Дар як сатр
» » Ёрдамчиён беш аз 10 ҳазор тонна пахта ҷамъ оварданд

Ёрдамчиён беш аз 10 ҳазор тонна пахта ҷамъ оварданд

3-10-2019, 06:07

Рӯзи якшанбе гурӯҳи беш аз 1000-нафараи ёрдамчиён аз ҳисоби масъулину кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, ташкилоту муассисаҳо ва устодону омӯзгорони ДДБ ба номи Носири Хусрав ва табибон ба деҳқонони хоҷагии Файзалӣ Саидови ноҳияи Кӯшониён рафта, паҳлуи деҳқонон ба ҷамъоварии "тиллои сафед” машғул гардиданд.

Дар ҳақиқат саҳрои ғарқи ҳосил аз баракати дастони марди деҳқон шаҳодат медод. Тавре ки саркишоварзи хоҷагии номбурда Қодиралӣ Тоиров иброз дошт, кишоварзон дар майдони 3 ҳазору 100 гектар пахтаи навъи чинӣ кишт карда, парвариши қитъаҳои пахтазорро мувофиқи талаботи агротехникӣ гузаронида, обу ғизодиҳиро хуб ба роҳ монданд ва то имрӯз 5400 тонна пахта ҷамъ оварданд. Тибқи дурнамо заркорони хоҷагии Файзалӣ Саидов дар назди ҶСШК "Ресанда”-и шаҳри Бохтар бояд 7200 тонна пахта ҷамъ оваранд.

Заҳматкашони ноҳияи Кӯшониён дар майдони 11350 гектар кишти пунба гузаронида буданд. Тибқи дурнамо заркорон бояд 25 ҳазор тонна пахта ҷамъ оваранд. Майдонҳои ғарқи ҳосил дар Ҷамоати деҳоти "Бохтариён" имкон дод, ки ёрдамчиёни вилоят дар як рӯз беш аз 10 тонна "тиллои сафед” ҷамъ оваранд.

Кормандони соҳаи фарҳанг дар баробари ҷамъоварии пахта бо сурудҳои пурмазмуни хеш ба ҳашарчиёну деҳқонон неруи тоза бахшида,онҳоро ба фатҳи қуллаҳои нав ба нави меҳнатӣ роҳнамун сохтанд.

Ҳамагон зери суруди фалак ба ҷамъоварии "тиллои сафед” машғул гардиданд. Дар ҳақиқат неруи инсонӣ дар дастаҷамъист. Маҳз дастони муъҷи-заофари ҳазорҳо нафар намояндагони гӯшаву канори ҷумҳурӣ солҳои 30-юми асри гузашта водии Вахшро, ки туғайзору ҷойгоҳи ҳайвоноти ваҳшӣ буд, ба гулистон табдил дода, садҳо ҳазор гектар заминҳоро мавриди истифода қарор доданд ва имрӯз деҳқонони ин мавзеи ободу корам баҳри таъмини амнияти озуқавории мамлакат талош варзида, ба меҳнати нахустбунёдкорону ободгарони водии Вахш арҷ мегузоранд.

ВАХШОНА,

"Хатлон”



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР ҲАШАРИ ПАХТАЧИНӢ

ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР ҲАШАРИ ПАХТАЧИНӢ

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ

ДУРНАМО - 275,2 ҲАЗОР ТОННА ПАХТА

Хабарҳо

ПАХТАКОРОНИ ДАНҒАРА ПЕШСАФАНД

Хабарҳо

ДУРНАМОИ ПАХТА БЕШ АЗ 40% ИҶРО ШУД

Хабарҳо
Ҳашари пахтачинӣ бо ширкати зиёда аз се ҳазор нафар

Ҳашари пахтачинӣ бо ширкати зиёда аз се ҳазор нафар

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ