Дар як сатр
» » ҲАШАРЧИЁН ДАР ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА САҲМ МЕГИРАНД

ҲАШАРЧИЁН ДАР ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА САҲМ МЕГИРАНД

24-10-2019, 21:43

Имрӯзҳо дар саҳроҳои пахтазори хоҷагиҳои вилоят ҷамъоварии ҳосили "тиллои сафед” идома дорад. Хоҷагидорон азм доранд, ки аз рӯзҳои офтобӣ пурсамар истифода бурда, заҳмати ҳосили бо ранҷ парвардаи хешро сари вақт ҷамъ оваранд.

Тавре ки иттиллоъ дода будем, айни замон кишоварзони шаҳри Левакант, Бохтар, ноҳияҳои Данғара, Вахш дар ҷамъоварии "тиллои сафед” пешсафи мусобиқа қарор гирифтаанд. Заҳматкашони ноҳияҳои Ҳамадонӣ, Хуросон, Шаҳритуз низ баҳри ноил гардидан ба дастовардҳои нав ба нави меҳнатӣ талош доранд. Дар доираи маъракаи  "60 рӯзи меҳнати зарбдор!” имрӯз ҳашарчиён низ ба мадади пахтакорон омада, баҳри ҷамъоварии "тиллои сафед” ҷидду ҷаҳди беандоза доранд.

Аз ҳисоби ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят беш аз 500 нафар ёрдамчиён рӯзи якшанбе ба заркорони ноҳияи Вахш дасти кумак дароз намуданд. Ҳашарчиён дар саҳрои хоҷагии тухмипарварии «Кӯлоб»-и ноҳия рӯзи якшанбе беш аз 6 тонна пахта ҷамъ оварданд. Дар ин ҳашар собиқадорони меҳнат низ ширкат варзида,  дар ҷамъоварии пахта саҳми хешро гузоштанд. Тавре ки собиқадор Саидқул Шомалангзода баён дошт, ин маъракаи муҳим,  яъне ҷамъоварии "тиллои сафед” собиқадорони арсаи меҳнатро низ дар канор нагузошт ва онҳо баҳри сари вақт ва бо сифати баланд ҷамъ овардани маҳсули дастранҷи марди деҳқон камари ҳиммат бастанд. Дар ин рӯз ҳашарчиён аз ноҳияи Вахш низ ба ҷамъоварии "тиллои сафед” дар хоҷагиҳои пахтакори ноҳия сафарбар гардиданд.

Лозим ба ёдоварист, ки аҳли заҳмати хоҷагии тухмипарварии «Кӯлоб»-и Ҷамоати деҳоти «20-солагии Истиқлолият»-и ноҳияи Вахш дар парвариши пахта ном баровардаанд. Хоҷагидорон ҳамасола ҳосилнокии заминҳоро баланд бардошта, деҳқонони шаҳру ноҳияҳоро бо тухмии аълосифат таъмин менамоянд. Тавре ки саркишоварзи хоҷагӣ Амир Худоёров иброз дошт, соли равон дар майдони 930 гектар кишти пунба гузаронида, парвариш, ғизодиҳӣ, коркарди агротехникиро хуб ба роҳ монда, натиҷаи дилхоҳ ба даст оварданд. Тибқи дурнамо деҳқонон бояд 23-сентнерӣ ҳосил бардоранд, вале азму талоши заркорон рӯёнидани 30-сентнер ҳосили "тиллои сафед” мебошад.

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ПАХТА ДАР САҲРО ШУКУФТА ИНТИЗОРИ ЧИДАН АСТ

ПАХТА ДАР САҲРО ШУКУФТА ИНТИЗОРИ ЧИДАН АСТ

Арсаи кишоварзӣ
Ёрдамчиён беш аз 10 ҳазор тонна пахта ҷамъ оварданд

Ёрдамчиён беш аз 10 ҳазор тонна пахта ҷамъ оварданд

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ
ҚУРБОН ҲАКИМЗОДА: «ҲОСИЛИ ДАСТРАНҶИ ДЕҲҚОН БЕТАЛАФ ҶАМЪОВАРӢ ГАРДАД»

ҚУРБОН ҲАКИМЗОДА: «ҲОСИЛИ ДАСТРАНҶИ ДЕҲҚОН БЕТАЛАФ ҶАМЪОВАРӢ ГАРДАД»

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ

ДУРНАМО - 275,2 ҲАЗОР ТОННА ПАХТА

Хабарҳо
КОРВОНИ «ТИЛЛОИ САФЕД» ВОРИДИ НУҚТАҲОИ ҚАБУЛ ГАРДИД

КОРВОНИ «ТИЛЛОИ САФЕД» ВОРИДИ НУҚТАҲОИ ҚАБУЛ ГАРДИД

Арсаи кишоварзӣ