Дар як сатр
» » ПАХТА ДАР САҲРО ШУКУФТА ИНТИЗОРИ ЧИДАН АСТ

ПАХТА ДАР САҲРО ШУКУФТА ИНТИЗОРИ ЧИДАН АСТ

10-10-2019, 06:57


Пас аз эълон гаштани 60-рӯзи меҳнати зарбдор аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҷамъоварии  «тиллои сафед» дар шаҳру  ноҳияҳои пахтакори вилоят вусъати тоза касб намуд. Тавре ки иттилоъ дода будем, заркорони шаҳри Левакант дар миқёси вилояту  ҷумҳурӣ нахустин шуда аз иҷрои дурнамои пахтасупорӣ мужда расонида буданд. Инак,  кишоварзони шаҳри Бохтар низ сарбаландона ба фатҳи қуллаи зафар расиданд. Айни замон пахтакорони ноҳияҳои Данғара,  Шаҳритуз, Кӯшониён низ ҷидду ҷаҳди беандоза доранд, ки ба дастовардҳои назаррас ноил гарданд.

Имрӯзҳо ҷамъоварии «тиллои сафед»  дар шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилоят бо маром идома дорад. Аз ҳисоби кормандони ташкилоту муассисаҳо ҳашарчиён ба саҳро баромада, дар ҷамъоварии «тиллои сафед» ба деҳқонон кумак мерасонанд. Рӯзи якшанбеи гузашта кормандону масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, ташкилоту муассисаҳо гурӯҳи беш аз 1200 нафараи ҳашарчиён ба кишоварзони  Ҷамоати деҳоти «Сарвати Истиқлол»-и ноҳияи Кӯшониён дасти кумак дароз намуданд. Ҳашарчиён ҳамон рӯз беш аз 14 тонна «тиллои сафед» ҷамъ оварданд.

Тавре ки кишоварзи ҷамоати деҳоти мазкур Ориф Олимов иброз дошт, дар ҳудуди ҷамоат 2663 гектар замини киштшаванда мавҷуд аст. Айни замон дар майдони 1741 гектар замини пахта ҳосил фаровон аст. Бахусус дар заминҳои ҶДММ «Водии заррин», ки 121 гектарро дар бар мегирад, ҳосили пахта зиёд аст. Хоҷагиҳои деҳқонии ҳудуди ҷамоат аз қабили «25-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Шуҳратҷон», «Анвар», «Бобои Искандар» яке аз аввалинҳо шуда дурнамои пахтаро таъмин намуданд.

Тавре ки масъулини соҳаи кишоварзӣ иттилоъ доданд, заркорони ноҳия баҳри ба даст овардани  беш аз 25 ҳазор тонна «тиллои сафед» ҷидду ҷаҳд доранд. 

«Хатлон»




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ёрдамчиён беш аз 10 ҳазор тонна пахта ҷамъ оварданд

Ёрдамчиён беш аз 10 ҳазор тонна пахта ҷамъ оварданд

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ
ҚУРБОН ҲАКИМЗОДА: «ҲОСИЛИ ДАСТРАНҶИ ДЕҲҚОН БЕТАЛАФ ҶАМЪОВАРӢ ГАРДАД»

ҚУРБОН ҲАКИМЗОДА: «ҲОСИЛИ ДАСТРАНҶИ ДЕҲҚОН БЕТАЛАФ ҶАМЪОВАРӢ ГАРДАД»

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ
ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР ҲАШАРИ ПАХТАЧИНӢ

ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР ҲАШАРИ ПАХТАЧИНӢ

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ

ДУРНАМО - 275,2 ҲАЗОР ТОННА ПАХТА

Хабарҳо
КОРВОНИ «ТИЛЛОИ САФЕД» ВОРИДИ НУҚТАҲОИ ҚАБУЛ ГАРДИД

КОРВОНИ «ТИЛЛОИ САФЕД» ВОРИДИ НУҚТАҲОИ ҚАБУЛ ГАРДИД

Арсаи кишоварзӣ