Дар як сатр
» » ЗАБОН - ҲАСТИИ МИЛЛАТ

ЗАБОН - ҲАСТИИ МИЛЛАТ

10-10-2019, 06:53

Дар Кохи фарҳанги ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва иди касбии омӯзгорон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Дар оғози чорабинӣ раиси ноҳия Саидзода Ҷамшед Ҳамроҳ ҳозиринро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, ки нишони миллат ва пояи устувори давлат аст, табрику таҳният гуфта, иброз дошт, ки забон дар воқеъ яке аз арзишҳои воло ва баррасикунандаи номи миллат дар арсаи ҷаҳон ба ҳисоб рафта, ҷиҳати рушду нумуи он таваҷҷуҳу ғамхориҳои давлату Ҳукумат, иқдомҳои бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле зиёданд.

Раиси ноҳия дар баромади пурмуҳтавои худ аз нақши таърихии забони тоҷикӣ ҳамчун забони муоширати байни қавму миллатҳои гуногун, ки  дар замони соҳибистиқлолӣ обруву нуфузи тоза касб намудааст, ёдовар гардида, таъкид дошт, ки дӯст доштани забони тоҷикӣ, арҷ гузоштан ба бузургиву рисолати он барои ҳар як соҳибдилу хештаншинос, ватандӯст қарзи фарзандӣ ба ҳисоб меравад.

- Басо рамзист, ки баробари ин рӯзи муборак ва муқаддас аҳли маориф иди касбии худ-Рӯзи омӯзгоронро ҷашн мегирад, -гуфт дар идомаи суханрониаш раиси ноҳия Саидзода Ҷамшед ва хотирнишон  шуд, ки омӯзгорон дар роҳи амалигардии талаботи Қонуни забони давлатӣ саҳми аввалиндараҷа доранд. Чунки маҳз онҳо насли наврасро таълиму тарбия медиҳанд. Аз ин рӯ, пеш аз ҳама, ҷиҳати софию покизагии забони тоҷикӣ бояд кӯшиши зиёд ба харҷ диҳанд. Ҳарчӣ бештар омӯзанд, хазинаи луғавии дониши худро пурра намоянд ва ба насли наврас ин забони нобу ширинро омӯзонанд.

Дар интиҳои суханронии худ раиси ноҳия чун нишони садоқат ва дӯстори забони миллат буданаш аз ашъори шоирони шаҳири тоҷик Лоиқ Шераливу Бозор Собир ва Муъмин Қаноат шеърҳои ба забони тоҷикӣ бахшидашударо бо лафзи фасеҳу ширин, диққатҷалбкунанда қироат намуд.

Сипас, аъзои бахши Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон Раҷаби Мусулмониён, Муҳаммади Некхоҳ ба сухан баромада,  аз заҳмату талошҳои бузургони илму адаб, сиёсатмадорон дар роҳи мақоми арзанда гирифтани забони тоҷикӣ ёдовар гардида, ҳамзамон, аз эҷодиёти худ намунаҳо қиоат намуданд.

Дар чорабинӣ чун нишони қадрдонӣ ба онҳое, ки дар рушду нумӯи забон саҳмгузоранд ва ба онҳое, ки дар роҳи таълиму тарбияи насли наврас собитқадаманд, мукофотҳои соҳавӣ, туҳфаҳои муносиб тақдим гардид. Ба омӯзгорон С. Шаропов, М. Мусулмонова, С. Наҷмиев мукофоти Вазорати маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон»  супурда шуд. Адибон Р. Мусулмониён, М. Некхоҳ, Р. Омон ва як қатор омӯзгорони дигар бо Ифтихорномаи раиси ноҳия ва туҳфаҳои молӣ сарфароз гардиданд.        

Ҷамъомади тантанавӣ бо қироати шеъру  таронахонии толибилмон ва барномаи рангини консертии таҳиянамудаи  бахши фарҳанги ноҳия ба анҷом расид, ки хеле хотирмон буд.

 

Зайналобиддин Ҳусейнов



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: «ЗАБОНИ  МИЛЛАТ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ»

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: «ЗАБОНИ МИЛЛАТ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ»

Хабарҳо
Забон - таҷассумгари миллат

Забон - таҷассумгари миллат

Фарҳанг ва адабиёт

Ҳамадонӣ: таҷлили рӯзи забони давлатӣ

Фарҳанг ва адабиёт

Шоҳсутуни миллат забони модарист

Фарҳанг ва адабиёт
Ҳар сешанбе – Рӯзи забони тоҷикӣ

Ҳар сешанбе – Рӯзи забони тоҷикӣ

Хабарҳо, Маориф ва илм