Дар як сатр
» » ЗАБОН ОМИЛИ АСОСИИ РУШДУ КАМОЛИ МИЛЛАТ ВА ДАВЛАТ АСТ

ЗАБОН ОМИЛИ АСОСИИ РУШДУ КАМОЛИ МИЛЛАТ ВА ДАВЛАТ АСТ

10-10-2019, 06:51

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо ибтикори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят конференсияи илмӣ таҳти унвони "Забон омили асосии рушду камоли миллат ва давлат аст” бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон баргузор гардид.

Қабл аз оғози конфронс китобдорони Китобхонаи вилоятии ба номи Шамсиддин Шоҳин ва китобхонаи марказии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав намоиши китобиро таҳти унвони "Забони миллат - ҳастии миллат” ба иштирокдорон пешниҳод намуданд.

Кори конфронсро муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода ҳусни ифтитоҳ бахшида, таъкид намуд, ки 5 октябр аз замони қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” 10 сол сипарӣ мешавад.

- Мардуми тоҷик забонро мисли истиқлолият, ватан, модар ва фарҳанг аз ҷумлаи муқаддасоти миллии худ мешуморанд ва онро азизу гиромӣ медоранд, - зикр кард Махфират Хидирзода.

Қайд гардид, ки забони тоҷикӣ василаи маҳфуз доштани мероси гаронбаҳои маънавии беш аз ҳазорсолаи халқи тоҷик аст. Забони модарӣ дар таърихи тӯлонӣ дар муборизаҳо бо аҷнабиён ҳамеша муттаҳидгари халқи тоҷик буд. Дар забони модарӣ ҳофизаи халқ, ҷаҳони маънавӣ, меъёрҳои ахлоқии халқи тоҷик нигоҳ дошта шудааст.

Дар конфронс олимону муҳаққиқони соҳа, аз ҷумла профессори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Ҳасани Муродиён дар мавзӯи "Забон ва замон”, номзади илмҳои филология, мудири бахши таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ ба номи Носири Хусрав Раҷабалӣ Худоёрзода дар мавзӯи "Забонро пок мебояд нигоҳ дошт”, унвонҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Оламбӣ Носирова дар мавзӯи "Забони тоҷикӣ – асоси худшиносии халқи тоҷик”, мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят, номзади илмҳои филология Носирҷон Маъмурзода дар мавзӯи "Садриддин Айнӣ ва баъзе масъалаҳои забони матбуоти маҳал”, муовини сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Қумринисо Сангалиева дар мавзӯи "Нақши модарон дар ташаккули забондонии фарзандон”, номзади илмҳои филология, устоди ДДБ ба номи Носири Хусрав Сангимурод Шарифов дар мавзӯи "Забон – рукн ва ҳастии миллату давлат” ва омӯзгори кафедраи рӯзноманигории ДДБ Саёҳат Ғуломова дар мавзӯи "Забон – оинаи фарҳанги халқ” доир ба масъалаҳои мухталифи забони тоҷикӣ маърӯза карданд.

Муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода бо изҳори сипос аз нотиқони конфронси илмӣ қайд кард, ки забон шиносномаи миллат маҳсуб гардида, ифтихор аз ватан ва забон ҳамеша ангезандаи эҳсоси олӣ мебошанд. Бинобар ин, моро мебояд, ки барои ҳифзи асолати забон ва ғановати он саҳмгузор бошем.

Ҳангомаи ИСМАТ,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: «ЗАБОНИ  МИЛЛАТ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ»

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: «ЗАБОНИ МИЛЛАТ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ»

Хабарҳо

Қонуни забони давлатӣ риоя карда шавад

Ҳокимияти давлатӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР
Забон - таҷассумгари миллат

Забон - таҷассумгари миллат

Фарҳанг ва адабиёт
Забон - инъикоскунандаи миллату фарҳанг

Забон - инъикоскунандаи миллату фарҳанг

Фарҳанг ва адабиёт
«Нақши ВАО дар таҳкими Ваҳдати миллӣ»

«Нақши ВАО дар таҳкими Ваҳдати миллӣ»

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА