Дар як сатр
» » ОТАШНИШОНОН ДАР ҲОЛАТИ ОМОДАБОШ ҚАРОР ДОРАНД

ОТАШНИШОНОН ДАР ҲОЛАТИ ОМОДАБОШ ҚАРОР ДОРАНД

24-10-2019, 22:35

Шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин баҳри пешгирӣ аз сӯхтор пайваста фаъолият мебарад. Шуъба бо техника ва лавозимоти соҳавӣ таъмин буда, дар ҳолати зарурӣ фавран ба ҷои ҳодиса ҳозир гардида, офати табииро бартараф месозанд.

Мувофиқи нақша - чораби-ниҳои хадамоти мазкур дар минтақаи Кӯлоб дар муассисаи таълимии рақами 1 ҳайати шахсии шуъба машқҳои омодабошӣ- пешгирӣ аз сӯхторро гузарониданд. Дар ин машқ ҳайати шахсӣ ва техникаи соҳавӣ сафарбар карда шуданд.

Корманди ХДО ВКД дар минтақаи Кӯлоб Маҳмадалӣ Мирзода иброз дошт, ки мақсад аз гузаронидани машқ санҷиши ҳолати омодабошии ҳайати шахсӣ ва кормандони муассисаю ташкилот дар ҳолати сар задани сӯхтор, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ, инчунин паст кардани сатҳи ба вуқӯъ пайвастани офати табиӣ мебошад.

Дар бартараф намудани сӯхтори санҷишӣ дар бинои муассиса ба оташнишонон ҳайати омӯзгорону хонандагон, аз ҷумла гурӯҳи ихтиёриён кумак расониданд. Ҳангоми гузаронидани машқ маълум гардид, ки омӯзгорону хонандагон дар пешгирӣ аз ҳодисаҳои сӯхтор омода мебошанд.

Баъди анҷоми машқҳо кормандони хадамоти оташнишонӣ бо ҳайати омӯзгорону хонандагон бори дигар суҳбат ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд. Гузаронидани чунин чорабинӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ба нақша гирифта шудааст.

Ш. Сафарзода



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ХОМӮШ НАМУДАНИ АСБОБҲОИ БАРҚИРО ФАРОМӮШ НАКУНЕД!

Ҳаёти иҷтимоӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР
79,9%-и сӯхторҳо дар хонаҳои истиқоматӣ рух додааст

79,9%-и сӯхторҳо дар хонаҳои истиқоматӣ рух додааст

Ҳуқуқу амният
11 ҳазор сомонӣ зарар аз сӯхтори гандумзор

11 ҳазор сомонӣ зарар аз сӯхтори гандумзор

Хабарҳо, КОМРОНИ БАХТИЁР

МАШҚҲОИ ТАКТИКӢ-ОМӮЗИШӢ ДАР «ЗАҒЕРТӢ»

Хабарҳо
Омодагии зиддисӯхтор дар сармо

Омодагии зиддисӯхтор дар сармо

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА