Дар як сатр
» » ҚАДАМҲОИ УСТУВОР ДАР РОҲИ ТАТБИҚИ ҲАДАФИ ЧОРУМИ СТРАТЕГИИ МАМЛАКАТ

ҚАДАМҲОИ УСТУВОР ДАР РОҲИ ТАТБИҚИ ҲАДАФИ ЧОРУМИ СТРАТЕГИИ МАМЛАКАТ

24-10-2019, 21:20

Шумораи корхонаҳои истеҳсолӣ дар вилояти Хатлон тайи

5 соли охир 166 адад зиёд шуда, ба 529 адад расидааст


14 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо коргарони соҳаи саноати ҷумҳурӣ мулоқот доштанд.

Ҳадафи мулоқот таҳлили вазъи воқеии соҳаҳои иқтисоди миллӣ, бахусус бахши саноат, баррасии масъалаҳои ҳалталаби соҳа, дарёфти роҳҳои рушди он тавассути воридоти технологияҳои навтарин, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, тақвияти иқтидори содиротии мамлакат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва мусоидат кардан ба татбиқи ҳадафи чоруми стратегии мамлакат - саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ буд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таҳлилҳои амиқи вазъи соҳаи саноат давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар амал ҷорӣ кардани ислоҳоти соҳаҳо, барномаҳои давлатӣ ва сармоягузорӣ ба иқтисоди миллӣ суханронӣ карда, барои рушду пешрафти мамлакат, таъсиси корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти ватании ивазкунандаи воридот, ба шуғл фаро гирифтани сокинон ба Ҳукумати ҷумҳурӣ, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва дигар сохторҳои марбута дастуру супоришҳо доданд.

Таъкид гардид, ки бо мақсади рушди соҳаи саноат, ки заминаҳои он дар асоси се ҳадафи умумимиллӣ фароҳам оварда шудаанд, мо саноатикунонии босуръати давлатро ҳадафи чорум эълон намудем. Татбиқи ин вазифаи муҳим имкон медиҳад, ки Тоҷикистон дар давраи миёнамуҳлат аз ҷумҳурии аграриву саноатӣ ба индустриаливу аграрӣ табдил дода шавад.

Саноатчиёни вилояти Хатлон бо мақсади татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ, ҳамзамон таъмини нақшаи гузариши иқтисодиёти кишвар аз шакли аграрӣ-индустриалӣ ба индустриалӣ-аграрӣ дар партави Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар афзоиши истеҳсоли маводи ғизоӣ бо роҳандозӣ намудани коркарди маҳсулоти аввалия то зинаи охир, имконияти истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда як қатор корҳоро амалӣ карданд.

Бо мақсади татбиқи ин ҳадаф, дар заминаи "Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2016-2020” тасдиқ гардид, ки он имконияти зиёд намудани ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти саноатии вилоятро то соли 2020 дар қиёс бо давраи то барномавӣ дар сатҳи 5,3 баробар пешбинӣ намудааст. Боварӣ ҳаст, ки саноатчиёни вилоят бо азму иродаи қавӣ ба ин нишондиҳанда мерасанд.

Тавре ки Шавкат Маҳмадалиев, мудири шуъбаи энергетика ва саноати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ба рӯзномаи "Хатлон” иттилоъ дод, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба рушди соҳаи саноат ва энергетика таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Дар натиҷаи татбиқи як қатор барномаҳои давлатӣ ҳамарӯза нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ рӯй ба афзоиш доранд.

- Саноатчиёни вилоят бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда дар давоми 9 моҳи соли равон ба маблағи 5 миллиарду 786 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намуда, ҳаҷми истеҳсолро нисбати ҳамин давраи соли гузашта 570,4 миллион сомонӣ зиёд ва суръати афзоиш бо нархҳои қиёсиро дар сатҳи 8,8 фоиз таъмин карданд, - зикр кард Ш. Маҳмадалиев. - Дар ҳаҷми умумии намуд ҳиссаи саноати коркард - 45,6 фоиз, саноати истихроҷи маъдан - 4,4 фоиз, истеҳсоли неруи барқ ва газ - 48,4 фоиз, тақсимоти неруи барқ, газ ва дигар хизматрасонӣ - 3,6 фоизро ташкил дод.

Ба афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатии вилоят асосан истихроҷи нафт ва гази табиӣ - 118,0 фоиз, истихроҷи ҳаргуна канданиҳои фоиданок - 118,0 фоиз, истеҳсоли маводи хӯрока, нӯшокиҳо - 122,7 фоиз, нӯшокиҳои спиртдор - 102 фоиз, нӯшокиҳои беспирт - 106,6 фоиз, дӯзандагӣ - 109,3 фоиз, коркарди чӯбу тахта ва маснуоти чӯбин - 131,2 фоиз, табъу нашр - 101 фоиз, истеҳсоли маҳсулоти кимиёвӣ - 3 баробар, маснуоти резинӣ ва пластмасӣ - 116,2 фоиз, маҳсулоти ғайрифилизии маъданӣ - 114,7 фоиз, маснуоти тайёри филизӣ - 104,1 фоиз, истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ - 159,9 фоиз, маснуоти мебелӣ - 132,2 фоиз, истеҳсоли неруи барқ - 112,6 фоиз ва тақсимоти неруи барқ - 115,9 фоиз шароит фароҳам овардааст.

Маҳз таҳия ва тасдиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 январи соли 2019, №1181 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 январи соли 2018, №990”, ки тибқи он дар вилоят 530 субъекти соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ ба мораторий фаро гирифта шуданд, мусоидат намуд, ки ҳаҷми афзоиши маҳсулоти саноатӣ, аз қабили истихроҷи нафт ва гази табиӣ, канданиҳои фоиданок, истеҳсоли маводи хӯрока, нӯшокиҳои спиртдор ва беспирт, дӯзандагӣ, маводи кимиёвӣ, маснуоти резинӣ ва пластмасӣ, маҳсулоти ғайрифилизии маъданӣ, маснуоти тайёри филизӣ, истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ, маснуоти мебелӣ ва коркарди чӯбу тахта ва маснуоти чӯбин дар сатҳи аз 114% то 3 баробар таъмин карда шавад.

Мувофиқи Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар заминаи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №АП-1059 бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои 2018-2021 баистифодадиҳии 232 корхона ва коргоҳҳо бо назардошти таъсиси 2112 ҷойи нави корӣ пешбинӣ шудааст.

Дар 9 моҳи соли равон дар вилоят 68 корхона ва коргоҳҳои истеҳсолӣ бо назардошти 740 ҷойи нави корӣ таъсис ёфта, сохтмони зиёда аз 35 адади дигар идома дорад.

Бояд қайд кард, ки дар 5 соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва теъдоди корхонаҳои нав 2 баробар афзуда, тавлиди якчанд намуди маҳсулоти саноатӣ, аз қабили семент, қуму шағал, гаҷ, хишти бинокорӣ, хишти сементӣ, сафолакҳои роҳрав, ширеш ва ранги сохтмонӣ, моеъи зарфшӯӣ, мебел, гаҷкартон, клинкер, шишаи мулоим, маснуоти ресандагӣ, бофандагӣ, дӯзандагӣ, кешбофӣ, консервабарорӣ, меваи хушк, маҳсулоти ширӣ, банду басти маҳсулот, маҳсулоти пластикӣ, дару тирезаҳои пластикӣ ва чӯбӣ, маҳсулоти фарматсевтӣ-доруворӣ, пахтаҳои нафиси тиббӣ ва ғайра ба роҳ монда шуд.

Ҳамзамон, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва номгӯйи он сол аз сол зиёд шуда, аз 81 номгӯй ба 92 номгӯйи ҳозира расонида шуд.

Агар соли 2013 шумораи миёнаи солонаи кормандони истеҳсолоти саноатии вилоят ҳамагӣ 16,2 ҳазор нафарро ташкил карда бошад, пас ин рақам дар соли 2019 ба 24,5 ҳазор нафар расонида шуд.

Айни замон шумораи корхонаҳои истеҳсолӣ 529 ададро ташкил медиҳад, ки дар қиёс ба соли 2013-ум 166 адад зиёд мебошад. Тӯли ин муддат шумораи корхонаҳои соҳаи электроэнергетика 1 адад, сӯзишворӣ 2 адад, комплекси мошинсозӣ 2 адад, саноати нафту кимиё 3 адад, саноати табъу нашр 7 адад, саноати масолеҳи сохтмонӣ 98 адад, саноати сабук 9 адад, саноати хӯрокворӣ 47 адад (аз ҷумла коркарди шир 7 адад, орду ярма 4 адад) зиёд шудааст.

Бо мақсади бунёди корхонаҳои саноатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат дар вилоят се минтақаҳои озоди иқтисодӣ: "Данғара”, "Панҷи поён” ва "Кӯлоб” фаъолият доранд.

Айни замон дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии "Данғара” ва "Панҷи поён” 13 субъекти саноатӣ фаъолият дошта, тӯли ин муддат ба маблағи 29 миллиону 400 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 14 миллиону 74 ҳазор сомонӣ ва ё дар сатҳи 47,8 фоиз зиёд мебошад. Теъдоди кормандони дар ҳудуди минтақаҳо фаъолиятдошта 475 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 121 нафар зиёд аст.

Маҳз бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилоят якчанд корхонаи саноатӣ, аз қабили сементбарорӣ, кимиёвӣ, ресандагӣ, масолеҳи дигари сохтмонӣ, банду баст, дӯзандагӣ, маводи нафиси пахтагин ва тиббӣ, консервабарорӣ, коркарди гиёҳҳои шифобахш, ширӣ, равғанбарорӣ ва дигар коргоҳу корхонаҳои дар самти истеҳсоли моли воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки дар амалигардонии сиёсати иқтисодии давлатӣ аҳамияти аввалиндараҷа доранд.

Барои фароҳам овардани шароити мусоиди рушди иқтисодиёт ва амалӣ намудани лоиҳаҳои афзалиятнок барои пешбурди истеҳсолоти саноатию аграрӣ ва дар ин замина ташкили корхонаҳои хурду миёнаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар давоми нуҳ моҳи соли равон ба унвонии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкорони вилоят 93 лоиҳаи сармоягузорӣ ва дархостҳои лоиҳавӣ ба маблағи 437 миллиону 697 ҳазор сомонӣ пешниҳод гардида, ки аз ҷониби Фонд 69 лоиҳа ба маблағи 89 миллиону 900 ҳазор сомонӣ дастгирӣ ёфта, лоиҳаҳои дигар мавриди омӯзиш қарор доранд.

Дар вилояти Хатлон барои амалишавии ҳадафи чоруми миллӣ ҳамаи имкониятҳо мавҷуд буда, барои ин танҳо муҳлат, садоқат ва дилсӯзӣ зарур мебошад, ки он ҳам на танҳо дар вуҷуди соҳибкорон, балки ҳар як фарди боору номуси вилоят нуҳуфтааст.

Итминон дорем, ки саноатчиёни вилоят ҷиҳати амалӣ ва татбиқи ҳадафи олӣ: "Баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар”, ки бар пояи таъмини рушди устувори иқтисодӣ мавқеи хоса дорад ва дар фароҳам овардани шароити мусоид баҳри баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ дар бозори дохилӣ ва хориҷӣ бо афзун гардонидани ҳаҷми содирот, коҳиш додани ҳиссаи воридоти молҳои истеъмолӣ минбаъд низ ҳиссагузор мемонанд.

 

Ҳангомаи ИСМАТ,

«Хатлон»




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ДАР НОҲИЯИ ҲАМАДОНӢ ШУҲРАТИ ПЕШИНИ САНОАТРО БАРҚАРОР КАРДАНИАНД

Арсаи кишоварзӣ
Вазорати саноат ва технологияҳои нав:  «СОЛИ 2018 РУШДИ САНОАТ ДАР ВИЛОЯТИ  ...

Вазорати саноат ва технологияҳои нав: «СОЛИ 2018 РУШДИ САНОАТ ДАР ВИЛОЯТИ ...

Иқтисоду тиҷорат

Соли 2019 дар Кӯлоб бунёди 15 коргоҳ ва 3 корхонаи саноатӣ пешбинӣ шудааст

Иқтисоду тиҷорат

Ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар вилоят афзуд

Арсаи кишоварзӣ
Вазъи иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар семоҳаи якуми соли 2017

Вазъи иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар семоҳаи якуми соли 2017

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Иқтисоду тиҷорат, АСАЛМО САФАРОВА