Дар як сатр
» » САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БА НОҲИЯИ ЁВОН

САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БА НОҲИЯИ ЁВОН

10-10-2019, 06:27

Субҳи 9 октябр сафари кории раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба ноҳияи Ёвон оғоз гардид.

Роҳбари вилоят нахуст аз рафти корҳои сохтмонӣ дар фермаи сохташудаистодаи чорводории гӯштии хоҷагии ёрирасони ҶДММ "Мармарӣ”, воқеъ дар деҳаи Даштободи Ҷамоати деҳоти "Обшорон” шинос гардид.

Ба раиси вилоят маълумот доданд, ки фермаи чорвои калони гӯштӣ барои нигоҳдории 3000 сар чорво пешбинӣ шудааст. Бинои мазкур ба маблағи 8,5 миллион доллари амрикоӣ аз ҷониби ҶДММ "Мармарӣ” сохта шуда истодааст. Фармоишгар ва пудратчии ин иншоот ҶДММ "Мармарӣ” мебошад.

Ҷамъияти мазкур барои пешбурди кори соҳа бо 750 гектар замин таъмин гардидааст.

Зикр шуд, ки дар ҳолати пурра ба фаъолият шурӯъ намудани ин ҷамъият 600-700 ҷойи корӣ муҳайё гардида, аз ин ҳисоб 20 нафар дар фермаи чорводории гӯштӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд гашт.

Масоҳати умумии сохтмони ферма 16 гектарро ташкил дода, дар навбати аввал моҳи марти соли 2020 бинои нигоҳдории чорво барои нигоҳдории 1000 сар ба кор андохта мешавад.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ҷиҳати сари вақт ва бо сифати баланд ба анҷом расидани сохтмони ферма ба масъулон дас-туру тавсияҳо дод.

Дар идомаи сафар раиси вилоят аз рафти корҳои сохтмонии бинои маъмурии ҲХДТ дар кӯчаи ба номи Тағоймурод Хушвахтови ноҳияи Ёвон боздид кард.

Бинои маъмурии дуошёнаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон бо маблағгузории аъзоён ва саҳми ҷонибдорони ҳизб сохта шуда истодааст. Маблағи умумии иншоот 380 ҳазор сомониро ташкил дода, то инҷониб ба маблағи 190 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ ба иҷро расонида шудааст.

Ба раиси вилоят маълумот доданд, ки бинои мазкур аз 5 утоқи корӣ, маҷлисгоҳ, ҳуҷраи бойгонӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат буда, то ҷашни 25-солагии таъсисёбии ҲХДТ бояд пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад.

Дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Ёвон раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода бо лоиҳаҳои ангоравии боғҳои Парчам ва Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайкали Исмоили Сомонӣ, бинои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бозори марказӣ ва Терминали ноҳия дар доираи ҷойгиршавии нақшаи генералии шаҳраки Ёвон дар назди ҳавлии бинои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия шинос шуд.

Раиси вилоят ба масъулони ноҳия ва ширкатҳои сохтмонӣ ҷиҳати бо сифати баланд ва дар муҳлати муайяншуда ба истифода супурдани иншоотҳои мазкур ва ороиши намои зоҳирии онҳо дас-туру супориш ва тавсияҳои судманд дод.

Пасон, Қурбон Ҳакимзода аз рафти корҳои сохтмонӣ дар пули барқароршудаистодаи мошингузар, воқеъ дар кӯчаи ба номи Р. Раҷабови Ҷамоати шаҳраки «Ёвон», дар шафати бозори марказии ноҳия, дидан намуд.

Қобили зикр аст, ки боришоти боронҳои бошиддат, жола ва омадани селу лойқа дар рӯзи 25 апрели соли 2014 ба якчанд иншооти ҳаётан муҳими ноҳияи Ёвон хисорот расонида, пули мошингарди кӯчаи ба номи Р. Раҷабови шаҳраки Ёвонро ба куллӣ аз байн  бурда буд. Дар ин мавзеъ гаштугузори нақлиёт ва пиёдагардон манъ гардида, ба сокинон ва меҳмонони ноҳия мушкилии ҷиддиро ба миён овард.

Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳми соҳибкорон соли 2016 барқарорсозии пули мазкур, ки тибқи лоиҳа бояд 23 миллион сомонӣ сарф шавад, оғоз гардида, айни ҳол идома дорад. Ба раиси вилоят гузориш доданд, ки то инҷониб дар иншооти мазкур 6,2 миллион сомонӣ аз буҷаи маҳал, 600 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби соҳибкорон маблағгузорӣ гардида, ба ҳамин андоза корҳои сохтмонӣ ба иҷро расонида шудаанд.

Иншооти мазкур дар нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил буда, барои сари вақт ба истифода додани он 16,2 миллион сомонӣ лозим аст.

Пас аз боздид аз корҳои сохтмонӣ дар пули мошингузар раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода якҷо бо вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Насим Олимзода дар маросими ифтитоҳи шуъбаҳои ҷарроҳии тоза, ҷарроҳии фасодӣ (барои калонсолон) ва ҷарроҳихона дар беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон ширкат варзиданд.

Барои таъмиру тармими комплекси нотамоми беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки аз ин ҳисоб бо харҷи 10,2 миллион сомонӣ шуъбаҳои ҷарроҳии тоза, ҷарроҳии фасодӣ (барои калонсолон) ва ҷарроҳихона сохта ва бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Маблағи сохтмон 9,4 миллион сомонӣ ва таҷҳизот 805 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Дар шуъбаҳои мазкур зиёда аз 50 ҳуҷра (аз ҷумла 4 ҳуҷра барои шахсони имтиёздор) ва 65 кат ҷойгир гардидааст. Се синфхонаи барои таҷрибаомӯзон пешбинӣ гардида, бо тахтаҳои электронӣ ва дигар ашёи таълимӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

Шуъбаҳо бо системаи марказонидашудаи гармидиҳӣ, системаи ҳушдордиҳанда аз сӯхтор ва камераҳои мушоҳидавӣ муҷаҳҳаз мебошанд.

Ҳамчунин, бинои нав дорои маҷлисгоҳ аст, ки барои 160 ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст.

Дар толори маҷлисгоҳ раиси вилоят бо табибон мулоқот ороста, аз кормандони соҳаи тиб даъват намуд, ки ба савганди худ ҳамеша содиқ бошанд ва ба халқи азизамон софдилона хизмат кунанд.

- Пешвои миллат, Президенти мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ки вориси Абӯалӣ ибни Сино будан танҳо доштани маълумоти олии тиббӣ ва пӯшидани хилъати сафед нест, балки идома додани афкору андеша ва маҳорати касбии ин чеҳраи нотакрори Шарқ мебошад, - зикр намуд Қурбон Ҳакимзода. – Итминон дорам, ки табибони мо ба нафъи ҷомеа ва солимии он минбаъд талоши бештар хоҳанд кард.

Раиси вилоят ба масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон дастур дод, ки ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 22 майи соли 2018, ба муносибати 30-солагии истиқлолияти давлатӣ то соли 2021 якҷо бо соҳибкорон бунёд ва таъмиру азнавсозии муассисаҳои тиббиро вусъат диҳанд.

 

Носирҷон Маъмурзода,

мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси

вилояти Хатлон



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛРО ИСТИҚБОЛИ САЗОВОР

Ҳокимияти давлатӣ

САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА НОҲИЯИ МУЪМИНОБОД ВА ШАҲРИ КӮЛОБ

Ҳокимияти давлатӣ

Ба соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳи бештар мебояд

Тандурустӣ ва экология

Ҳамадонӣ. Бунёди иншооти ҷашнӣ

Хабарҳо

Дар Вахш бунёди 17 иншоот пешбинӣ мешавад

Хабарҳо