Дар як сатр
» » ҲАМОИШИ ИДОНА БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ВА ИДИ КАСБИИ ОМӮЗГОРОН

ҲАМОИШИ ИДОНА БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ВА ИДИ КАСБИИ ОМӮЗГОРОН

10-10-2019, 06:29

Ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи омӯзгорон дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар бо иштироки муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода ҳамоиши ҷашнӣ доир гардид.

Беш аз 700 нафар омӯзгорон, собиқадорони соҳаи маориф, аҳли зиё ба ҷамъомади мазкур даъват шуда буданд.

Муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода тамоми омӯзгоронро бо иди касбиашон ва мардуми Хатлонзаминро бо Рӯзи забони давлатӣ шодбош гуфта, паёми табрикии раиси вилоят Қурбон Ҳакимзодаро ироа намуд.

Зикр гардид, ки ояндаи дурахшони мамлакат ба фаъолияти омӯзгор ва рушди илму маориф вобастагии зиёд дорад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷиҳати таъмини рушди соҳаҳои илму маориф дар вилоят чораҷӯиҳои ҳадафмандро роҳандозӣ карда, бо мақсади вусъат бахшидани раванди амалигардонии барномаҳои давлатӣ ва соҳавӣ, баланд бардоштани  сатҳу  сифати  таълиму тарбия ва донишандӯзии хонандагону касбомӯзии донишҷӯён, мустаҳкам намудани заминаҳои кадрӣ, моддӣ-таълимӣ ва техникии муассисаҳои таълимии ҳамаи намуди зинаҳои таҳсилот корҳои мушаххасро ба анҷом расонида, дар доираи имкониятҳои мавҷуда ҳамасола фароҳамсозии шароитҳои мусоиди кору зиндагӣ ва ҳавасмандсозии  олимону устодон, омӯзгорону мураббиён ва донишҷӯёну хонандагонро ба роҳ мондааст.

Махфират Хидирзода изҳори итминон намуд, ки ҳамчун санаи фархунда дар сатҳи вилоят ва маҳал сазовор ҷашн гирифтани иди касбии омӯзгорон барои ба фатҳи қуллаҳои нави меҳнатӣ, илмӣ, эҷодию касбӣ, омӯзгорӣ ва касбу ҳунарандӯзӣ ҳидоят намудани аҳли илму зиё, омӯзгорону мураббиён ва дигар алоқамандони соҳаҳои илму маорифи вилоят мусоидат хоҳад кард.

Муовини раиси вилоят инчунин таъкид намуд, ки тамоми аҳли ҷомеа, аз ҷумла омӯзгорону аҳли маорифро зарур аст, ки барои ғановати забони миллии хеш аз осори гузашта ва муосир дуруст истифода намуда, забони тавоно ва шеворо дар замони ҷаҳонишавӣ ва густариши равобити миллатҳо ва тамаддунҳо тавонотару шевотар гардонем ва онро барои наслҳои оянда бо ҳама зебоиву тавоноияш ба мерос гузорем.

Дар идомаи ҷамъомад маросими тақдими Ифтихорнома ва ҳадяҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба як қатор муаллимони пешқадам, олимон ва кормандони соҳаи маориф сурат гирифт.

Бо қаноатмандӣ зикр шуд, ки дар ҳафт соли охир дар вилоят 3 нафар хонандагони болаёқати муассисаҳои таълимии ноҳияҳои Мир Саид Алии Ҳамадонӣ Фурқат Давлатмуродзода ва Муъминобод Аниса Сатторова, Рамзия Саъдуллоева бо аттестати аълои равиявӣ ва медали тилло сарфароз гардиданд.

Барои дастоварди шоён дар таҳсил ва бо медали тилло хатм кардани муассисаи таълимӣ дар соли 2019 бо қарори раиси вилояти Хатлон ба ҳар се хонанда мукофоти пулӣ ба андозаи 10 ҳазор сомонӣ, ҷамъ 30 ҳазор сомонӣ тақдим гардид.

Инчунин директорони литсейи давлатии №1-и ноҳияи Ҳамадонӣ Абдулҳафиз Мисралиев ва гимназияи давлатии "Боғи Ҳабиб”-и ноҳияи Муъминобод Ҳабиб Қурбонов бо мукофоти ҳавасмандсозӣ ба маблағи се ҳазор сомонӣ сарфароз гардонида шуданд.

Тавре ки ба мо аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят хабар доданд, бо қарори раиси вилояти Хатлон аз 4 сентябри соли 2019, №245, минбаъд ҳар сол ба кормандони соҳаи маориф, ки 5 соли охир дар муассисаҳои соҳаи маориф ва таҳсилоти умумии вилоят фаъолият намуда, ба дараҷаҳои илмии доктори илм ва номзади илмҳо сазовор мегарданд, мукофотпулӣ дода хоҳад шуд.

Ҳаҷми мукофотпулӣ барои дифои рисолаи номзадӣ 5 ҳазор сомонӣ ва барои дифои рисолаи докторӣ 10 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шудааст.

Суруду таронаҳо ва саҳнаҳои рақсии ҷолиби омодакардаи ҳаваскорон ва дастаҳои касбии ҳунарӣ идомабахши ҳамоиши ҷашнӣ ба муносибати Рӯзи омӯзгорон ва Рӯзи забони давлатӣ буд.

Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ЗАҲМАТИ УСТОДОНУ ОМӮЗГОРОН ҲАМЕША БАЛАНД АРЗЁБӢ МЕГАРДАД

ЗАҲМАТИ УСТОДОНУ ОМӮЗГОРОН ҲАМЕША БАЛАНД АРЗЁБӢ МЕГАРДАД

Ҳокимияти давлатӣ, Маориф ва илм
НАВРАСОНУ ҶАВОНОНИ СОҲИБИЛМУ ДОРОИ КАСБУ ҲУНАРҲОИ МУОСИРРО БА КАМОЛ РАСОНЕМ

НАВРАСОНУ ҶАВОНОНИ СОҲИБИЛМУ ДОРОИ КАСБУ ҲУНАРҲОИ МУОСИРРО БА КАМОЛ РАСОНЕМ

Ҳокимияти давлатӣ, Маориф ва илм
САТҲУ СИФАТИ ДОНИШАНДӮЗӢ ВА МАЪРИФАТИ ФАРЗАНДОНРО БЕҲТАР НАМОЕМ

САТҲУ СИФАТИ ДОНИШАНДӮЗӢ ВА МАЪРИФАТИ ФАРЗАНДОНРО БЕҲТАР НАМОЕМ

Ҳокимияти давлатӣ

Сифати таълим беҳбудӣ мехоҳад

Маориф ва илм, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Омӯзгор дар таълиму тарбияи насли ояндасози Ватан нақши арзанда дорад

Омӯзгор дар таълиму тарбияи насли ояндасози Ватан нақши арзанда дорад

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ