Дар як сатр
» » ХАЙРУЛЛО АМОНУЛЛО РОҲБАРИ САҲА ДАР ДУШАНБЕ ВАЛЕРИЮ КИВЕРРО БА ҲУЗУР ПАЗИРУФТ

ХАЙРУЛЛО АМОНУЛЛО РОҲБАРИ САҲА ДАР ДУШАНБЕ ВАЛЕРИЮ КИВЕРРО БА ҲУЗУР ПАЗИРУФТ

24-10-2019, 21:27

Сиёсати дарҳои кушода яке аз дастовардҳои бузурги давлатдории Тоҷикистони азиз дар даврони соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад. Бо шарофати сиёсати хориҷии мамлакат дар ин давра Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ мавқеи шоистаи худро пайдо намудааст. Муносибат ва ҳамкориҳои гуногунҷабҳа бо кишварҳои дунё, созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ имкон фароҳам овард, ки ватани азизи мо боз ҳам рушду тараққӣ ёбад.

 

Дар ин замина вилояти Хатлон низ ташаббуси дарҳои кушодаи роҳбарияти  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастури амали хеш қарор дода, дар ин самт ба дастовардҳои зиёде ноил гардид. Таъсис ва фаъолияти се минтақаи озоди иқтисодӣ: МОИ Данғара”, МОИ "Панҷ” ва МОИ "Кӯлоб” далели ин гуфтаҳост. Айни замон, дар МОИ "Данғара” 52 субъект ва дар  МОИ "Панҷ” 41 субъект ба қайд гирифта шудааст, ки аллакай дар аксарияти онҳо корхонаҳои истеҳсолӣ пурсамар фаъолият дорад. Ин ва дигар масъалаҳо зимни мулоқоти муовини аввали раиси вилоят Хайрулло Амонулло бо ҳайати дафтари САҲА дар Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Муовини якуми раиси вилоят ҳайати меҳмононро таҳти сарварии роҳбари дафтари Созмони Амният ва ҳамкориҳои Аврупо дар Душанбе  Валерию Кивер рӯзи 21 октябри соли равон ба ҳузур пазируфта, таъкид дошт, ки ҷиҳати рушди иқтисодиву иҷтимоии минтақа, ҷалби сармояи хориҷӣ, ҳамкориҳо дар соҳаи ҳарбиву ҳифзи сарҳадот дар асоси мувофиқаҳои миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон

ва ташкилотҳои байналмилалӣ рушду нумӯъ ёфтааст. Тавре ки зимни вохӯрӣ таъкид гардид, тӯли 25 соли фаъолияти ташкилоти мазкур дар Тоҷикистон дар самти поккории мавзеъҳои сарҳадӣ аз минаҳо таҳкими ҳифзи сарҳадот вусъат бахшидани фаъ олияти шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрванди дар ислоҳоти милитсия дар назди ВКД ва раёсату шуъбаҳои он дар маҳалҳо як қатор корҳои назаррас ба анҷом расонида шуд.

Валерию Кивер, роҳбари дафтари САҲА дар Душанбе,  зимни мулоқот бо муовини аввали раиси вилоят таъкид дошт, ки ташкилот ба рушди робита бо Тоҷикистон,  аз ҷумла мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хушҳол гашта, ҷиҳати ҳамкорӣ дар самти ҳифзи сарҳадот, таъмини қисмҳои ҳарбӣ бо таҷҳизоти марзбонӣ, боз ҳам ташаккул додани фаъолияти шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсия, ташкили давраҳои омӯзишӣ, ҳамчунин, боз ҳам тақвият бахшидан ба татбиқи лоиҳаҳои иқтисодиву экологӣ низ таваҷҷуҳи хоса дорад.

Муовини якуми раиси вилоят Хайрулло Амонулло зимни суҳбат оид ба дастовардҳои вилояти Хатлон ёдовар гардида, таъкид дошт, ки дар вилоят 542 корхонаи саноатӣ фаъолият дорад. Дар 9 моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 5,7 миллиард сомонӣ расидааст. Ҳамчунин, зикр гардид, ки айни замон дар вилоят 32 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 453,3 миллион доллари амрикоӣ амалӣ шуда, инчунин   ба  қадри 1,6 миллиард доллар сармояи хориҷӣ лоиҳаҳо амалӣ хоҳад гашт.

Ҳамин тавр, ҷонибҳо баробари баррасии масъалаҳои дигари марбут ба рушди иқтисодиву иҷтимоӣ сухан ронда, таъкид намуданд, ки дар оянда низ ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла бехатарӣ дар сарҳадот, поккунии минаҳо, иқтисоду ҳифзи муҳити зист рушд хоҳад ёфт.

Худи ҳамон рӯз роҳбари дафтари Созмони Амният ва ҳамкориҳои Аврупо дар Душанбе Валерию Киверро сардори раёсати Вазорати  корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон генерал лейтенант Искандар Солеҳзода ба ҳузур пазируфт. Сардори РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон иброз дошт, ки Хатлон калонтарин вилоят дар миқёси ҷумҳурӣ ба шумор рафта, аз 25 шаҳру навоҳӣ иборат аст ва аҳолиаш зиёда аз 3 миллион нафарро ташкил медиҳад. Номбурда ироа дошт, ки вилояти Хатлон дорои марзҳои сарҳади тӯлонӣ буда, ҳамкории дуҷониба баҳри муҳайё сохтани фаъолияти пурсамари марзбонон кори хайр аст.

Искандар Солеҳзода доир ба вазъи сиёсии ҷаҳон сухан ронда, таъкид дошт, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тамоми тадбирҳои мушаххасро баҳри риояи тартиботи ҷамъиятӣ, бехатарӣ ва амнияти шаҳрвандон меандешанд. Бахусус, фаъолияти шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ислоҳоти милитсия имкон фароҳам меоварад, ки аҳолӣ низ баҳри риояи тартиботи ҷамъиятӣ, амният, пешгирии ҷиноятҳову қочоқи мухаддир, шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкории зич ба роҳ мондааст. Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид медорад, ҳадаф аз татбиқи ислоҳоти милитсия  ин ҳамкории боз ҳам наз дик бо аҳолӣ, афзудани эътимоду боварии халқ ба ин ниҳоди калидӣ, таъмини шаффофият дар кору фаъолият ва муборизаи дастаҷамъона бо ҷинояткорӣ мебошад, таъкид дошт сардори Раёсати РВКД дар вилояти Хатлон генерал лейтенант Искандар Солеҳзода.

 Роҳбари дафтари Созмони Амният ва ҳамкориҳои Аврупо дар Душанбе Валерию Кивер таъкид дошт, ки таъсиси шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсия дар назди РВКД ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин фаъолияти самарабахши ин шӯроҳо баҳри татбиқи ислоҳоти милитсия дар Тоҷикистон заминаҳои мусоид ба амал меорад.

Пасон, роҳбари САҲА аз дафтари кории шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар вилояти Хатлон боздид ба амал оварда,  бо роҳбарияти шӯрои ҷамъиятӣ ва аъзоён суҳбат орост. Зимни суҳбат раиси шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар РВКД Лоҳутӣ Шоназаров иброз дошт, ки ҳанӯз аз солҳои 2013 2014 дар вилояти Хатлон шӯроҳои ҷамъиятӣ таъсис ёфта, фаъолнокӣ  нишон додаанд. Шурӯъ аз соли 2015 то имрӯз Шӯрои ҷамъиятӣ тибқи нақшаи корӣ аз ҷониби раёсат ва Вазорати корҳои дохилӣ тасдиқ гардида, ҷиҳати амалӣ гардидани ислоҳоти милитсия корҳои муайянеро ба анҷом расониданд. Садҳо мулоқот дар шаҳру ноҳияҳои вилоят доир намуда, дар баробари ба аҳолӣ фаҳмонидани моҳияти ислоҳоти милитсия ва татбиқи стратегияи милитсия барои солҳои 2013 2020 Барномаи ислоҳоти рушди милитсия, ҳамчунин, ҷиҳати пешгирӣ аз ҷинояткорӣ, шомилшавии баъзе афрод ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ корҳои муайянеро ба сомон расонидаанд.

Раиси шӯрои ҷамъиятӣ Лоҳутӣ Шоназаров иброз дошт, ки 11 октябри соли 2014 дар ҷаласаи навбатии гурӯҳ оид ба идоракунии ислоҳоти милитсия Низомнома дар бораи шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба милитсия тасдиқ карда шуд.  27 марти соли 2015 мутобиқи қарори гурӯҳ ҳайатҳои шӯроҳои ҷамъиятии  назди ВКД ва РКД дар ВМКБ, РКД дар шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Хатлону Суғд, ноҳияҳои минтақаи  Рашт ва Кӯлоб тасдиқ карда шуданд, ки  онҳо аз 1 майи соли 2015 ба фаъолият оғоз намуданд.

Тавре ки зимни мулоқот таъкид гардид, дар партави сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми солҳои 2013 2015 ум 353 бинову иншоотҳои ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмиру азнавсозӣ гардидаанд. Дар  5 соли охир бошад, беш аз 50 маркази ҳамкорӣ бо ҷомеа, дафтари кории нозирони минтақавии милитсия, аз ҷумла дар вилояти Хатлон 7 адад марказ сохта, мавриди истифода қарор гирифтааст. Сомонаи ВКД ҶТ дар самти қабули арзу шикоятҳо фаъолият менамояд. Баҳри ба роҳ мондани фаъолияти шаффоф дар самти пешбурди таъқиби ҷиноят дар мақомоти Шуъбаи корҳои дохилӣ утоқҳои корӣ, барои пурсиши гумонбаршудагон бо камераҳои мушоҳидавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.  Ҳамин тавр, зимни мулоқоти роҳбари дафтари  САҲА дар шаҳри Душанбе ва Шӯрои ҷамъиятӣ дар назди Раёсати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар дар бораи таърихи рушди ислоҳоти милитсия, барномаи ислоҳоти милитсия, фаъолияти шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ, оид ба ислоҳоти милитсия, такмили заминаҳои қонунгузории фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ронда, аз он изҳори қаноатмандӣ намуданд, ки дар ин самт нишондиҳандаҳо назаррас аст.

Дарвоқеъ, дар вилояти Хатлон шӯрои ҷамъиятӣ РВКД ва шӯроҳои ҷамъиятии ШКД фаъолияти назаррас доранд. Тавре ки зимни мулоқот таъкид гардид, ислоҳоти милитсия пеш аз ҳама ба он равона гардидааст, ки дар шуури ҷомеа симои иҷтимоии куллан нави корманди милитсияро, ки аз амалҳои коррупсионӣ холӣ буда, ҳадафаш мусоидат намудан ба шаҳрвандон мебошад, ташаккул ёфтааст. Воқеан, вазифаи асосии милитсия пеш аз ҳама риояи тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон ва ҷомеа, инчунин пешгирӣ намудани ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ мебошад. Амалӣ гардидани Барномаи ислоҳоти милитсия имкон фароҳам овардааст, ки шароити фаъолияти кории кормандони милитсия, беҳтар ва боварии ҷомеа ба милитсия афзун гардад.

Зимни мулоқоти роҳбари САҲА бо шӯрои ҷамъиятӣ аз ҷониби аъзои шӯрои ҷамъиятӣ баҳри боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти шӯроҳо ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ андешаҳои мушаххас пешниҳод гардид.

 

А. САФАРОВА,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ИСЛОҲОТИ МИЛИТСИЯ АМАЛӢ МЕГАРДАД

ИСЛОҲОТИ МИЛИТСИЯ АМАЛӢ МЕГАРДАД

Ҳуқуқу амният
Ҳамкорӣ ҷинояткориро коҳиш медиҳад

Ҳамкорӣ ҷинояткориро коҳиш медиҳад

Ҳуқуқу амният, АСАЛМО САФАРОВА
Ифтитоҳи бинои маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеа

Ифтитоҳи бинои маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеа

Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР
Вохӯрии Искандар Солеҳзода бо аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ

Вохӯрии Искандар Солеҳзода бо аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР
Нахустин нишасти Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсия

Нахустин нишасти Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсия

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, АСАЛМО САФАРОВА