Дар як сатр
» » ЭҲЁГАРИ ОРМОНҲОИ МИЛЛӢ

ЭҲЁГАРИ ОРМОНҲОИ МИЛЛӢ

3-10-2019, 06:12

Дар толори кохи "Ватан”-и шаҳри Бохтар ҳамоиши сиёсӣ-илмӣ-фарҳангӣ таҳти унвони  «Истиқлолияти давлатӣ-эҳёгари ормонҳои миллӣ»  бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар дар ҳамбастагӣ бо шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Бохтар ва Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав баргузор гардид.

Ҳамоишро муовини раиси шаҳри Бохтар Абдулназарзода Шоиста ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурарзиштарин дастоварди  давлату миллати тоҷик аст ва ифтихори мардуми меҳнатқарину сулҳпарвари мо гаштааст. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри дастгирии ҷавонон бисёр имкониятҳо барои таҳсил ва кору фаъолият дар соҳаҳои мухталиф фароҳам оварда шудааст, ки ин боиси қадршиносист.

Сардори ШВКД дар шаҳри Бохтар, полковники милитсия Набиҷон Исозода  ба сухан баромада, зикр намуд, ки ҳар  як фарди Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба хубӣ дарк менамояд, ки Истиқлолияти давлатӣ ин пешрафт,  тавонмандӣ, озодиву ободкорӣ ва бо як ҳисси баланди меҳанпарастӣ пос доштани хоку оби ин сарзамин аст. Дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ танҳо кадрҳои ҷавони босавод ва шахсиятҳои солимфикр метавонанд барои рушду нумӯи кишвари азизамон саҳмгузор бошанд ва арзишҳои миллии онро ҳифз намоянд. Вазифаи ҳар яки мо ин пешгирии  шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, мубориза бурдан алайҳи ҷинояту ҷинояткорӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ мебошад.

Роҳбари гурӯҳи ҷавонони "Авангард"(пешоҳанг) дар назди РВКД-и вилояти Хатлон Раҳимзода Меҳроҷ ба сухан баромада, иброз дошт, ки ҷавонон таҳти шиори «Мо нисбати тақдири имрӯзу фардои Тоҷикистони азиз бетараф нестем» фаъолият намуда, дар якҷоягӣ бо дигар қишрҳои ҷомеа саъю кӯшиши худро баҳри баланд бардоштани илму дониш ва маърифату ҷаҳонбинии хеш равона кардаем ва ифтихор аз кишвари соҳибтамаддун ва аҷдодии хеш дорем.

Дар рафти ҳамоиш чанд нафар аз омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва донишҷӯёни ин боргоҳи илм ба сухан баромада,  оид ба саҳми шоистаи Сарвари давлат, фарзанди барӯманди халқ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бунёди давлати навини тоҷикон, барқарорсозии сулҳу амният, иқдомҳои  созандагӣ   баҳри ояндаи дурахшони насли ҷавон, андешаронӣ намуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба чанд нафар аъзои гурӯҳи ҷавонони «Авангард» Сипоснома би сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии шаҳри Бохтар супорида шуд.

 

Офоқ Қодириён




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - НИШОНИ ПОЙДОРӢ ВА УСТУВОРИИ МИЛЛАТ

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - НИШОНИ ПОЙДОРӢ ВА УСТУВОРИИ МИЛЛАТ

Ҳаёти иҷтимоӣ
РАИСИ ВИЛОЯТ: «ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДАИ ҶАВОНОНРО ДАСТГИРӢ МЕНАМОЕМ»

РАИСИ ВИЛОЯТ: «ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДАИ ҶАВОНОНРО ДАСТГИРӢ МЕНАМОЕМ»

Ҳокимияти давлатӣ, Ҷавонон ва варзиш
Таҷлили рӯзи ваҳдати миллӣ дар маркази Хатлон

Таҷлили рӯзи ваҳдати миллӣ дар маркази Хатлон

Хабарҳо, КОМРОНИ БАХТИЁР

Амалҳои инсондӯстона дар шаҳри Бохтар

Хабарҳо
Ифтитоҳи Госпитали шуъбаи тиббии РВКД дар вилояти Хатлон

Ифтитоҳи Госпитали шуъбаи тиббии РВКД дар вилояти Хатлон

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА