Дар як сатр
» » ОМОДАГӢ БА ФАСЛҲОИ ТИРАМОҲУ ЗИМИСТОН НИГАРОНКУНАНДА АСТ

ОМОДАГӢ БА ФАСЛҲОИ ТИРАМОҲУ ЗИМИСТОН НИГАРОНКУНАНДА АСТ

24-10-2019, 21:38

Ҷаласаи ситод оид ба омодагиҳо ба фасли тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020 баргузор гардид. Чорабиниро муовини раиси вилоят Раҷабалӣ Раҷабов ҳусни ифтитоҳ бахшида, изҳор дошт, ки дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори раиси вилояти Хатлон оид ба омодагиҳо ба фасли тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020 ба имзо расида, раисони шаҳру навоҳӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо баҳри татбиқи қарори мазкур муаззаф гардиданд.

ОМОДАГӢ БА ФАСЛҲОИ ТИРАМОҲУ ЗИМИСТОН НИГАРОНКУНАНДА АСТ

Ҳадафи роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси вилояти Хатлон омодагии ҳамаҷониба ба фасли тирамоҳу зимистон, таъмини аҳолӣ бо сӯзишворӣ, неруи барқ, захираи ангишт дар муассисаҳои таълимиву табобатӣ ба шумор меравад. Ин буд, ки муовини раиси вилоят зимни суханронӣ аз масъулини шаҳру навоҳӣ, ташкилоту муассисаҳо ҷиҳати камбудиҳои ҷойдошта дар ин самт пурсиш ба амал оварда, баҳри рафъи камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Давлат Мирзоев зимни ҳисобот аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки рафти қарори мазкур дар аксари шаҳру ноҳияҳо мувофиқи матлаб нест. Масъалаи асосие, ки бояд сари вақт ҳаллу фасл гардад, таъмини маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллии шаҳру ноҳияҳо ба соҳаи маориф ва тандурустӣ

ҷиҳати захираи ангишт ва сӯзишворӣ мебошад. Мутаассифона, дар ин самт низ баъзе шаҳру ноҳияҳо ба саҳлангорӣ роҳ додаанд. Иҷрои нақшаи захираи ангишт ва сӯзишворӣ 81-91 фоиз таъмин гардидааст. Аз 849 адад дастгоҳҳо  813 адад дар ҳолати корӣ буда, 36 адади ин дастгоҳҳо таъмирталаб аст. Аз 305 адад буғхонаҳо бошад, 166 ададаш ғайрифаъоланд.

Тавре ки зимни ҷаласаи нав-батии Ситоди зимистонгузаронӣ таъкид ба миён рафт, дар соҳаҳои хоҷаги халқ камбудиҳо ба чашм мерасад. Масъулини шаҳру ноҳияҳо баҳри бартараф кардани камбудиҳо ҷиҳати ҷудо намудани маблағ барои фасли замистон дар ташкилоту муассисаҳо тадбир наандешидаанд. Ҳамин тавр, зимни ҷаласа масъалаи таъмиру тармими роҳҳо, норасоии аломатҳои роҳҳо, захираи маводи ғизоӣ, захираи хӯроки чорво, таъмиру тармими муассисаҳои таълимию табобатӣ, корхонаҳо, кашару фермаҳои чорвопарварӣ низ таъкид ба миён омад ва масъулини соҳаҳо баҳри омодагӣ ба фасли замистон вазифадор гардиданд.




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ОМОДАГӢ БА ФАСЛИ САРМО ТАШВИШОВАР АСТ

ОМОДАГӢ БА ФАСЛИ САРМО ТАШВИШОВАР АСТ

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ

Ба фасли сармо омода бошем

Хабарҳо
«Барои пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқ аз имкониятҳои мавҷуда истифода бояд б ...

«Барои пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқ аз имкониятҳои мавҷуда истифода бояд б ...

Ҳокимияти давлатӣ
Ба фасли тирамоҳу зимистон омодагии ҷиддӣ мебояд

Ба фасли тирамоҳу зимистон омодагии ҷиддӣ мебояд

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Омодагӣ ба зимистон хуб нест

Омодагӣ ба зимистон хуб нест

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, АСАЛМО САФАРОВА