 Қонун «Дар бораи сохтори судии СССР, республикаҳои иттифоқӣ ва автономӣ» қабул гардид, ки мувофиқи он дар Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон се звенои судӣ: судҳои халқӣ, судҳои вилоятӣ, суди Олии РСС Тоҷикистон амал мекард.

Солҳои 50-уми асри гузашта дар қонунгузорӣ тағйирот ҷорӣ шуд, ки дар он ваколати судҳо зиёд карда шуд.

Президиуми Шӯрои Олии СССР Указ «Дар бораи таъсиси Президиум дар ҳайати судҳои олии республикаҳои иттифоқи (автономӣ), кишварҳо (краев), вилоятӣ ва вилоятҳои автономӣ»-ро қабул кард, ки ин президиумҳо парвандаҳоро ба тариқи назоратӣ баррасӣ мекарданд ва ин ҳолат мавқеи судро дар ҷомеа мустаҳкам кард.

Дар асоси ин Указ Президиуми Суди Олии РСС Тоҷикистон, Президиуми судҳои вилоятҳо, Суди Душанбе ва Президиуми Суди Вилояти Автономии Бадахшони Куҳӣ таъсис дода шуд.

Шӯрои Олии СССР 25 декабри соли 1958 Қонун «Дар бораи асосҳои қонунгузори сохтори судии СССР, республикаҳои иттифоқӣ ва автономӣ»-ро қабул кард, ки он ҳолатҳои асосии системаи судӣ ва сохтори судҳоро мустаҳкам карда, риояи он барои ҳамаи судҳои республикаҳои иттифоқӣ ҳатмӣ буд.

Судҳои ҳарбӣ - трибуналҳои ҳарбӣ бошад, дар ҳудуди РСС Тоҷикистон дар асоси Низомнома дар бораи трибуналҳои  ҳарбӣ аз  25 декабри соли 1958 фаъолият мекард.

Мувофиқи асосҳои қонунгузорӣ дар бораи сохтори Суди СССР ва республикаҳои иттифоқӣ, хусусан дар РСС Тоҷикистон қонун дар бораи сохтори судии РСС Тоҷикистон қабул гардид.

Дар қонуни мазкур вазифаҳои суд, принсипҳои адолати судӣ, системаи судӣ, сохтор ва тарзи ташкили судҳо ва ҳисоботдиҳии судяҳо ба интихобкунандаҳояшон дарҷ гардида буд.

Тамоми судяҳо ба муҳлати 5 сол интихоб мешуданд.

Суди халқӣ звенои асосии системаи судӣ ба ҳисоб рафта, тамоми категорияҳои парвандаҳоро, ба истиснои парвандаҳое, ки ба суди болоӣ ҳамчун инстансияи якум тобеияти судӣ дошт, баррасӣ мекарданд. Судҳои вилоятӣ дар ҳайати Президиум, коллегияҳои ҷиноятӣ ва гражданӣ фаъолият менамуданд.

Судҳои вилоятӣ парвандаҳоро ба сифати инстансияи якум, инстансияҳои кассатсионӣ ва назоратӣ баррасӣ мекарданд.  

Суди Олии РСС Тоҷикистон аз тарафи Совети Олии РСС Тоҷикистон интихоб мешуд ва дар он Пленум, Президиум, коллегияҳои оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ва гражданӣ фаъолият мекард.

Суди Олии РСС Тоҷикистон парвандаҳоро ба сифтаи инстансияи якум, кассатсионӣ, назоратӣ ва бинобар ҳолатҳои навошкоршуда баррасӣ менамуд.

Бинобар қабули Конститутсияи нави СССР соли 1977 ва Конститутсияи нави РСС Тоҷикистон соли 1978 ба қонунгузории сохтори судӣ низ тағйирот ворид карда шуд. Бо Қонуни СССР аз 25.06 соли 1980 Совети Олии СССР редаксияи нави Асосҳои қонунгузории СССР ва республикаҳои иттифоқиро дар бораи сохтори судии СССР ва Низомнома дар бораи трибуналҳои ҳарбӣ қабул кард.

Қонуни мазкур ба сохтори судии РСС Тоҷикистон ягон тағйироти куллӣ ворид накард. Дар ин вақт аллакай Суди шаҳри Душанбе ҳамчун Суди вилоятӣ фаъолият дошт. Қонун номгӯи судҳоро, ки ба системаи судии РСС Тоҷикистон дохил мешуд, номбар карда буд, ки ин суди Олӣ, судҳои вилоятӣ, Суди шаҳри Душанбе, Суди Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, судҳои районӣ (шаҳрӣ) буданд.

Ваколати судҳо оид ба баррасии парвандаҳо, тарзи ташкил, интихоби судяҳо, структураи судҳо бетағйир монда шуда буд.

Ба ҳамин тарз, то барҳам хӯрдани давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ сохтори судӣ ва системаи судӣ фаъолият дошт.

Ҳодисаҳои дар аввали солҳои 90-уми асри гузашта дар ҷумҳурӣ сарзада кори муътадили мақомоти давлатӣ, аз ҷумла судиро заиф гардонид. Ягон мақомот дар доираи қонун фаъолият карда наметавонист.

Баъди қабули Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонунҳо, ки ба судҳо тааллуқ дорад, қабул карда шуд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон системаи судиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуд, ки он: Суди Конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, суди ҳарбӣ, Суди вилояти автономии Бадахшони куҳӣ, судҳои вилоятӣ, Суди шаҳри Душанбе, судҳои шаҳру ноҳияҳо, Суди иқтисодии Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, судҳои иқтисодии вилоятҳо ва Суди иқтисодии шаҳри Душанбе мебошад.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бори аввал таъҷизаи ҳокимиятро ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ тақсим намуд, ба ҳокимияти судӣ боби махсус (боби 8 аз моддаи 84 то 93) бахшида шудааст.

Алҳол қонунҳое, ки бевосита фаъолияти судҳоро ба танзим медароранд, қонунҳои Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.

Дар низоми давлатдории миллии тоҷикон таърихан ба ҳокимияти судӣ ҳамчун рамзи давлатдорӣ, нишонаи адолат ва пояи бақои давлат муносибат менамуданд. Сарфи назар аз он ки ин ҳокимият аз тарафи кадом мақом таъ-йин ва идора мегардид, ба одилӣ ва сифатҳои судяҳо таваҷҷуҳи хос зоҳир мегашт. Дар давраи истиқлолият ҳокимияти судӣ мустаҳкам шуда, сифати навро касб намуд.

Ҳокимияти судӣ шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ буда, дар таҳким ва пойдории истиқлолияти кишвар, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, шахсони ҳуқуқӣ ва давлат нақши бузург дорад.

Таҷрибаи ҷаҳонӣ гувоҳ аст, ки яке аз роҳҳои асосӣ ва пешқадамтарини ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ин ҳифзи судист.Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ санадҳои асосии марбут ба ҳуқуқи инсонро эътироф намуда, инсон, ҳуқуқу озодиҳои ӯро арзиши олӣ эътироф намудааст. Ҳокимияти судӣ ба ҳайси яке аз кафолатҳои асосии таъмини арзиши олӣ будани ҳуқуқу озодиҳои инсон баромад мекунад.

Роҳбарияти давлатамон ба масъалаи инкишофу пешрафти низоми судӣ, таъмини мустақилияту шаффофияти фаъолияти судҳо таваҷҷуҳи махсус медиҳад.

Ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон идома дорад. Бо ин мақсад 19 апрели соли 2019 таҳти № 242 «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2019-2021» қабул шуд, ки мақсади асосии он такмили сохтор ва таҳкими фаъолияти судҳо ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои  инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилотҳо, қонунияту адолат, назорати иҷрои саривақтии санадҳои судӣ, баланд бардоштани сифат ва самаранокии кори судҳо, беҳтар намудани вазъи иҷтимоии судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо, инчунин такмили қонунгузорӣ дар ин самт мебошад.

Чунин мақоми воло масъулияти баландро низ аз судяҳо талаб мекунад. Бояд ҳар як судя кӯшиш намояд, ки сазовори ин номи баланд бошад ва ба халқу миллат хиёнат накунад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид кардаанд: «Фаъолияти судҳо бояд ба мисли оина покиза бошад ва онҳо бо масъулияти баланд дарк намоянд, ки давлат амалӣ намудани адолати судиро, ки бевосита ба ҳифзу ҳимояи муқаддастарин ва муқаддамтарин арзиш, яъне инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ алоқаманд мебошад, ба мақомоти судӣ бовар намудааст ва саҳлангорию бемасъулиятӣ дар иҷрои ин рисолат амали норавост».

 

Сайдалӣ Сироҷиддин Сайвалӣ,

раиси Суди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Бекоршавии ақди никоҳ рӯ ба афзоиш аст

Бекоршавии ақди никоҳ рӯ ба афзоиш аст

Ҳаёти иҷтимоӣ

Судяҳо дар фаъолияти худ мустақиланд

Ҳуқуқу амният
Оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ ҳанӯз нуқтаи ниҳоӣ нест

Оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ ҳанӯз нуқтаи ниҳоӣ нест

Ҳуқуқу амният

Семинар: «дастрасӣ ба иттилооти судӣ»

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният
Мулоқоти Д. Гулмаҳмадзода бо судяҳо

Мулоқоти Д. Гулмаҳмадзода бо судяҳо

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА