Дар як сатр
» » КАДБОНУҲОИ ТОҶИК ҲУНАРИ ВОЛОИ ҚАННОДӢ ВА ҲАЛВОПАЗӢ ДОРАНД

КАДБОНУҲОИ ТОҶИК ҲУНАРИ ВОЛОИ ҚАННОДӢ ВА ҲАЛВОПАЗӢ ДОРАНД

24-10-2019, 21:23

Миллати тоҷик аз қадим бо фарҳанг, рисолати созандагии хеш маълуму машҳур аст. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо ибтикори фарзанди фарзонаи миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соҳаи фарҳанг ҳамчун таҷассумгари симои маънавии халқ, муттаҳидсозандаи неруҳои ақлониву эҷодгар, пайвандсози таърихи гузаштаву имрӯзи одобу русум ва дигар арзишҳои фарҳангии миллӣ дар ҷомеа мақоми махсус касб намудааст. Эълон гардидани Рӯзи фалак, Шашмақом ҳамчун мусиқии суннатии миллӣ, чакан ба ҳайси ҳунари волои бонувон имкон фароҳам овард, ки ҳунарҳои мардумӣ рушду нумӯъ ёбад.

Тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018-ум дар доираи баргузории фестивал-намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 озмуни қаннодӣ ва ҳалвопазӣ низ аз иқдомҳои навбатии роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дарак медиҳад. Ҳазорсолаҳо муқаддам мардуми тамаддунофари тоҷик дар истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ ном бароварда буданд. То имрӯз дар аксар мавзеъҳои вилояти Хатлон кӯчаву маҳалҳое боқӣ мондаанд, ки аз ҳунари волои ниёгон шаҳодат медиҳад: кӯчаи Чармгарон, Заргарон, Ҳалвопазон, Қаннодон ва амсоли ин.

Рӯзи якшанбеи гузашта дар назди Кохи фарҳанги "Лоҳутӣ” озмуни вилоятии қаннодӣ ва ҳалвопазӣ баргузор гардид. Зимни чорабинӣ садҳо номгӯи шириниҳо пешкаши ҳамагон гардонида шуд ва ин чорабинӣ бори дигар собит намуд, ки ҳунари ҳалвопазӣ ва садҳо намуди дигари шириниҳо то ба имрӯз ба мо аз гузаштагонамон мерос мондааст. Ҳар як бону дар хонадон бо дастпухтҳои ширину болаззати хеш, ки аз меваҳои шаҳдбори ватанӣ омода мегардад, ном баровардааст. Ин буд, ки дар ин озмун бонувон бори дигар ҳунари дастони пурэъҷози худро ба намоиш гузоштанд ва диққати иштирокчиёни чорабиниро ба худ ҷалб намудаанд. Чорабинии мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки таъсиси даҳҳо марказҳои омӯзиши ҳунарҳои қаннодӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят имкон фароҳам оварданд, ки ҷавондухтарони мо кадбонуҳои бемислу муваффақ гарданд.

Муовини раиси вилоят Умед Зоирзода зимни суханронӣ аз пайдоиши нахуст ҳунарҳои қаннодӣ, аз ҷумла ҳалвопазӣ ёдовар гардида, таъкид дошт, ки дар даврони Сосониён ҳалвоҳои махсус омода мегаштааст, ки дар осори адибону таърихнигорон махсус қайд гардидааст. Омӯзиши ин ҳунарҳо имкон фароҳам меоварад, ки ҷойҳои нави корӣ бунёд гардад, аҳолӣ бо шуғл фаро гирифта шавад. Муҳим аз ҳама, баҳри таъмини бехатарии озуқаворӣ замина гузошта шавад. Зеро маҳсулоти ватанӣ барои солимии ҷону рӯҳи инсон муфид аст.

Озмун - намоиши вилоятии қаннодӣ ва ҳалвопазӣ ҷамъбаст гардид ва ҳунармандони чирадасти шаҳру навоҳӣ соҳиби сипосномаву туҳфаҳои  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон гардиданд.

Дар анҷом ҳунармандони вилоят бо ҳунари волои хеш хотири иштирокдорони чорабиниро болида гардониданд.

ВАХШОНА, «Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«ҶИЛВАИ РАНГҲО» - МУАРРИФГАРИ ЛИБОСҲОИ МИЛЛӢ

«ҶИЛВАИ РАНГҲО» - МУАРРИФГАРИ ЛИБОСҲОИ МИЛЛӢ

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

«ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД»

Хабарҳо
ДАСТАРХОНОРОИИ БОНУВОНИ ТОҶИК САЙЁҲОНИ ХОРИҶИРО ТАСХИР КАРД

ДАСТАРХОНОРОИИ БОНУВОНИ ТОҶИК САЙЁҲОНИ ХОРИҶИРО ТАСХИР КАРД

Туризм
Фестивал - озмуни ҷумҳуриявии «Андалеб - 2018»

Фестивал - озмуни ҷумҳуриявии «Андалеб - 2018»

Фарҳанг ва адабиёт

ИФТИТОҲИ ДУ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ ДАР ПАНҶ

Хабарҳо