Дар як сатр
» » Раҳмонзода нишасти матбуотӣ орост

Раҳмонзода нишасти матбуотӣ орост

16-01-2015, 17:36

Раҳмонзода нишасти матбуотӣ орост


Абдулғаффор Раҳмонзода, шаҳрдори Кӯлоб барои доираи васеи намояндагони васоити ахбори оммаи дохиливу хориҷӣ нишасти матбуотӣ барпо кард.

Нахуст, раиси шаҳри Кӯлоб оид ба дастовардҳои соли гузашта дар назди намояндагони ВАО мухтасар ҳисобот дод. Ӯ аз ҷумла зикр кард, ки Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр барои солҳои 2015-2019 қабул гардида, барномаи мазкур иҷрои 262 лоиҳаро бо маблағи умумии 1 миллиарду 46 миллион сомонӣ пешбинӣ мекунад. Бо амалишавии барнома зиёда аз 25 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода хоҳад шуд.

Ташкили 38 корхонаи хурду миёнаи саноатӣ, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии 60 га замин, барқароркунии 300 га боғ, васеъ намудани ҳавзҳои моҳипарварӣ, сохтмони фермаҳои чорводорӣ, парандапарварӣ, таъмиру барқарорсозии 24 км роҳҳои дохилишаҳрӣ, беҳтар намудани ҳолати техникии 161 км роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта, сохтмон ва азнавсозии пулҳо дар шаҳр, таҳияи лоиҳаи хати троллейбус, сохтмони 3 хонаи 5-ошёна, 2 хонаи 9-ошёна, 2 муассисаи томактабӣ, 6 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, беҳтар намудани таъмини оби ошомиданӣ, анҷом додани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ низ дар доираи ин Барнома пешбинӣ гардидааст.

А. Раҳмонзода ҳамчунин аз пешрафту камбудиҳои соҳоти мухталиф дар соли 2014 ва нақшаҳои соли 2015 сухан гуфт.

Намояндагони ВАО ба масоили фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, таъмири роҳҳо, ободонии шаҳр, вазъи муассисаҳои фарҳангии деҳот, тақдири ояндаи дастаи футболи «Равшан», бунёди иншооти хизматрасонӣ ва сифати корҳои сохтмонӣ дар шаҳр дахл карда, аз ҷониби раиси шаҳр ва масъулин ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Сӯҳробшоҳи Фаррухшоҳ,
котиби матбуотии раиси шаҳри Кӯлоб



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Барномаи нави рушд  - дар амал

Барномаи нави рушд - дар амал

Иқтисоду тиҷорат, Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Кӯлоб. Бунёди 7 иншооти нав

Кӯлоб. Бунёди 7 иншооти нав

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо
Афзоиши тавлидоти саноатӣ дар Кӯлоб

Афзоиши тавлидоти саноатӣ дар Кӯлоб

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Дар Кӯлоб дастрасӣ ба оби нӯшиданӣ беҳтар мешавад

Дар Кӯлоб дастрасӣ ба оби нӯшиданӣ беҳтар мешавад

Хабарҳо
Иҷрои 262 лоиҳа дар доираи Барномаи рушд

Иҷрои 262 лоиҳа дар доираи Барномаи рушд

Хабарҳо