Дар як сатр
» » ҶОМӢ. ТАНТАНАИ ҶАШНИ МЕҲРГОН

ҶОМӢ. ТАНТАНАИ ҶАШНИ МЕҲРГОН

24-10-2019, 22:25

Меҳргон дар қатори дигар идҳои миллӣ аз зеботарин ва шоистатарин ҷашнҳои аҷдодии тоҷикон аст, ки аз қадимулайём онро мардуми форсизабонони дунё бо шукӯҳи шаҳомати хоса таҷлил мекарданд.

Меҳргон аслан иди меҳру садоқат ба пешаи деҳқонӣ, ҷашни ҳосилот ва ҷамъбасти тантанаи дастранҷи кишоварзон аст. Ба ибораи дигар гӯем, Меҳргон ба шуғлу рӯзгори деҳқонон алоқаманд аст ва он ба муносибати ғундоштани ҳосили боғу зироат ва шукргузорӣ аз неъматҳои Замин-Модар таҷлил карда мешавад. Тибқи феҳристи "Рӯзҳои ид” дар Тоҷикистон Иди Меҳргон ҳар сол якшанбеи сеюми моҳи октябр ҷашн гирифта мешавад. Ин сана имсол ба 20 октябр рост омад.

Ба ин муносибат, дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҷашни Меҳргон бо тантана таҷлил гардид. Дар ин чорабинии бошукӯҳ, ки дар майдони марказӣ баргузор гардид, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисону мутахассисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, соҳибкорону хоҷагидорон бо ҷумлаи кормандону масъулин иштирок доштанд.

Дар қисми тантанавии ҷашни Меҳргон раиси ноҳия Саиди Ёқубзод, мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Маҳмадрасул Раҷабзода мардуми ноҳияро бо фарорасии иди хуҷастапай ва фаровонӣ табрику таҳният гуфта, аз таъриху суннатҳои ин ҷашни бузург, ҳамчунин, аз дастгириву ғамхориҳои давлату Ҳукумат ҷиҳати эҳёи ҷашнҳои миллӣ, ки таҳти Амру фармонҳои Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ рӯи кор омадаанд, ёдовар шуданд. Дар ин замина, қайд гардид, ки дар раванди амалигардии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҳусну таровати ҷашнгоҳ, ки бошандагони деҳот ташкил менамоянд, боз ҳам зебову пуртароват гардидааст.

Таҷлили Иди Меҳргон бо намоиши дастурхони пурнозу неъмат, навъҳои гуногуни таомҳои минтақаҳои кишвар, меваю сабзавот, полезӣ, кадбонугӣ, қаннодӣ ва дигар маҳсулот аз дастранҷи меҳнаткашони шаҳраку деҳот ва барномаи консертии санъаткорон, ки манзури тамошобинони сершумор гардид, басо хотирмон анҷомид.

И. Ҳасанов,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Аз Меҳргон то Меҳргон

Аз Меҳргон то Меҳргон

Фарҳанг ва адабиёт
Таҷлили иди Меҳргон дар Хатлон (аксҳо)

Таҷлили иди Меҳргон дар Хатлон (аксҳо)

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат, Арсаи кишоварзӣ, Фарҳанг ва адабиёт, Матолиби чандрасонаӣ, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Сада - ҷашни ниёгон

Сада - ҷашни ниёгон

Хабарҳо, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, Арсаи кишоварзӣ, НАҶОТ САФАРЗОДА
Пайки наврӯзӣ

Пайки наврӯзӣ

Фарҳанг ва адабиёт
Меҳргон иди деҳқон ва рамзи фаровонист

Меҳргон иди деҳқон ва рамзи фаровонист

Арсаи кишоварзӣ, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА