Дар як сатр
» » Қ. Ҳакимзода: «ФАЛАК ДУРРИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТИ МОСТ»

Қ. Ҳакимзода: «ФАЛАК ДУРРИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТИ МОСТ»

10-10-2019, 06:23

Аз қадимулайём ниёкони мо эҳсоси шодиву нишот, ғаму андӯҳ, орзую омоли қалби хешро тавассути фалаксароӣ пиёда менамуданд. Фалаксароӣ дар мавзеъҳои кӯҳистону таҳдашт мавқеи хоса касб намуда буд. Инсоният дар ҳар давру замон ба розгӯю роздори хеш эҳтиёҷ дошт. Аз ин хотир ниёкони мо бештар ба воситаи фалак орзуҳои хешро ба гӯши ҳамагон мерасонданд. Рӯ ба фалак, яъне осмон оварда, месароиданд ва ормон мешикастанд.

Аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, ки мафҳуми фалак ифодагари осмон, кайҳон, сипеҳру афлок, гардиши рӯзгор, сарнавишт ва амсоли ин будааст. Боиси хушнудист, ки пас аз ҳазорсолаҳо бо ибтикори фарзанди фарзонаи миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2001-ум фалак мақоми давлатӣ гирифт ва пасон аз 10 октябр ҳамчун Рӯзи фалак таҷлил мегардад.

Рӯзи 8 октябри соли равон  дар Кохи фарҳанги ноҳияи Данғара ин сана бо тантана таҷлил гардид. Қабл аз оғози чорабинии бошукӯҳ бонувону ҳунармандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия маҳсули дастони хешро ба маърази тамошо ниҳоданд. Армуғонҳои зебо, чакану гулдӯзиҳои рангоранг, асбобҳои созӣ аз қабили думбра, таблак, най, дутору доира бори дигар аз ҳунари волои ниёкон дарак  медод. Дар гӯшаи дигар садои фалаксароёни хушовоз зери мусиқии хушнавоз ба қалбҳо сурур мебахшид.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Шоҳиён, раиси ноҳияи Данғара Раҳмон Исломиддин Хайриддин ва дигар меҳмонон аз ин намоишгоҳ дидан намуданд. Сипас, дар толори қасри тозабунёди фарҳанги ноҳияи Данғара чорабинии пуршукӯҳи вилоятӣ бахшида ба Рӯзи фалак оғоз гардид.

Сараввал раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҳозиринро ба Рӯзи фалак табрик гуфта, таъкид дошт, ки ҳамагон рӯзи 12 сентябри соли равон шоҳиди як рӯйдоди муҳими фарҳангӣ гардидем, ки бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қасри фарҳанги ноҳияи Данғара, ки бо тарҳи баланди санъати меъморӣ, бо истифода аз санъати гаҷкорӣ ва оинабандӣ сохта шудааст, мавриди истифода қарор гирифт.

Раиси вилоят зимни суханронӣ аз ҷумла ёдовар шуд: "Хушбахтона, гардиши айём ба сари халқи тоҷик фарзанди фарзона муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Пешвои миллат овард, ки  дар давраи роҳбарии ин сиёсатмадори нотакрор мо тавонистем анъанаҳои ниёкон, махсусан санъати асили миллии худро эҳё намоем”.

-Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2007-ум бо мақсади ҳифзи мероси бадеию фарҳангии халқ ва рушду такомули ҳунари фалаксароӣ ҳар сол 10-уми октябр Рӯзи фалак дар сар то сари кишвар ҷашн гирифта мешавад. Чуноне ки зимни ҷамъомад зикр гардид, санъати мусиқии халқи тоҷик таърихи бостонӣ ва рангину пурғановат дорад, ки имрӯз дар муҳити нави рушди санъат анъанаҳои беҳтарини он идома доранд ва бо тобишҳои тоза ҷаҳони маънавӣ ва завқи зебописандии муосиронро сайқали тоза мебахшанд.

Дар ин радиф фалак аз зумраи ганҷинаҳои бебаҳое мебошад, ки аз қаъри асрҳо то замони мо ҳамчун мусиқии классикии халқи фарҳангпарвару санъатдӯсти мо ба ёдгор мондааст.

Мусиқии фалак ҷузъи қавии фарҳангии тоҷикон ба шумор рафта, ҳамчун жанри мусиқии суннатӣ аз замонҳои хеле қадим вуҷуд дошт ва бо мурури замон такомул ёфта, хусусиятҳои тоза касб намудааст, зикр гардид дар ҷамъомад. Тавре ки таъкид рафт, фалак аз рӯйи эҷоди оҳангу сурудҳо ба чанд гурӯҳ ҷудо мешаваду аслан ду намуди онро имрӯз мутахассисон маъмул мешуморанд, ки ин фалаки роғӣ ва фалаки даштӣ аст. Раиси вилоят зимни суханронӣ ёдовар гардид, ки фалаки роғӣ фалакест, ки бо ҳамоҳангии асбобҳои мусиқӣ иҷро мешавад, аммо фалаки даштӣ бе истифодаи асбобҳои созӣ суруда мешавад. Айни замон дар  қатори онҳо имрӯз фалаки дарвозӣ, фалаки афғонӣ ва фалаки кӯҳистонӣ ҳам маъмул гаштаанд, яъне дар ҳар минтақа ин жанри мусиқӣ ба таври вижа тавлид ва иҷро мешудааст.

Танҳо фалаки кӯҳистониро муҳаққиқон марбути ҳама мардуми манотиқи кишвар медонанд.

Фалакхонӣ ҳунари мардумӣ буда, ба гӯшу ақлу ҳуши мардуми одӣ аз воқеияти замон, ҳаводиси рӯзгор маълумот медод, яъне хусусияти маърифатӣ дошт.

-Фалак дурри бебаҳои фарҳанги мардуми  мост.       Ҳамон дурре, ки  шояд  дар оғоз хеле содда менамояд, вале баъди таҳқиқ бебаҳо  будани он ҳувайдо мегардад, - таъкид дошт раиси вилоят зимни суханронӣ.

Тавре ки зикр гардид, истиқлолият ба арзишҳои мардумӣ, хосатан ба Шашмақому Фалак арҷгузорӣ намуд.

Бо супориши Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тибқи қарори раиси вилоят аз 10-уми марти соли 2004 дар назди Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ансамбли «Фалак» ташкил карда шуд, ки  имрӯз фаъолияти пурсамар дорад.

Пас аз суханронии раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода барномаи консертии ансамбли давлатии "Фалак”- и назди Кумитаи телевизион ва радиои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳунармандони вилояти Хатлон пешкаши иштирокдорони чорабинӣ гардонида шуд. Дар ин барнома шеъру оҳангҳои халқиву шоирони классику муосир Бедил, Шамси Табрезӣ, А. Ҷомӣ, Бадриддини Ҳилолӣ, Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ, Лоиқ Шералӣ, Лутфи Хамӯш, Авлиё Ҳусайн Мағмуми Дарвозӣ, Муллоёри Ванҷӣ, Хайрандеш ва дигарон аз ҷониби аҳли ҳунар бо як маҳорати хоса суруда шуд. Дар ҳақиқат садои рӯҳбахши ҳофизон Давлатманд Холов, Баҳриддин Беков, Шодмон Одинаев, Раҷабалӣ Ҳувалов, Сафовуддин Раҷабов, Сайҷамол Шоимов, Нурулло Холов, Бахтиёр Ҷӯрақулов, Рӯзибой Идиев,  Исмоил Назриев, Назриддин Неъматуллоев, Ҷовидон Нозимов, Матлуба Раҳимова, Сураҷ Муалимбошев, Ҳикмат Анваров, Ибодат Раҷабова, Раҳматулло ва Фирдавс Ҳошимовҳо, Фотима Машрабова, Лоиқ Холов ва дигарон ба қалбҳо нишоту сурур бахшиданд.

Лаҳзае аҳли толор зери садои рӯҳнавози  фалаксароён рӯ ба кӯҳҳои осмонбӯси Тоҷикистон, манзараҳои дилрабо, чашмасорону обшорони нуқрафом, табиати нотакрору чаманистони пургули ватан оварданд. Дар ҳақиқат тавассути фалак зебоиҳои табиати биҳиштии Тоҷикистони азиз, ободониву бунёдкориҳои ин сарзамини аҷдодӣ, ҷоннисориҳои фарзандони бонангу номусаш баҳри пойдории сулҳу ваҳдат бори дигар ҷилвагар гардид. Ин аст ҳунари халқ, зеро фалак тавассути аҷдодони мо аз қаъри асрҳо ба мо ҷовидона мерос мондааст ва ҳифзи он қарзи фарзандии наслҳои имрӯзу фардост.

А. Сафарова.

Аксбардор Рамазон Умаров


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ҷашни Наврӯзро сазовор истиқбол мегирем

Фарҳанг ва адабиёт
«Фалак ганҷинаи бебаҳои халқи мост»

«Фалак ганҷинаи бебаҳои халқи мост»

Ҳокимияти давлатӣ
Фалаки тоҷик 28-сола шуд

Фалаки тоҷик 28-сола шуд

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Давлатшоҳ ГУЛМАҲМАДЗОДА: «Шашмақом шоҳкории безаволи савту каломи миллии мо ...

Давлатшоҳ ГУЛМАҲМАДЗОДА: «Шашмақом шоҳкории безаволи савту каломи миллии мо ...

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Фарҳанг ва адабиёт, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Нашри «Санъати мусиқии Кӯлоб» бо се забон

Нашри «Санъати мусиқии Кӯлоб» бо се забон

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА