Дар як сатр
» » АЙНӢ ВА ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

АЙНӢ ВА ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

3-10-2019, 06:14

«Садриддин Айнӣ ифтихори халқи тоҷик ва тоҷикистониён мебошад».

Бобоҷон Ғафуров

Хизмати устод Айнӣ оид ба худшиносии миллӣ ва зинда гардонидани миллату забони тоҷикӣ хеле бузург аст. Яке аз  аввалин хизматҳои устод он аст, ки ӯ барои шинос намудан ва таблиғи халқи тоҷик ба ҷаҳониён асари безаволи худ "Намунаи адабиёти тоҷик”-ро навишт. Бо ин асари безавол ӯ аввалин бор мардуми таҳҷоии Осиёи Миёна-тоҷиконро ҳам ба маънои халқ ва ҳам ба маънои лафз ба адабиёт дохил намуд. Асари номбурда ҳамчун дирафше дар дасти миллати тоҷик барои соҳиби ҷумҳурии мустақил гардид. Дар ибтидои солҳои 20-ум пантуркистону хоинони миллат бар зидди миллату забони тоҷикӣ баромада, даъвои онро дош-танд, ки дар Осиёи Миёна тоҷик ном халқ вуҷуд надорад.

Устод Айнӣ бо асари ҷовидонаю мақолаҳои публисстииаш ба даҳони бадхоҳони миллату забон муҳри хомӯшӣ зад. Солҳои 1928-1929 устод бо мақолаҳои ҷавобиаш дар маҷаллаи "Роҳбари дониш” ва рӯзномаи "Овози тоҷик” баромад карда, халқи куҳанбунёд ва қадимӣ будани миллати тоҷикро таъкид намудааст. Ба ақидаи устод М. Турсунзода:

Адиб аз нав таваллуд шуд, ҷавон шуд,

Адиби дӯстдори тоҷикон шуд...

... Худи устод машъал шуд, алав шуд,

Чароғи мардуми дунёи нав шуд.

Устод Айнӣ пештару бештар аз ҳама тоҷикшиносу тоҷикпараст ва бузургтарин алломаи давр буд. Дар ҳама эҷодиёти эшон мавзӯи шиносонидани миллати тоҷик ва забони ӯ мавзӯи аввалиндараҷа ва асосӣ ба шумор мерафт. Устод аз рӯйи  миллати тоҷик парда бардошт ва овози тоҷикро ба мардум расонд. Айнӣ яке аз навовартарин ва гӯётарин эҷодкорон дар адабиёти садаи бистуми тоҷик ба шумор меравад. Заҳмату талошҳои бузурги устод  Айниро дар роҳи зинда гардонидани миллати тоҷик ва забони ӯ устод Лоиқ чунин васф кардааст:

Зи маснадҳою манзарҳо,

Зи ганҷи роҳи кишварҳо.

Зи авроқи баёзу ҳарфи нохонои дафтарҳо,

Зи сарҳое, ки бишкаста зи бори

фитрати сарҳо.

Ту ҷустӣ номи тоҷикон,

Муроду коми тоҷикон...

...Ту моро кофтӣ, устод,

Ту моро ёфтӣ, устод.

Аз  ин ба хулосае омадан мумкин аст, ки касе аз устод Айнӣ сарнавишти халқи тоҷик ва забони онро беҳтару хубтар нагуфтааст ва дар ин ҷодаи мушкил ҷонбозиҳо накардааст. Бе муболиға, Айнӣ барои миллати тоҷик алломаи замон буд. Хизматҳои бузурги устод Садриддин Айнӣ дар илми забоншиносии миллату забони тоҷикӣ дар давраи барҳаёт будани устод бо ордени "Байрақи сурхи меҳнат”, ордени Ленин ва дар даврони истиқлолият бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон қадрдонӣ шудаанд.

Ӯ академик ва аввалин Президенти  АИ Тоҷикистон буд. Халқи тоҷик ба устод Айнӣ номи пурифтихори Сардафтари адабиёти навини тоҷикро дода, бисёр шаҳру навоҳӣ, макотиби оливу миёна ба номи ӯ гузошта шудааст.

Ба ақидаи устод Лоиқ:

Умри Айнӣ аз барои халқ сарфи хома шуд,

Халқи моро дафтари Айнӣ

шаҳодатнома шуд.

 Шарифҷон Раҳимзода,

Узви ИЖТ


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Абдухолиқи Набавӣ: «Садриддин Айнӣ дуррест, ки ҳар бор ҷилои нав медиҳад»

Хабарҳо, Сиёсат

Босмачӣ ва ҲНИ

Хабарҳо
«СОҒАРИ САҲБО» БА ЧОП РАСИД

«СОҒАРИ САҲБО» БА ЧОП РАСИД

Фарҳанг ва адабиёт
Умри айнӣ аз барои халқ сарфи хома шуд

Умри айнӣ аз барои халқ сарфи хома шуд

Фарҳанг ва адабиёт
Фидоии забони модарӣ

Фидоии забони модарӣ

Фарҳанг ва адабиёт