Дар як сатр
» » ИФТИТОҲИ БИНОИ ҲИЗБӢ ДАР КӮШОНИЁН

ИФТИТОҲИ БИНОИ ҲИЗБӢ ДАР КӮШОНИЁН

10-10-2019, 06:56

Дар ноҳияи Кӯшониён ба муносибати ифтитоҳи бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ доир гардид.

Муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода дар ин маросим иштирок намуда, нахуст сокинон ва аъзои ҳизбро ба муносибати ҷашни муборак – Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории навини мо маҳсуб гардида, ҳамасола 5 октябр таҷлил мешавад, шодбош гуфт.

- Боиси ифтихору сарфарозист, ки бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷашни умумимиллӣ, ки дар ин рӯз сокинон онро бо хушнудию шукргузорӣ таҷлил менамоянд, бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Кӯшониёнро дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифода қарор додем, - зикр намуд М. Хидирзода.

Бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён дар доираи ҳидоятҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ ба кормандон ҷудо гардидааст.

Зикр гардид, ки ҷиҳати иштироки фаъолонаи аъзои ҲХДТ дар корҳои ободонию созандагӣ, амалӣ намудани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, кумаку дастгирӣ ба кӯдакони ятиму бепарастор, оилаҳои ниёзманди ҷомеа, меҳтарони ҷангу меҳнат нуфузи ҲХДТ баланд гардида, шумораи аъзои он сол то сол афзуда истодааст.

Масалан, дар 9 моҳи соли равон ба маблағи қариб 50 ҳазор сомонӣ ба 269 нафар сокинони эҳтиёҷманд, ятимони кулл, бепарасторони ноҳия кумакҳои моддию молиявӣ расонида шуд. Бо ибтикор ва саҳмгузории сокинон ва аъзои ҳизб имсол 10 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия таъмиру тармим гардида, 15,6 километр роҳҳои байни деҳаҳо сангфарш шудаанд.

Алҳол, шумораи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён ба 16830 нафар расидааст, ки ин қувваи бузург аст. Қобили зикр аст, ки аз ин шумора 10079 (59,9%) нафарашон занон ва 6615 нафарашон (39,3%) ҷавонони то 30-сола мебошанд. Ҳамаи онҳо дар 182 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ муттаҳид шудаанд.

Барои фаъолияти мунтазаму самараноки комиҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ҳамаи шароити корӣ фароҳам оварда шудааст. Дар Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб 10 нафар мутахассисони ботаҷриба фаъолият менамоянд.

Бинои мазкур аз ҷониби фаъолони ҳизб дар ноҳия ба сохтори ноҳиявии ҳизб тақдим гардида, фаъолону ҷонибдорони ҳизб дар таъмиру тармими ин иншоот саҳм гузоштаанд. Кормандони кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб акнун дар 5 ҳуҷраи корӣ, ки бо шароити мусоиди корӣ, мизу курсӣ ва технологияи муосири компютерӣ-иттилоотӣ таъмин мебошанд, фаъ-олият хоҳанд кард.

Қобили тазаккур аст, ки тибқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён то соли 2021 бунёду нав-созии 332 иншоот пешбинӣ шудааст. Соли 2018 ҷиҳати иҷрои нақшаи мазкур дар Кӯшониён 55 бино ва дар 9 моҳи соли ҷорӣ 56 иншооти дигар бунёду мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст, ки 33,4%-и нақшаро ташкил медиҳад.

Бо бунёди иншоотҳои мазкур 501 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимию мавсимӣ таъмин гардиданд, ки ин ҳам ҷиҳати амалисозии яке аз ҳадафҳои асосии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – таъмини рушди босуботи мамлакат ва таъмини зиндагии шоиста барои ҳар як шаҳрванд мусоидат мекунад.

Муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода изҳори итминон кард, ки аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён бо азму иродаи устувор дар корҳои ободонию созандагӣ минбаъд низ фаъолона ширкат меварзанд.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии

дастгоҳи раиси вилояти Хатлон



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ИШТИРОКИ МАХФИРАТ ХИДИРЗОДА ДАР МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ БИНОИ МАЪМУРИИ ҲХДТ ДАР Н ...

ИШТИРОКИ МАХФИРАТ ХИДИРЗОДА ДАР МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ БИНОИ МАЪМУРИИ ҲХДТ ДАР Н ...

Ҳаёти иҷтимоӣ
ЯКҶОЯ ҲАЛ МЕКУНЕМ

ЯКҶОЯ ҲАЛ МЕКУНЕМ

Ҳаёти иҷтимоӣ
ҲХДТ-ҳизби пешбарандаи ҷомеа

ҲХДТ-ҳизби пешбарандаи ҷомеа

Ҳаёти иҷтимоӣ

«ЯКҶОЯ ҲАЛ МЕКУНЕМ!»

Хабарҳо

Ташаббуси соҳибкорони Кӯшониён

Хабарҳо