Дар як сатр
» » ЗАҲМАТИ УСТОДОНУ ОМӮЗГОРОН ҲАМЕША БАЛАНД АРЗЁБӢ МЕГАРДАД

ЗАҲМАТИ УСТОДОНУ ОМӮЗГОРОН ҲАМЕША БАЛАНД АРЗЁБӢ МЕГАРДАД

3-10-2019, 06:09

ПАЁМИ ТАБРИКИИ

раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон

ба муносибати Иди касбии омӯзгорон

Устодон  ва  омӯзгорони гиро-миқадр!

Соли равон Иди касбии омӯзгорон ба якшанбеи якуми моҳи октябр (6 октябр) рост меояд. Сазовор ҷашн гирифтани санаи фархунда дар сатҳи вилоят ва маҳал барои ба фатҳи қуллаҳои нави меҳнатӣ, илмӣ, эҷодию касбӣ, омӯзгорӣ ва касбу ҳунарандӯзӣ ҳидоят намудани аҳли илму зиё, омӯзгорону мураббиён ва дигар алоқамандони соҳаҳои илму маорифи вилоят мусоидат хоҳад кард.

Лозим ба ёдоварист, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи илму маорифро яке  аз самтҳои афзалиятнок ва калидии сиёсати иҷтимоӣ ва таъмини рушди босуботи кишвар дониста, аз ин лиҳоз ба  рушд ва пешрафти он   пайваста таваҷҷуҳу ғамхориҳо карда, ба пешаи омӯзгорӣ арҷгузорӣ менамояд.

Аз ҷумла, дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2018 Пешвои муаззами миллат  аз  ҳамагон даъват ба амал оварда чунин гуфтаанд: «... Мо ба соҳаҳои илму маориф эътибори аввалиндараҷа дода, ислоҳотро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бомаром идома медиҳем ва мушкилоти мавҷударо давра ба давра бартараф мекунем. Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизмати шоиста кардаанд, идома медиҳем».

Дар ин росто, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷиҳати таъмини рушди соҳаҳои илму маориф дар вилоят чораҷӯиҳои ҳадафмандро роҳандозӣ карда, ба мақсади вусъат бахшидани раванди амалигардонии барномаҳои давлатӣ ва соҳавӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва донишандӯзии хонандагону касбомӯзии донишҷӯён, мустаҳкам намудани заминаҳои кадрӣ, моддӣ-таълимӣ ва техникии муассисаҳои таълимии ҳамаи намуди зинаҳои таҳсилот корҳои мушаххасро ба анҷом расонида, дар доираи имкониятҳои мавҷуда ҳамасола фароҳамсозии шароитҳои мусоиди кору зиндагӣ ва ҳавасмандсозии олимону  устодон, омӯзгорону мураббиён ва донишҷӯёну хонандагонро ба роҳ мондааст.

Дар ин раванд ҳамасола дар мадди аввал ба мукофотҳои давлатӣ пешбарӣ гардидани беҳтарин кормандони соҳаҳои илму маориф ва аҳли илму зиё дар вилоят,  муқаррар гардидани квотаҳои Президентӣ ва бурсияҳои таҳсил барои илму касбомӯзии наврасону ҷавонони лаёқатманд,  таъсису роҳандозӣ намудани  Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон дар соҳаи маориф, стипендияҳои номии президентӣ, раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорони ватанӣ ва маҳаллӣ ба олимону устодони эҷодкор, кормандони соҳаи маорифи вилоят, ки сазовори дараҷаи илмӣ гардидаанд, донишҷӯён  ва хонандагони аълохони муассисаҳои таълимии ҳамаи намуди зинаҳои таҳсилот, татбиқи имтиёзҳои муқарраргардида ба омӯзгорони ҷавон, дастгирии моддиву маънавии волидайн ва шахсони саховатпеша ба олимону устодони эҷодкор,  омӯзгорони варзида, хонандагону донишҷӯёни аълохон ва ғолибони ҳаракатҳои олимпии сатҳи байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳриву ноҳиявӣ, деҳотӣ ва таълимгоҳӣ, инчунин баргузор намудани озмунҳои навтаъсиси соҳавии вилоятӣ "Беҳтарин муассисаи таълимӣ”, "Беҳтарин муассисаи томактабӣ”, "Беҳтарин муассисаи  таҳсилоти иловагӣ ва интернетӣ”, "Беҳтарин маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо”, "Беҳтарин маркази технология ва коммуникатсия”, "Беҳтарин кабинети методӣ”, "Беҳтарин муаллими сол”, "Беҳтарин мураббии сол”, "Беҳтарин хонандаи сол” ва "Беҳтарин навовару ихтироъкори ҷавону навраси сол” феҳрасти нопурраи тадбирҳои болозикр мебошанд, ки ин аз таваҷҷуҳу дастгирии ҳамешагӣ ба рушди ин соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа ва ҳавасмандсозиву қадршиносии хизматҳои шоистаи алоқамандони он шаҳодат медиҳанд.

Натиҷаи ҳамин аст, ки сол аз сол дастовардҳои маорифчиёни вилоят афзуда, соли 2019 хонандагони болаёқати шаҳру ноҳияҳои вилоят дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ сазовори 255 ҷойи ифтихорӣ, аз ҷумла 51 медали тилло, 59 медали нуқра ва 145 медали биринҷӣ гардидаанд, ки нисбат ба соли 2018-ум 72 ҷой зиёд мебошад.

Боиси хушнудист, ки дар ҳафт соли охир дар вилоят 3 нафар хонандаи болаёқати муассисаҳои таълимии ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Муъминобод бо аттестати аълои равиявӣ ва медали тилло сарфароз гардиданд.

Аз шумораи 47093 нафар хатмкардагони синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят барои супоридани ИМД 39986 нафар (84,9 фоиз) аз қайд гузашта, дар маҷмӯъ 25565 нафар (54,3 фоиз) ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ дохил шуданд, ки ин нишондод нисбат ба соли 2018-ум 6,9 фоиз зиёд мебошад.

Соли ҷорӣ дар вилоят сатҳи нисбатан баланди дохилшавии хатмкардагони синфи 11 тавассути ИМД дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб (78,2 фоиз), Бохтар (75,3 фоиз), Муъминобод (71,4 фоиз), Данғара (71,2 фоиз), Левакант (71,0 фоиз), Шамсиддин Шоҳин (68,8 фоиз) ва Восеъ (66,4 фоиз) ташкил дод, ки ин аз меҳнату заҳмати назарраси роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва омӯзгорони фаннии шаҳру ноҳияҳои зикршуда дарак медиҳанд.

Ҳисоби миёнаи дохилшавии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят ба муассисаҳои таълимии касбии бонуфузи мамлакатҳои хориҷии кишвар бошад, ҳамасола беш аз 5 фоизро дарбар мегирад.

Баҳри рушди инфрасохтори соҳа низ чораҷӯиҳои ҳадафманд роҳандозӣ гардида, танҳо дар доираи амалигардонии Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021 ва берун аз он ба ҳолати 20 сентябри соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 84 адад иншооти соҳа, иборат аз 463 синфхона барои 10521 ҷойи нишаст дар як баст (21042 ҷойи нишаст дар 2 баст) мавриди истифода қарор дода шуданд.

Алҳол дар соҳаҳои илму маорифи вилоят наздик ба 50 ҳазор нафар олимону устодон, омӯзгорону мураббиён ва устоҳои таълимӣ-истеҳсолӣ ба таълиму тарбия ва касбомӯзии беш аз 830 ҳазор нафар донишҷӯёну хонандагон ва тарбиятгирандагон ғайратмандона машғули кору фаъолиятанд, ки онҳо бемуболиға неруи бузурги зеҳнӣ ва ақлонии вилоят мебошанд.

Аз ин рӯ, мо бо камоли боварӣ ба ақлу заковат, донишу маҳорат ва малакаҳои касбии устодону омӯзгорон, майлу рағбати ба дониш, илм ва касбомӯзӣ доштаи шогирдон, таваҷҷуҳу масъулиятшиносии падару модарон ва самимона ба мактабу маориф рӯ овардани ҳамдиёрон умед баста, саҳми назарраси шуморо дар рушду  нумуи ин кишвари биҳиштосо, алалхусус дастгирию ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандона ва расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат, баргузорӣ ва амалисозии чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва оммавию маърифатӣ қайд карда, бо истифода аз ин фурсати муносиб  алоқамандони соҳаро ба муносибати Иди касбии омӯзгорон табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон саломатию рӯзгори нек ва дар иҷрои вазифаи муқаддас, пурифтихор ва масъулиятноки омӯзгорӣ  комёбиҳои назаррас орзу менамоям.

 

Иди касбӣ муборак, омӯзгорони азиз!



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

НАВРАСОНУ ҶАВОНОНИ СОҲИБИЛМУ ДОРОИ КАСБУ ҲУНАРҲОИ МУОСИРРО БА КАМОЛ РАСОНЕМ

НАВРАСОНУ ҶАВОНОНИ СОҲИБИЛМУ ДОРОИ КАСБУ ҲУНАРҲОИ МУОСИРРО БА КАМОЛ РАСОНЕМ

Ҳокимияти давлатӣ, Маориф ва илм
САТҲУ СИФАТИ ДОНИШАНДӮЗӢ ВА МАЪРИФАТИ ФАРЗАНДОНРО БЕҲТАР НАМОЕМ

САТҲУ СИФАТИ ДОНИШАНДӮЗӢ ВА МАЪРИФАТИ ФАРЗАНДОНРО БЕҲТАР НАМОЕМ

Ҳокимияти давлатӣ
«Ҳамкориро бо мактаб тақвият бахшида, барои фарогирии хонандагон ба таҳсил  ...

«Ҳамкориро бо мактаб тақвият бахшида, барои фарогирии хонандагон ба таҳсил ...

Ҳокимияти давлатӣ
Сатҳу сифати таълиму тарбияро дар ҳамаи зинаҳо беҳтар кунем

Сатҳу сифати таълиму тарбияро дар ҳамаи зинаҳо беҳтар кунем

Ҳокимияти давлатӣ
Омӯзгор дар таълиму тарбияи насли ояндасози Ватан нақши арзанда дорад

Омӯзгор дар таълиму тарбияи насли ояндасози Ватан нақши арзанда дорад

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ