Дар як сатр
» » ҶАВОНОНИ ХУШИҚБОЛ БА ХИЗМАТ МЕРАВАНД

ҶАВОНОНИ ХУШИҚБОЛ БА ХИЗМАТ МЕРАВАНД

10-10-2019, 07:04

Тибқи  Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ибтидои моҳи октябр даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт. Рӯзи якуми даъват, ки бо унвонии «Рӯзи даъватшаванда» мегузарад, дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо ифтихори ватандӯстиву хештаншиносӣ ва ҳисси баланди иҷрои қарзи шарвандӣ  доир гардид.

Дар ҷамъомади тантанавӣ, ки дар  майдони марказии ноҳия баргузор гардид. Раиси ноҳия Саиди Ёқубзод, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат Сафармуҳаммад Зарифӣ, раиси Шӯрои башардӯстон Сафарбек Наҷмиддинов,  волидони хушбахт даъватшавандагонро, ки аз ҳисоби ҷавонони  ҷисману рӯҳан солим   интихоб шуда, баҳри ҳимояи марзу буми Ватан, осудагии аҳли хонавода, осоиштагии кишвар ихтиёрӣ ҷамъ омада буданд, табрик  намуда, ба онҳо роҳи сафед орзу намуданд. Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  ба нав-аскарон либоси ягона  тақдим карда шуд.

Дар навбати худ, бо ифтихору сарбаландӣ аз меҳри Ватан-Модар наваскарон ваъда доданд, ки хизмати ҳақиқии ҳарбиро бо сари баланд ба ҷо оварда, баъди хизмат чун фарзандони содиқу вафодор дар истеҳсолот бо меҳнати арзандаи худ саҳмгузорӣ хоҳанд намуд.

Санъаткорони бахши фарҳанги ноҳия бо барномаи рангини савту суруд ва рақсҳои ҷаззоб оғози мавсими даъватиро боз ҳам хотирмон гардониданд.

Ҳамин тариқ, бо дуои неку орзуҳои бепоёни пирони рӯзгордида аввалин гурӯҳи ҷавонони соҳибиқбол ба хизмати ҳақиқии ҳарбӣ гусел шуданд.

И. Ҳасанов.

Аксбардор М. Ашӯров



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Н. Хусрав: иҷрои маъракаи даъват ба аскарӣ

Хабарҳо
Ҷавонон бо амри дил ба артиш мепайванданд

Ҷавонон бо амри дил ба артиш мепайванданд

Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР
«Кулчагазон» ва иҷрои нақшаи даъвати ҷавонон ба Артиш дар рӯзи аввали мавси ...

«Кулчагазон» ва иҷрои нақшаи даъвати ҷавонон ба Артиш дар рӯзи аввали мавси ...

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Гусели аввалин гурӯҳи наваскарон дар Хатлон

Гусели аввалин гурӯҳи наваскарон дар Хатлон

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР
Ноҳияи Носири Хусрав яке аз аввалин шуда маъракаи даъвати наваскаронро ба о ...

Ноҳияи Носири Хусрав яке аз аввалин шуда маъракаи даъвати наваскаронро ба о ...

Хабарҳо