Дар як сатр
» » АЁДАТИ ҚАҲРАМОНОН КОРИ САВОБ АСТ

АЁДАТИ ҚАҲРАМОНОН КОРИ САВОБ АСТ

24-10-2019, 22:22

Қаҳрамонони ҷангу меҳнат, онҳое, ки бо меҳнати диловаронаи худ дар пешрафту нумӯи ватанамон саҳм гирифтаанд, бешак, имрӯз мураббиёни мо, роҳнамои мо дар кору пайкоранд. Ватан, мардуми мо онҳоро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунанд. Дар ин раванд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо ёдрас шудаанд, ки  корномаю зиндагиномаи чунин нафарон ҷовидонаанд. Мо ҳуқуқ надорем, ки чунин мардони корзорро  фаромӯш намоем. Бояд ҳар лаҳза дар ёду фикри онҳо бошему мададу ёрии худро дареғ надорем.

Ин дастури Пешвои миллат нисбати гузаштагон ва алалхусус, номбардорони истеҳсолот, ки бо меҳнати худ дар рушди иқтисодиёту иҷтимоиёт саҳми арзанда доранд, ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд.

Мардуми шарифи ноҳияи Восеъ бо қаҳрамонони меҳнати худ ифтихор менамояд ҳамчун мураббиён ба ҷавонон дарси матонату меҳнат меомӯзанд. Онҳо дар ҷамъомадҳо пайваста ширкат варзида, назди ҷавонон баромад мекунанд ва барои кору пайкори навин даъват намуда, дар атрофи Пешвои муаззами миллат муттаҳид будан, баҳри рушди минбаъдаи Ватани азизамон – Тоҷикистон ҳидоят менамоянд.  Инҳо Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, собиқ чинакчӣ, ронандаи мошини пахтачинӣ, сарвари бригадаи пахтакорӣ, роҳбари хоҷагӣ Гавҳарбӣ Пиракова ва сардори бригадаи пахтакорӣ Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Бозоргул Алиаҳмадова мебошанд, ки имрӯз бо баракати сулҳу салоҳ, осмони софу  фазои беғубори кишварамон зиндагӣ намуда, дуогӯи Пешвои миллатанд, ки чунин бахти фирӯзро насибашон гардонидааст. 

Роҳбарон, масъулини ноҳия ва Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия пайваста ин занони соҳибқиронро ба ҷамъомаду чорабиниҳои ноҳиявӣ даъват менамоянд, аз ҳолашон хабар гирифта, ба қадри имкон ёрии моддӣ мерасонанд.

Чанде пеш раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати  ноҳия Қурбон Сафаров дар якҷоягӣ бо раиси Кумитаи  иттифоқҳои касабаи коркунони илм ва маорифи ноҳияи Восеъ Ҳикматулло Ҳамидов меҳмони апаи Гавҳарбию апаи Бозоргул гардида, аз ҳолу аҳволашон пурсон намуданд.

- Бачам Қурбон, бароям газет наовардӣ?  Чанд рӯз шудай газет нахондам. Дар дунё чӣ гапай, бо бехабар намонам?!

Акаи Қурбон ба ман нигарист.  Нигоҳашро фаҳмидам. Дар роҳ изҳори афсӯс карда буд, ки гирифтани рӯзномаю маҷаллаҳоро фаромӯш кардем, кори хуб нашуд, апа аниқ мепурсад.

- Не апа- гуфт Қурбон Сафаров,- ба ростӣ газета фаромӯш кардам, лекин чанд китоб овардам. Боз чӣ китобе? «Чароғи давра». Дар бораи собиқадорони меҳнати ноҳия, онҳое, ки дар пешрафти ноҳия, болоравии иқтисодиёти он саҳм гирифтаанд, ҳикоят мекунад.

Апаи Бозоргул китобро ба даст гирифта, хеле хурсанд шуд. Ҳамин ки чанд саҳифаи китобро варақ гардонду расмҳои шиносҳову ҳамкорони собиқаш, аз ҷумла раиси хоҷагӣ, Устоди пахтаи ҷумҳурӣ Миралӣ Маҳмадалиев, директори совхози ангурпарварии собиқ ба номи Ленин Султон Кабиров, раиси хоҷагии собиқ ба номи Томин Партов Ҳабибов, раиси хоҷагии собиқ ба номи К. Маркс Ғаффор Ахмедов, роҳбари собиқ хоҷагии ба номи Киров Ҳабибулло Ҳалимов, собиқ котиби якуми кумитаи ҳизбии ноҳияи Восеъ Султон Мирзошоев ва дигаронро дид, ашк гулӯгираш кард:

-Бачам, аҷаб китобе овардӣ, худро бо ҳамсолонам дидам. Давраҳои ҷавонӣ пеши назарам омад. Аҷаб мардони некдилу коргаре буданд. Тамоми вуҷудашон ба кори ҷамъият буд, шабро  шаб намегуфтанду рӯзро рӯз, меҳнат мекарданд. Бояд насли имрӯза низ чунин бошад, кори гузаштагони худро давом дода, ватани азизамонро боз ҳам ободу зебо гардонанд. Охир, онҳо барои имрӯз меҳнат карданд ва имрӯзиён бошанд, бояд барои оянда заҳмат кашанд, то чизе аз худ ба мерос гузоранд.

Апаи Бозоргул 82-юмин баҳори умрро дидааст. Ба пирии худ нигоҳ накарда, дар баъзе корҳои хона ёрӣ мерасонад. Чашмони тезбин дошта,  рӯзномаю маҷалла мехонад. Ҳатто набераҳояшро гоҳ-гоҳ имтиҳон мегирад, аз ину он мепурсад.

Баъдан Қурбон Сафаров ҳамчунин аз номи раиси ноҳия ва Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия ба апаи Бозоргул Ифтихорнома  ва як миқдор маблағро ҳамчун рамзи эҳтирому самимият, қадрдонии меҳнатҳои шоён тақдим намуд.

Апаи Бозоргул барои ин қадрдонӣ изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуда, ҳамаи ин ғамхорию пуштибонӣ, зиндагии осудаю бофароғат, сериву пурӣ, сулҳу амониро аз баракати Пешвои миллат, Президенти ҷумҳуриамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дониста, ба  Сарвари давлат барору комёбӣ ва тансиҳатӣ орзу намуд.

Н. САФАРЗОДА,

ноҳияи Восеъ



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«РӮЗГОРИ СОБИҚАДОРОН БАРОИ НАСЛИ ҶАВОН МАКТАБИ ҲАЁТ АСТ»

«РӮЗГОРИ СОБИҚАДОРОН БАРОИ НАСЛИ ҶАВОН МАКТАБИ ҲАЁТ АСТ»

Ҳокимияти давлатӣ

«ДАР ОН ҶОЕ, КИ ЗАН АСТ, ДАР ОН ҶО ЗЕБОӢ, ПЕШРАВӢ ВА ОБОДОНӢ АСТ»

Ҳокимияти давлатӣ

Саҳмгузории шӯро дар тарбияи насли наврас

Ҷавонон ва варзиш
«Истифодаи оқилона аз имкониятҳои мавҷуда ба манфиати кор аст»

«Истифодаи оқилона аз имкониятҳои мавҷуда ба манфиати кор аст»

Ҳокимияти давлатӣ
Дуогузор ҳастем

Дуогузор ҳастем

Хабарҳо, Мусоҳибаи мо, Номаҳои Шумо