Дар як сатр
» » КОНСТИТУТСИЯИ ТОҶИКИСТОН-БАХТНОМАИ МИЛЛАТ

КОНСТИТУТСИЯИ ТОҶИКИСТОН-БАХТНОМАИ МИЛЛАТ

24-10-2019, 22:27

6-уми ноябри соли 2019 мо, мардуми Тоҷикистон 25-умин солгарди Конститутсияи давлати соҳибистиқлоламонро ҷашн мегирем. Бо назардошти ин далел, ки тӯли беш аз ҳазор сол дар ҳолати бедавлатӣ қарор доштем, инчунин як қисмати таърихи начандон дурамон дар доираи низоми давлатдории умумишӯравӣ ҷараён гирифта буд, 25-солагии Конститутсия барои мо ҳамчун ҷашни шаклгирии давлатдории миллӣ ва таҳкими амнияту суботи сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон аҳамият ва шукӯҳи хоса дорад. Дар давоми ин солҳо халқи Тоҷикистон ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ сарнавишти худро тибқи муқаррароти ин ҳуҷҷати воқеан тақдирсоз муайян карда, самтҳои тараққиёти ҳамаи соҳаҳои зиндагиро мушаххас гардонид.

Халқи Тоҷикистонро бахту саодати бузурге насиб шудааст, ки соҳиби чунин Конститутсияи аз ҳама ҷиҳат мукаммал бошанд. Агар мавқеи илмӣ ва шаҳрвандии мутахассисони худиро дар масъалаи арзёбии Конститутсияи Тоҷикистон як сӯ гузорем, бо эътирофи коршиносони дақиқсанҷи як қатор давлатҳои мутамаддин ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Конститутсияи ҷумҳурии мо яке аз намунаҳои беҳтарини конститутсияҳои демократии ҷаҳон аст.

Ҳамин тариқ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон буда, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати тозабунёд ва соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ мебошад. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистон, дахлнопазирии ҳудуди кишвар, моҳият ва вазифаҳои давлат, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, забони давлатӣ, рамзҳои давлатӣ ва шакли давлатдории Тоҷикистон, ҳадафҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат, асосҳои иқтисодиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангии давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон эълон шудаанд.

Дар моддаи 1 Конститутсия Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эътироф шудааст. Соҳибихтиёрии Тоҷикистон пеш аз ҳама дар он ифода меёбад, ки давлат самтҳои асосии сиёсати дохилӣ, яъне роҳу усулҳои тараққиёти худро дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайра ва ҳамзамон, дар сиёсати хориҷӣ тарзу усулҳои муносибат бо давлатҳои дигар ва, умуман, ҷомеаи ҷаҳониро мустақилона муайян менамояд.

Дар моддаи тафсиршаванда боз мафҳуми демократия омадааст, ки дар сиёсати ҷаҳонӣ давлатҳои демократиро шартан ба ду навъ: демократияи собиқадор ё кӯҳна ва демократияи нав гурӯҳбандӣ мекунанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гурӯҳи демократияи нав дохил мешавад. Зеро тавассути ба кор даровардани фишангҳои тавонои демократияи муосир ва ҳам таҷрибаи хиради мардумӣ (демократияи халқӣ) Тоҷикистон тавонист, ки дар кӯтоҳтарин муддат ба ҷанги шаҳрвандӣ ва низоъҳои минтақавӣ хотима бахшад ва сулҳу ваҳдати миллиро устувор гардонад.

Давлати ҳуқуқбунёд давлатест, ки дар он фаъолияти ҳама, яъне ҳам давлат ва мақомоти он ва ҳам кулли шаҳрвандон тобеи ҳуқуқ мебошанд. Ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд эътироф шудани Тоҷикистон маънои ба ҳуқуқ ва пеш аз ҳама, ба Конститутсия тобеъ будани ҳама гуна фаъолияти мақомоти давлатиро дорад. Тоҷикистон аз рӯзи қабули Конститутсия то инҷониб давлати ҳуқуқбунёд месозад ва аллакай бисёр нишонаҳои он дар ҳаёт татбиқ шуда истодаанд. Волоияти қонун, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таҷзияи ҳокимият, масъулияти байниҳамдигарии давлат ва шахсият нишонаҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд мебошанд.

Дар моддаи тафсиршуда баъд аз мафҳуми ҳуқуқбунёд истилоҳи дунявӣ омадааст. Давлати дунявӣ чунин давлатест, ки дар он ҳеҷ як дину мазҳаб ҳатмӣ ё худ боафзалият ҳисобида намешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон дин ба ҳайси дини давлатӣ ва расмӣ шинохта нашудааст ва ҳамаи дину мазҳабҳо ҳуқуқи мавҷудияти баробар доранд. Шаҳрвандони Тоҷикистон сарфи назар аз он ки ба кадом дин пайравӣ мекунанд, комилан баробарҳуқуқ мебошанд.

Маънои ягона будани Тоҷикистон дар он ифода меёбад, ки он мақомоти олии намояндагӣ, иҷроия ва судии барои тамоми кишвар умумӣ дорад, як конститутсия, як низоми қонунгузорӣ ва шаҳрвандии ягона мавҷуд аст. Дар Тоҷикистон низоми ягонаи пул, сиёсати ягонаи қарз ва андоз ҷорист. Қисмҳои таркибии давлати ягона (вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо) дорои мақоми соҳибихтиёрӣ буда наметавонанд. Вобаста ба тобеият ба мақомоти марказӣ давлатҳо ягона ё худ мутамарказ ва ғайри мутамарказ мешаванд. Тоҷикистон аз ин ҷиҳат давлати мутамаркази ягона аст. Зеро сарварони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз марказ таъйин карда мешаванд. Масалан, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳоро Президент таъйин ва озод мекунад ва бо тасдиқи Маҷлиси вакилони халқӣ пешниҳод менамояд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрвандро эълон мекунад. Ҳамзамон, бо ин ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд чун маҳаки фаъ-олияти мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, маҳаллӣ ва худидоракунӣ нишонаи сифати ҳуқуқии санадҳои меъёрии онҳо эътироф мешавад.

Дар он таҷзияи ҳокимият ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ, тартиби ташкил, салоҳият ва мувозинати байни мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ ифодаи қонунӣ ёфтааст. Таҷрибаи амалӣ гаштани ин меъёрҳои конститутсионӣ дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ заминаи ташкилу фаъ-олияти мӯътадили ҳамаи рукнҳои ҳокимияти давлатӣ гардид. Дар чунин шароит зарурат ба тағйиру иловаҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун амри табиӣ эҳсос мешавад. Аз ин ҷост, ки 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Ин тағйиру иловаҳо бо назардошти дигаргуниҳои кулли ҳаёти ҷомеа, инкишоф ва тағйир ёфтани муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, зарурати такмили сохтори мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ба талаботи муносибатҳои нави ҷамъиятӣ мувофиқ гардонидани меъёрҳои конститутсионӣ ва таъмини пешрафти минбаъдаи ҷомеа ба вуқӯъ пайвастанд.

Дар асоси ин тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1999 дар кишвар парламенти касбии доимоамалкунанда таъсис ёфт, муҳлати ваколатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳафт сол, муҳлати ваколатҳои судяҳо ба даҳ сол расонида шуд. Дар натиҷаи тағйиру иловаҳои соли 2003 инсон ва ҳуқуқи озодиҳои ӯ арзиши олӣ эълон шуданд, раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот ҳамчун шакли олии ифодаи бевоситаи ҳокимияти халқ эътироф гардид, ҳизбҳои сиёсӣ чун унсури низоми сиёсӣ шинохта шуданд, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд чун мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва маҳаллӣ, мақомоти худидораи маҳаллӣ эътироф шуданд, ҳуқуқи ҳар шахс ба баррасии парванда дар суди босалоҳият, мустақил ва беғараз эълон гардид, асосҳои демократии фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ мустаҳкам шуданд, тарғиби бадбинии иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забонӣ манъ шуд, вазифаи давлат дар соҳаи солимгардонии муҳити зист, инкишофи варзиши оммавӣ ва туризм мушаххас гардид, ҳуқуқи шахс ба таҳсили умумии асосии ройгон дар муассисаҳои таълимии давлатӣ ва таҳсили ибтидоӣ, касбӣ, касбии миёна ва олӣ устувор гардид. Дар натиҷаи тағйиру иловаҳои соли 2016 вакили Маҷлиси намояндагон шахсе интихоб шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад ва синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад, инчунин узви Маҷлиси миллӣ шахсе интихоб ё таъ-йин шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта, синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад.

Конститутсияи мазкур пеш аз ҳама мустақил будани ҳокимияти судӣ, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ гардидани онро муайян кардааст. Адолати судиро Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоятҳо ва шаҳри Душанбе амалӣ мекунанд.

Муминзода Ҳасан Камол,

раиси Суди ноҳияи Вахш




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ТОҶИКИСТОН - ДАВЛАТИ МУСТАҚИЛУ СОҲИБИХТИЁР

ТОҶИКИСТОН - ДАВЛАТИ МУСТАҚИЛУ СОҲИБИХТИЁР

Ҳуқуқу амният

Судяҳо дар фаъолияти худ мустақиланд

Ҳуқуқу амният
Конститутсия - роҳнамои имрўзу фардои давлату миллат

Конститутсия - роҳнамои имрўзу фардои давлату миллат

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР
Б. Сафаров: “Сухани охиринро халқи Тоҷикистон мегӯяд”

Б. Сафаров: “Сухани охиринро халқи Тоҷикистон мегӯяд”

Сиёсат, Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Суди конститутсионӣ мувофиқати лоиҳаи тағйиру иловаҳои воридшаванда ба Конс ...

Суди конститутсионӣ мувофиқати лоиҳаи тағйиру иловаҳои воридшаванда ба Конс ...

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният